Синапаҳлӯ (форсӣ: سینهپهلو), пневмони́я (юн.-қад.
Пневмония | |
---|---|
Ихтисос | Пулмонология, инфектология |
МКБ-10 | J12., J13., J14., J15., J16., J17., J18., P23. |
---|---|
МКБ-9 | 480-486, 770.0 |
DiseasesDB | 10166 |
MedlinePlus | 000145 |
eMedicine | topic list |
MeSH | D011014 |
Пневмонияи одамро вирусҳо (вирусҳои грипп, аденовирусҳо, вирусҳои орнитозӣ), бактерияҳо (пневмококкҳо, стафилококкҳо ва ғайраҳо) меангезанд. Аз ҳад зиёд хунукхӯрӣ, назлаи роҳҳои болоии нафас, дарди дандон, сустшавии организм ва ғайра боиси авҷгирии пневмония мегарданд.
Пневмонияи шадид 3 хел мешавад: газаки пардаи шуш (плевройневмония), газаки бронхҳо (бропхонпевмония) ва пневмонияи вирусӣ. Ҳангоми газаки пардаи шуш ҳарораташ: то 39—40°С баланд шуда, сари сина дард мекунад ва бемор сахт месулфад. Дар вақти газа ки бронхҳо бошад, қисмҳои алоҳидаи шуш иллат меёбанд. Ҳарораташ то 38°С баланд мешавад ва бемор оҳиста — оҳиста месулфад.
Пневмонияи вирусӣ аксар дар вақти эпидемияи грипп мушоҳида мешавад. Ҳангоми он бофтаи пайвасткунандаи шуш иллат ёфта, боморӣ кашол меёбад. Плеврит, думмал, коллапс ва ғайра боди пневмонианд. Дар вақти пневмонияи музмин просессҳои газакгирии қисмҳои осебдидаи шуш дар ҳар сари вақт авҷ могирад.
Духтурони тоҷик барои табобати пневмонияи стафилококкии бачагон усули ба воситаи пӯст ба шуш фиристодани антибиотикҳоро васеъ истифода мебаранд. Табобати бачагоне, ки ба пневмонияи музмин гирифторанд, дар санаторияи «Тангаӣ» (райони Орҷоникидзеобод) гузаронида мешавад.
Ба беморхона хобонидани бемор; истоъмоли антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ; физиотерапия ва ғайра.
Нест кардани манбаи сироят, обутоб додани организм, пурра табобат кардани пневмонияи шадид ва ғайра.
Ба пневмания аксар ҳайвоноти ҷавон гирифтор мешаванд. Вай одатан дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук хурданн ҳайвонот, нафас кашидани моддаҳои муассир, бемориҳои сироятӣ ё инвазионӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Боди пневманияи ҳайвонот газаки фасоддор 6 қарасони (гангрена) шуш мебошад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Пневмония, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.