Намо́з (ар.
Намоз бар асоси таълимоти ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулӯъгоҳи рӯҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.
Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонида, то аз роҳгузари он дар пешгоҳи Ӯ ҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст оваранд. Тарки он гуноҳи кабира (бузург) аст. Дар хабар аст, ки: «Ҳар касе хуб ва ба таври комил вузӯ гирад ва намозро бо хотири ҷамъ барпой дорад, рӯзи қиёмат гуноҳони сағира (хурд)-и гузаштааш бахшида мешаванд ва дохили биҳишт мегардад». Ҳамчунин омадааст, ки: «Намоз шоҳсутуни дин аст. Ҳар касе намозро накӯ барпой дорад, динро устувор ва пойдор намуда ва ҳар касе онро тарк намояд, динро барбод додааст».
Намоз бо худсозӣ ва ташаккули шахсияти фард ва пӯёӣ бахшидан ба неруи фикру андешаи намозгузор заминаҳои рушду некбахтӣ ва шукуфоии ҷомеаро бо тамоми маъно фароҳам меоварад, ба аҳли худ оромиши рӯҳӣ ва эътидоли равонӣ мебахшад, шахси намозгузорро аз тамоюл ба бебандуборӣ ва тардоманӣ (фаҳшо), ки падидаи фардӣ бо пайомадҳои иҷтимоӣ мебошад, бозмедорад ва ӯро аз содир намудани корҳои хориҷ аз меъёрҳои шаръӣ (мункар) ва бар зиёни мардум боз дорад:
Ло илаҳ бошад садаф гавҳар намоз,Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.
Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,
Қотили фаҳшову бағйу мункар аст.— Муҳаммад Иқбол
Хондани намоз ҷуз бар девонагон ва кӯдакон дигар бар ҳама лозим ва зарурист. Кӯдакон низ вақте ба синни ҳафтсолагӣ бирасанд, тибқи раҳнамудҳои Паёмбари Ислом (с), падару модарро мебояд онҳоро ба хондани намоз одат ва тарбият диҳанд ва вақте то синни даҳсолагӣ ба баргузории намоз пойбанд нагарданд, онҳоро танбеҳ намоянд.
Паёмбари Ислом (с) намозро рукни дуюм аз панҷ рукни бинои ислом гуфтааст. Бар ҳар мусулмони мукаллаф адои панҷ вақт намоз дар ҳар як шабонарӯз фарз аст, ки иборатанд аз:
Намозҳои суннати ҳаррӯзае, ки онҳоро суннатҳои муаккада мегӯянд, иборатанд аз:
Ғайр аз намози фарзии панҷвақта як қатор намози иловагӣ низ дар ислом расм шудааст: Намози истисқо (намозе, ки дар хушксолӣ мехонанд ва мурод аз он талабидани борон аст), намози шукрона (намозе, ки ба шукронаи ҳосил шудани муроде ва дафъ кардани таҳлукае мехонанд), намози қазо (намозе, ки пас аз гузаштани вақташ хонда мешавад), намози фитр (рӯзи иди Рамазон хонда мешавад), намози ҷаноза (намозе, ки пас аз ғусли мурда дар сари тобути ӯ хонда мешавад), намози ишроқ (намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пас аз баромадани офтоб мехонанд), намози таҳаҷҷуд (намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пеш аз субҳ мехонанд).
Барои дуруст гардидани намоз шартҳои зерин аз сӯи шаръ пешбинӣ шудаанд: 1) ҷойи пок, ҷомаи пок ва бадани пок, 2) сатр (пӯшидан)-и аврат, 3) истиқболи қибла (рӯ ба сӯйи қибла истодан), 4) ният — намозгузор бояд бо ният дохили намоз шавад ва аз оғоз то поёни он бидонад кадом намозро мехонад ва онро барои анҷоми фармони Худованди олам ба ҷо меоварад, 5) шинохтани вақт — ҳар намозеро дар вақти худаш адо намояд, 6) пок будан аз ҳадас (бетаҳоратӣ)-и хурд ва бузург, яъне аз бевузӯӣ ва аз ҷанобат.
Фарзҳои намоз, ки ба онҳо рукнҳои намоз низ гуфта мешавад, иборатанд аз:
Ба ҷой овардани фарзҳои мазкур барои намозгузор ҳатмӣ аст. Бинобар ин, агар яке аз онҳоро, хоҳ қасдан, ё аз рӯи фаромӯшӣ, тарк намояд, намозаш саҳеҳ набуда ва бояд онро аз сар бихонад. Тарк кардани фарз ба воситаи саҷдаи саҳв ҷуброн ва ислоҳ намешавад.
Тариқаи баргузории намоз ин аст, ки намозгузор ба вақти ният ангуштони бузурги дастонашро баробари гӯшҳояш бардошта ва дар ҳоле, ки дохили кафҳояш ба сӯйи қибла ҳастанд, такбири таҳрима — «Аллоҳ акбар» бигӯяд (занон ба ҳангоми такбири таҳрима дастонашонро то баробари шонаҳо, яъне китфҳояшон баланд мекунанд). Дасти росташро ба болои дасти чап қарор дода, ба зери ноф мениҳад ва сано мехонад, ки он чунин аст:
Занон кафи дастони росташонро болои кафи дастони чап қарор дода, бар синаи худ мениҳанд.
Саҷда бар чизҳое дуруст аст, ки пешонӣ дар онҳо қарор гирифта, дар сурати фишор додан поён нараванд. Намозгузор ҳангоми издиҳом метавонад бар пушти намозгузори дигаре, ки пеш аз ӯ қарор дорад, саҷда намояд, ба шарте ки ҳар ду дар ҳолати хондани як намоз бошанд.
Ракъати дуюм ҳам монанди ракъати аввал мебошад, бо ин тафовут, ки дар ракъати дуюм дастҳояшро баланд намекунад ва сано (дуо) ва «Аъузу биллоҳ» низ дар он вуҷуд надорад.
«Аттаҳийёту лиллоҳи ва-с-салавоту ва-т-таййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳи-с-солиҳина. Ашҳаду ан-ло илоҳа илла-л-лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ».
Бо ҷамоат барпо намудани намоз суннати муаккада аст. Дар намози ҷамоат яке аз намозгузорон (имом) дар пеши ҷамъият меистад ва дигарон дар сафҳои муназзам аз пушти ӯ бо якҷоягӣ намоз мехонанд. Шахси дар пеш истодаро имом ва намозгузорони пушти ӯро муқтадӣ — иқтидокунанда мегӯянд. Сазовортарини мардум барои имоматии ҷамоат донишмандтарини онҳо ба суннат ва аҳкоми дин аст. Агар дар миёни ҷамоат каси дигаре ҳам вуҷуд дошта бошад, ки аз нигоҳи илми суннат бо ӯ баробар бошад, дар он сурат касе, ки қироати беҳтар дорад, шоистатар мебошад ва агар аз ин назар ҳам бо ҳам баробар бошанд, касе ки таво (худотарсӣ)-и бештаре дорад, имом хоҳад шуд ва агар аз ҷиҳати худотарсӣ низ бо ҳам баробар бошанд, он гоҳ калонсолтарашон сазовори имомат хоҳад буд. Агар дар синну сол ҳам баробар бошанд, пас хушахлоқтари онҳо ба имоматӣ шоистатар мебошад. Сипас шахсоне, ки қиёфа ва шаклашон беҳтаранд, бар дигарон муқаддам ҳастанд. Баъд касоне, ки аз лиҳози аслу насаб бошарофат мебошанд, муқаддам ҳастанд. Он гоҳ касоне, ки овози хубу беҳтаре доранд, пас аз он касоне, ки аз лиҳози вазъи либос покизапӯш ва пойбандтаранд, барои имоматӣ муқаддам бар дигарон мебошанд. Агар дар тамоми ин сифатҳо ҳама бо якдигар баробар бошанд, пас ихтиёр дар дасти худи намозгузорон аст. Ҳар касеро, ки аксарияти онҳо таъйин намоянд, имоми ҷамоат ҳамон кас хоҳад шуд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Намоз, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.