Ноҳияи Турсунзода яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.
Ноҳияи Турсунзода | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ |
Марказ: | Турсунзода |
Замони таъсис : | 19 январи соли 1935 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 1175,4 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 9 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 320,2 ҳаз. кас |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | FA |
ISO-намоя : | TJ.RR.FA |
Пешшумора : | +992 3130 |
Нишонии почта : | 737450 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 07РТ |
Ин ноҳия 19 январи соли 1935 бо номи ноҳияи Регар таъсис ёфта аст. Соли 1978 барои ёдбуди Мирзо Турсунзода ноҳияи Турсунзода номида шуд. Маркази ин ноҳия - шаҳри Турсунзода - 60 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Ноҳияи Турсунзода бо сарзамине 1175,4 км² дар водии Ҳисор воқеъ аст. Дар шимол ва шарқ бо ноҳияи Шаҳринав ва дар ҷануб ва ғарб бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳаммарз аст.
Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 195,0 ҳаз. тан бошанда доштааст. Мардуми ноҳияи Турсунзода ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 | 2022 |
---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) | 210,6 | ↗214,9 | ↗238,9 | ↗243,1 | ↗298,5 |
Ноҳияи Турсунзода 1 шаҳр - Турсунзода ва 9 ҷамоат дорад: Гарав, Қаратоғ, Киров, Навобод, Пахтаобод, Якуми май, Работ, Сешанбе, Чапаев.
Ҷамоатҳои ноҳияи Турсунзода | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Турсунзода, шаҳр | 55700 | ||||||||||
Регар | 19080 | ||||||||||
Қаратоғ | 37948 | ||||||||||
10-солагии Истиқлолият | 29492 | ||||||||||
Навобод | 36979 | ||||||||||
Пахтаобод | 9690 | ||||||||||
Турсун Тӯйчиев | 23911 | ||||||||||
Работ | 13053 | ||||||||||
Сешанбе | 15197 | ||||||||||
Ҷӯра Раҳмонов | 33405 |
Сарвари ноҳияи Турсунзода Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Турсунзода дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр». Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон воқеъ буд.
Вожаи «Регар»-ро ба се калимаю ибораи исми хос: «Регарддарё», «Корхонаи рехтагарӣ» ва «Масҷиди Ҳоҷа Орифи Ревгарӣ» мансуб донистан мумкин аст. Соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Худмуҳтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ноҳияи Қарато ва баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ноҳияи Шаҳринав ташкил ёфт. 19 январи соли 1935 ноҳияи Шаҳринав ба ду ноҳия: Шаҳринав ва Регар тақсим шуд ва маркази ноҳияи нав шаҳраки Регар (Ҳисори Поён, дар 3 км самти арбии шаҳри ҳозираи Турсунзода) интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1936 ноҳияи Регар ба 2 ноҳия: Регар ва Пахтаобод ҷудо шуд (сарҳади ноҳияҳо дарёи Ширкент буд). 19 январи соли 1940 маркази ноҳия аз шаҳраки Регар ба истгоҳи қатораи «Регар» (ҷойи ҳозираи шаҳр) кӯчонида шуд ва 7 декабри соли 1952 бо қарори Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба маркази ноҳия – Регар мақоми шаҳрро доданд. 7 августи соли 1959 ноҳияи Пахтобод ва ҷамоати деҳоти Қаратои ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Регар ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба ифтихори шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода 6 декабри соли 1979 ноҳияи Регар номи шаҳри Турсунзодаро гирифт.
Ноҳия ба истеҳсоли пахта, ғалладона, шоликорӣ ва боғу токпарварӣ машғул аст. Дар соли 2016 111,9 гектар токзор ва боғ бунёд шудааст. Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо сарвари Ҳоҷи Камол соҳиби ҳашт адад сардхонаи замонавӣ буда дар онҳо то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Хоҷагии деҳқонии “Ватан” бо сарвари Ҳоҷи Неъмат соҳиби 18 гектар замин аст. Баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ ба парвариши маҳсулот ворид гардида токзори нав бунёд шуд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Ноҳияи Турсунзода, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.