Бемориҳои Гӯш

Бемориҳои гӯш — ҳар навъ беморӣ ва ё ихтилолоте, ки бар гӯши инсон таъсир мегузорад.

Гӯши одам аз се қисм (қисми берунӣ, миёна ва дарунӣ) иборат ёфтааст. Қисмати берунии гӯшро суфраи гӯш ва роҳи шунавоӣ ташкил медиҳанд, ки бо пардаи гӯш ӯатм мегардад. Қисми берунии гӯш садоҳоро дарёфт карда, ба қисмати миёнаи гӯш ирсол мекунад. Қисмати миёна аз таҷвифи пардагӣ ташкил гардида, дар миёни шикофии устухони чакка ва пардаи гӯш воқеъ гардидааст. Кори ин қисмати гӯш гузаронидани садо ба ҳисоб меравад. Қисмати дарунии гӯш аз системи мураккаби ҷӯякчаҳо, ки онро «улитка» меноманд, дар дохили устухони чакка ташкил гардидааст. Дохили ҷӯякчаҳо (улитка) бо моеъ пур кардашуда, бо торҳои мӯйчадори махсус кошта шудааст, ки онҳо лаппишҳои механикиро ба импулсҳои асабӣ табдил медиҳанд. Ин импулсҳо бошанд дар навбати худ ба василаи асаби шунавоӣ ба қисатҳои зарурии мағзи сар ирсол мегарданд. Ташаккулёбӣ ва вазоифи қисматҳои гӯш аз ҳамдигар фарқи зиёде дорад. Дардҳои илтиҳобии ҳар се қисмат низ ҳар кадом ба таври худ мегузаранд. Бинобар ин дар илми тиб дардҳои илтиҳобии гӯшро ба се намуд: отити берунӣ, отити миёна ва отитӣ дарунӣ тақсимбандӣ намудаанд.

  • Отити дарунӣ ё лабиринтит гуфта илтиҳоби қисмати даруниии гӯшро меноманд. Отити дарунӣ бемории бисёр хатарнок буда, хушбахтона чандон зиёд ба назар намерасад. Ин навъи беморӣ наметавонад мустақим пайдо шавад. Дар бештари маврид сабаби пайдошавии он, ё отити кӯҳнашуда ё отити сахт ва ё дигар бемории сироятии вазнин (монанди сил) ба шумор мераванд. Яке аз сабабҳои паҳнгардидаи дигари пайдоиши ин беморӣ, илтиҳоби роҳҳои болоии нафаскашӣ монанди грипп ва сармохӯрдагӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷароҳат низ метавонад яке аз сабабҳои ба вуқӯъ омадани ин беморӣ гардад. Сироят ҳангоми отити дарунӣ ба қисмати дарунии гӯш (улитка) бо роҳҳои гуногун ворид мегардид. Тариқи қисмати миёнаи гӯш (ҳангоми илтҳоби зардобӣ), тариқи пардаҳои мағзӣ (ҳангоми минингит) ва тариқи хун (ҳангоми сироятҳои гуногун). Ин навъи беморӣ табиати вирусӣ ё бактериявӣ дорад.

Аломатҳои асосии отити дарунӣ аз инҳо иборат мебошанд: чархзадани сар, садо дар гӯшҳо, дарди гӯшҳо ва кам гаштани қобилияти шунавоӣ. Дар мавриди чарх задани сар, ин аломат метавонад нишонаи бемориҳои зиёде бошад. Дар ҳолати отити дарунӣ чарх задани сар баъди 1 — 2 ҳафта аз гузаронидани сирояти бактериявӣ пайдо мешавад. Дар ин муддат микроорганизмҳои сироятӣ бо ҷараёни хун ба ковокии қисмати дарунии гӯш ворид мегарданд ва инкишофи илтиҳобиро ба вуҷуд меоранд. Бояд қайд кард, ки чарх задани сар метавонад бо дилбеҳузурӣ ва партофтан ҳамроҳ бошад. Одатан чарх задани сар дар зарфи чанд рӯз ё ҳафта мегузарад. Аммо агар ҳаракатҳои тунди бо сар ҷой дошта бошанд, сарчарзанӣ метавонад дубора домангири бемор гардад. Ғайр аз аломатҳои асосӣ инчунин дигар аломатҳо низ дар беморони отити дарунӣ дида мешаванд. Монанди баланд гардидани ҳарорат, паридани чашм ва кам гардидани нерӯи шунавоӣ. Дар ҳолати ҷараёни мусоиди беморӣ, моеи илтиҳобӣ (экссудат) худ аз худ ҷафида мешавад. Дар ҳолати акс дар қисати дарунии гӯш зардоб ғун гардида, бемор метавонад пурра нерӯи шунавоияшро аз даст диҳад.

Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои номбаршуда ва шикояти бемор, таҳқиқоти клиникии хун гузаронида мешавад. Инчунин барои муайян намудани сабабҳои асосии сарчархзанӣ тестҳои махсус гузаронида мешаванд. Агар духтур натавонад бо ин амалҳо сабаби сарчархзаниро муайян намояд, он гоҳ таҳқиқотҳои зерин гузаронида мешаванд: *электронистагмография — ин таҳқиқот ҳаракати мардумаки чашмро назорат мекунад. Чун сарчархзание, ки сабабаш отити дарунӣ ба шумор меравад, ҳаракати мардумаки чашм низ як шакли муайянеро дорад;

  • МРТ ва томографияи компютерӣ — барои таҳқиқи мағзи сар; таҳқиқи нерӯи шунавоӣ — ин тарзи таҳқиқ барои муайян намудани халалҳо дар нерӯи шунавоӣ гузаронида мешавад;
  • тест -ҷавоб — таҳқиқоти мазкур қисматҳои шунавоии риштаҳои мағзи сарро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, то аз фаъолияти асаби шунавоӣ, ки аз қисмати дарунии гӯш ба сӯи мағзи сар кашида шудааст, огоҳӣ пайдо кунад;
  • аудометрия — тибқи ин таҳқиқот дараҷаи шунавоии инсон муайян мегардад.

Дар бештари мавридҳо аломатҳои отити қисмати дарунии гӯш худ ба худ мегузаранд. Дар ҳолатҳое, ки сабаби ин беморӣ сирояти бактериявӣ мебошад ба бемор табобати доругиро таъйин мекунанд. Дар ҳолати сирояти вирусӣ антибиотикҳо таъйин карда намешаванд. Бояд қайд намуд, ки табобати доругии отити дарунӣ, ба табобати бемории Менер сахт шабоҳат дорад. Ба беморон намуди зерини доруҳо таъйин карда мешаванд:

  • доруҳои зиддиқайкунӣ — ин навъи доруҳо барои бартараф кардани аломатҳои сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ равона гардиаанд;
  • стероидҳо — барои боздоштани ҷараёни илтиҳобӣ таъйин мегарданд; *доруҳои седативӣ — барои кам кардани дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва ҷараёноти номатлуби дигар;
  • скополамин — маводи доругии махсус, ки дар пушти гӯш васл мегардад, истифода менамоянд. Ин навъи дору низ барои аз миён бурдани дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бо вуҷуди ин, на ҳама вақт муяссар мегардад, ки аломати сарчархзанӣ пурра бартараф гардад. Ин ҳолат бештар ҳангоми илтиҳоби бактериалӣ ба назар мерасад. Аммо бо гузаштани вақт, сарчархзанӣ пурра мегузарад ва дигар беморро азият намедиҳад. Ҳангоми натиҷа надодани табобати консервативии отити дарунӣ, ба бемор амали ҷарроҳӣ таъйин карда мешавад. Амали ҷарроҳӣ бештар ҳангоми зардобгирии лабиринтит бо вазнинии дохили майна таъйин мегардад.

Дар шуъбаи ЛОР и Бемористони Ибни Сино отити даруниро ба тезӣ муайян карда, бо муваффақият табобат мекунанд. Шуъбаи ЛОР и бемористон бо тамои таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ба хотири дастрасии хидматрасониҳои муосири тиббӣ ба қишрҳои бештари аҳолии кишвар, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» таъсис дода шудааст. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, ба маротиб хароҷоти худро кам кунед.

Эзоҳ

Tags:

БеморӣГӯш

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

БаскетболMicrosoft WordШаҳрҳои ТоҷикистонГармшавии ҷаҳонӣВикипедияНавзодҶинсҳои кӯҳии магматикӣАнтарктидаСиғаҳои феълНерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2ОриёӣЗебоишиносӣРустамАдабиёти тоҷикАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонТаърихТобистонЗабонҳои ҷаҳонИқтисоди ТоҷикистонСаразмМадрасаи ОйимҲунарИсломMediaWikiБаёния (забоншиносӣ)Хилофати АббосиёнСиғаи амрӣАлифбои тоҷикӣБадоеъу-с-саноеъ (Шоҳин)Куруши БузургДилшод НазаровСомонРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонРақобатҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонНомаҶигарИдеология19 декабрШахси ҳуқуқӣМизоҷ (равоншиносӣ)Созмони Паймони Амнияти ДастаҷамъӣУқёнуси ҲиндБонкБаёнот (санади ҳуқуқӣ)Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонХусрави ДеҳлавӣГардиши хунБедонаҲусайн Воизи КошифӣАҳолии Қазоқистон23 декабрНоҳияи Шамсиддин ШоҳинСурхчаГулрафтор ШаҳобоваНомҳои Худо дар исломМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоСуннатНигора ХоловаТабхолВаксинаХонии ХеваСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонДавлати ҒазнавиёнОморIPv6ЛаҳистонУқёнуси ОромМуҷассамаи Исмоили СомонӣБемориҳои асабАвруосиёРомани ҒуломонЗабони арабӣИтолиё🡆 More