Балғам

Балғáм (лот.

Ҳангоми бемориҳои гуногуни узвҳои нафас ҷудо шуда, дар вақти сурфидан хориҷ мегардад. Миқдори балғам аз чанд мл (ҳангоми бронхит ва пневмония) то 1–2 л (ҳангоми бемориҳои фасодноки шуш, бронхоэктаз) мешавад. Ихроҷи балғам ба фаъолияти бронхҳо ва мавқеи ҷисми бемор вобаста аст (масалан, ихроҷи балғам ҳангоми ба паҳлуи солим дароз кашидани бемор зиёд мешавад).

Ранг ва бӯи балғам

Балғам, одатан, бебӯй аст, вале ҳангоми пӯсиш дар шуш хеле бадбӯй мегардад. Ҳолату ранги балғам ба таркиби он вобаста аст. Балғам моеъ, часпак ва ғализ мешавад. Балғамҳои луобӣ, зардобӣ, фасодӣ, луобию фасодӣ, зардобию фасодӣ ва хунӣ ҳам мавҷуданд. Балғами луобӣ беранг, шаффоф, часпак буда, дар давраҳои аввали бронхит, газаки шуш, диққи нафас мушоҳида мегардад. Балғами зардобӣ моеи шаффоф ва кафкдор аст; ҳангоми обварами шуш ҷудо мешавад. Балғами фасоднок кабудча буда, дар шуш ҳангоми пӯсиш тавлид меёбад. Балғами хунин каме хун дошта, ҳангоми бемориҳои гуногуни шушу дил ихроҷ мешавад.

 Пайдарҳамӣ ва хусусияти балғам

Балғам 
Балғам

Дар балғам унсурҳои ҳуҷайравии хун, ҳуҷайраҳои омос, торҳои эластикӣ, содатаринҳо (масалан, амёба), кирмҳо (эхинококк, кирминаи аскаридаҳо), занбӯруғҳо, бактерияҳои гуногун ва ғайра вуҷуд дошта метавонанд.

Балғам манбаи бисёр бемориҳои сироятист. Барои пешгирии чунин бемориҳо ба рӯйи фаршу роҳ туф кардан ё ба кафи даст сурфидан мумкин нест, зеро бактерияҳои балғам ҳангоми дастфишурӣ ба каси дигар мегузаранд ё дар чизҳои дастрасида (пул, дастаки дар, мошин ва ғайра) боқӣ мемонанд. Дар вақти сурфидан даҳонро бо рӯймолча ё пушти дасти чап пӯшондан лозим аст. Бемороне, ки балғам ҷудо мекунанд, бояд ба туфдони махсуси сарпӯшдор туф кунанд; пас аз сурфидан фурӯ бурдани балғам зарар дорад. Балғами туфдонро қаблан ба маҳлули гандзудо (хлоргексид, хлорамин) безарар гардонида, сипас ба канализатсия мерезанд. Туфдони холиро дар маҳлули сода ҷӯшонда, безарар мекунанд. Барои таҳқиқи лаборатории балғам онро дар зарфи тоза ҷамъ меоранд (маҳлули гандзудо намерезанд).

Пешгирӣ

Баъд аз балғампартоӣ даҳонро обгардон кардан лозим аст. Ҳангоми бемориҳои сироятие, ки ихроҷи балғам яке аз аломатҳои онҳост, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ хеле зарур мебошад. Балғам барои ташхиси бисёр бемориҳо (хусусан, амрози узвҳои нафаскашӣ) аҳаммияти зиёд дорад. Ҳангоми пайдо шудани сурфаи балғамдор фаврӣ ба духтур муроҷиат бояд кард.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Расулов У. Р. Атипическая бронхиальная астма. Д., 2000;
  • Расулов У. Р. Избранные вопросы терапии. Д., 2006;
  • Расулов У. Р. Возможности раннего прогнозирования факторов высокого риска развития бронхиальной астмы. Д., 2008.

Сарчашма

Tags:

Балғам Ранг ва бӯи балғамБалғам  Пайдарҳамӣ ва хусусияти балғамБалғам ПешгирӣБалғам ЭзоҳБалғам АдабиётБалғам СарчашмаБалғамБеморБеморӣЗабони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Сотим УлуғзодаҲабиб ЮсуфӣБемориҳои сироятӣСуғуртакунӣИттиҳоди АврупоВаколатномаСаноӣҚобусномаЗабоншиносӣДулонаҒунчаҳои захмӣҲуқуқГардиши моддаҳо дар табиатТақсимоти маъмурии ТоҷикистонПарчами ТоҷикистонТарбияи ҳуқуқӣДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣЗардолуШаҳрҳои ТоҷикистонСаттор ТурсунМеваАлифбои овонигории байналмилалӣАлифбои тоҷикӣИдеологияВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонСанҷидСоли 1888Варзиши сабукАдабиёти бадеӣМисрЗабони лотинӣНишони ТоҷикистонАпрелИбни СиноФисоғурисИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗардуштиёнГулрухсор СафиеваВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонАвестоСиёсатКитоб872Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонИдрокКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКамоли ХуҷандӣЭнергияҶӯрабек НазриевМушаки компютерДавлати соҳибихтиёрФалсафаҲизби халқии демократии ТоҷикистонШоҳаншоҳии АшконӣИсломДекабрБаёнот (санади ҳуқуқӣ)Аттори НишопурӣБемориҳои гӯшАдабиёти кӯдакЧаканХоқонии ШервонӣТақсими кори байналмилалӣМеҳраки НӯшзодИттилоотЗабони инглисӣДастури забонВоситаҳои нақлиётШуурТарбияи ҷисмонӣНеъмат ҚаробоевЭронКислотаи дезоксирибонуклеатВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонЮрий ГагаринАбулмаъолӣ Насруллоҳи Муншӣ🡆 More