ошноӣ Бо Донишнома

Википе́дия (англ. Wikipedia) — донишномаест ҳамагонӣ ва озод; Бад-ин маънӣ, ки ҳама метавонанд ба навиштан ва вироиш навишторҳои мавҷуд дар он бипардозанд.

ошноӣ Бо Донишнома
Даргоҳи Википедия
«Википедия чизи вижае аст. Чизе монанди як китобхона ё парки ҳамагонӣ аст. Википедия ҳамонанди маъбаде барои зеҳн аст. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба онҷо биравем то биандешем, биёмӯзем, ва донишамонро ба иштирок бигузорем.»
Ҷимми Вэйлс, Бунёдгузори Википедия

Албатта ин навишторҳо ва вироишҳо бояд мутобиқ бо асосномаи Википедия бошанд; Яъне матолиб бетарафона ва бидуни поймол кардан ҳаққи нашри дигарон навишта шуда бошанд. Мудирияти баррасии навишторҳо тавассути худи корбарон анҷом мешавад. Касоне, ки дар амри такмил ин проекти бепоён мушорикат мекунанд, ба ҳамзбонони худ ёрӣ расондаанд то дар амр гирдоварии беҳамтотарин донишномаи ҷаҳони саҳмӣ дошта бошанд.

Донишнома Википедия ҳамзмон ба бисёре аз забонҳо навишта мешавад ва ҳамкорони он афроде аз саросар ҷаҳонанд ва ҳар касе метавонад ба рушди он кумак кунад. Ин донишнома аз замони таваллуд токунун рушди бисёр сареъе дошта ва бузургтарин вебгоҳи донишномаӣ бо беш аз 80 миллион боздидкунанда дар моҳ аст ва беш аз 90 000 корбари фаъол дорад, ки бар рӯйи беш аз 18 000 000 мақола ба 270 забон кор мекунанд. Дар Википедияи Тоҷикӣ то ин лаҳза 112 319 мақола вуҷуд дорад ва ҳар рӯз ҳазорон корбар аз ин донишнома боздид мекунанд.

Шакл ва ҳолати ҳамкории гурӯҳӣ, ки дар донишномаи Википедия эҷодшударо метавон бесобиқа донист. Усули ҳушмандонае, ки Википедия бар пояи онҳо бино шуда боис шудааст, ки ин маҷмӯа аз иттилоот бо пӯёии доимӣ ба сӯи такмил шудан ва такомул пеш биравад. Википедияро мешавад шабеҳии инсони бузург ва хирадманд дар назар гирифт, ки ҳуҷайраҳои пайкарааш аз миллионҳо инсони фаъол ташкил ёфтааст.

Ошноӣ бо Википедия ва викинависӣ

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

Tags:

ВикипедияДонишномаЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

КалимасозӣОсиёи ШарқӣБандакҳои хабарӣНоҳияи ЁвонБемории қандҲунарАвстралияАнварӣҚирғизистонАҳли КитобШоҳаншоҳии ҲахоманишӣҶазоОлмонҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣФизикаКамолуддин БиноӣАҳмад ибни Ҷаъфар Ҳаддоди МадоинӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонБемориҳои ҷигарНоҳияи АйнӣТоҷикон (китоб)ЭҳсосЯманМусоҳибаПайрав СулаймонӣСуръати рӯшноӣСаноӣИнтернетАдабИсломДонишномаЗоркӯлУзвҳои таносулМамнӯъгоҳи табиӣИсмоилияДонишСохти шумораҳоФутболТемуриёнВараҷаВаксинаРӯзноманигорӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонДастури забонНоҳияи РаштБемориҳои асабАфшонаРазмсозРагҳои хунНю-ЙоркСаҳифаи аслӣНизомулмулки ТӯсӣФарҷ (узв)Ноҳияи АштВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонФарҳанги забони тоҷикӣАдабиёти бадеӣDokuWikiУнсурулмаъолии КайковусНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонВола, АбдулҳақМавлоно Яъқуби ЧархӣГулҚарзВирусҳоҶигарАдвокатҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандИндонезияМаснавии маънавӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудГули садбаргАломатҳои китобатИстихора.catИммунитет🡆 More