Уқёнуси Ором: Уқёнус

Уқёнуси Ором — уқёнуси бузургтарину паҳнотарини рӯи Замин ба шумор меравад.

Он аз Арктика дар шимол то ба Антарктида дар ҷануб тӯл кашида, аз ғарб бо Осиёву Австралия ва аз шарқ бо қитъаи Амрико маҳдуд аст. Масоҳати он бо баҳрҳо ба 178,6 млн км², ҳаҷмаш ба 710 млн км³ ва умқи миёнааш ба 3980 метр баробар аст. Умқи чуқуртаринаш новаи Марианна буда, ба 11 034 метр баробар аст. Номи ин уқёнусро баҳрнаварди шинохтаи Португалӣ Фернандо Магеллан гузоштааст. Ӯ ҳангоми сафари худ дар ин укёнус, ки бе ягон офат анҷом пазируфтааст, ба он "Ором" ном мегузорад.

Уқёнуси Ором
?
Уқёнуси Ором: Уқёнус
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳрҳои уқёнуси Ором: дар соҳилҳои Осиё - Беринг, Охота, Ҷопон,Ҷопони дарунӣ, Шарқи Хитой, Зард, Филиппин; дар миёни ҷазираҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ - Ҷануби Хитой, Ҷава, Сулавеси, Сулу, Флорес, Бали, Саву, Банда, Серам, Ҳалмаҳера, Молукка; дар соҳили Австралия - Марҷон, Фиҷи, Тасман, Гвинеяи Нав, Сулаймон ва дар соҳили Антарктида Амундсен, Беллинсгаузен, Росс, Сомов, Дюрвил (инҳоро баъзан ба Уқёнуси Ҷанубӣ нисбат медиҳанд) мебошанд. Дар соҳилҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ баҳр нест, аммо халиҷҳои калон мавҷуданд: Аляска, Калифорния, Панама.

Аз рӯи миқдор ( тақрибан 10 ҳаз.) ва масоҳати умумии ҷазираҳо (тақрибан 3,6 млн км²) уқёнуси Ором дар байни уқёнусҳо ҷои якумро мегирад. Дар қисми шимолӣ ҷазираҳои Алеут; дар қисми ғарбӣ — Курил, Сахалин, Ҷопон, Филиппин, Зонди Калон ва Хурд, Гвинеяи нав, Тасмания; дар маркази он боз шумораи бисёри ҷазираҳои майда мавҷуданд.

Геология


Уқёнусҳо
Атлантик | Ҳинд | Яхбастаи шимолӣ | Ором | Ҷанубӣ

Tags:

АвстралияАмрикоАнтарктидаАрктикаОсиёПортугалӣУқёнусФернандо Магеллан

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АфриқоМир Сайид Алии ҲамадонӣМисрСифати нисбӣҶумҳурият (рӯзнома)Убайди ЗоконӣРақобатМошинсозӣСаломатӣНоҳияҳои ТоҷикистонНонБолта ОртиқовБемориҳои сироятӣСозҳои мусиқии миллӣНоҳияи ТурсунзодаНерӯгоҳи барқи обии РоғунКӯлҳои ТоҷикистонДавлати СомониёнМикологияЗарфи монандӣКонститутсияи ТоҷикистонҚирғизистонФалсафаСоли 2020АксизИсломШабакаи компютерӣАсри биринҷӣАтмосфераи ЗаминC++ОсиёИскандари МақдунӣСотим УлуғзодаНоҳияи РаштНерӯгоҳи барқи обии НоракҲулбукШоҳаншоҳии КушонӣДӯстГунҷишкБонкАбулқосим ЛоҳутӣАсппарварӣИқтисоди ҷаҳонӣКуруши БузургБемории қандЗаминБарномаи зиддивирусӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентМирзо ТурсунзодаИсмҳои мураккабЗарфи миқдору дараҷаВиҷдонВилояти СуғдФарҳангДарсМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидФарҳанги луғатСадонокҳоИбора (дастури забон)Хилофати УмавиёнҶонишинҳои муштаракБулбулХабар (дастури забон)ПойтахтБеморӣҲол (забоншиносӣ)Соли НавТабиатТрансформаторБоғи миллии ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонИслом дар ТоҷикистонТундгароӣАлгебраБритониёҚуръон🡆 More