Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон) — муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон
Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон
Номи аслӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Номи байналмилалӣ англ. Academy of Sciences of Tajikistan
Номҳои пешина Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тоҷикистонии АИ ИҶШС (1932—1941) → Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941—1951) → Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951—1991) → Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991—2020)
Соли таъсис 1951
Президент Қобилҷон Хушвахтзода (аз 2024)
Академикҳо 37
Аъзои вобаста 62
Макон Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Тоҷикистон: Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33
Сайт anrt.tj
Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он академик Сергей Олденбург таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника, зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.

Соли 1940 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бо институтҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт табдил дода шуд. Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро академик Евгений Павловский роҳбарӣ менамуд, ки ӯ дар барқарор ва пешрафти илм дар Тоҷикистон хидматҳои зиёде кардааст.

Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарварӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шуъбаи пахтапарварӣ, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иқтисодиёт.

Ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 3 академики ифтихорӣ Алекасандр Несмеянов, Евгений Павловский, Қаниш Сатбоев, 11 академик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иван Антипов-Каратаев, Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Семён Плешко, Александр Семёнов, Николай Смолский, Сороҷон Юсуфова, Ҳикмат Юлдошев, Александр Якубовский ва 14 аъзои вобаста дохил шуданд.

Сохтор

Дар сохтори академия 3 кафедра ва 20 институти илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуданд:

  • шуъбаи илмҳои физикаву риёзиёт, химия, геология ва техникӣ (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова);
  • Муассисаҳои илмии шуъба:
  • Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав;
  • шуъбаи илмҳои тиб (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ);
  • шуъбаи илмҳои биология (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Абдусаттор Саидов);
  • шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (ноиби президент — раиси шуъба, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз).

инчунин филиали Помир (шомили 2 институт), маркази илмии Хуҷанд, маркази илмии Хатлон ва як чанде дигар муассисахои илмӣ, нашриёти «Дониш», Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ.

Президентҳои академия

Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон 
Садриддин Айнӣ, нахустин президенти Академиям фанҳои РСС Тоҷикистон

Нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ (1951—1954), интихоб гардид. Сипас дар солҳои мухталиф донишмандони маъруф Султон Умаров (1954—1964), Муҳаммад Осимӣ (1965—1988), Собит Неъматуллоев (1988—1995), Ӯлмас Мирсаидов (1995—2005), Мамадшо Илолов (2005—2013) ва Фарҳод Раҳимӣ (2013—2024) президентҳои Академия буданд.

Аз таърихи 16 январи 2024 токунун президентии акадамияро Қобилҷон Хушвахтзода бар уҳда дорад.

Ислоҳоти академия

Бо мақсади беҳинасозии фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ 16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон қарореро дар мавриди ислоҳоти сохторӣ ва идории Академия илмҳои ҷумҳури тасвиб кард. Бар асос ин тасмим,

  • Институти геология ва Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо ба Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд;
  • Институти гиёҳшиносӣ ва Институти физиология ва генетикаи рустанӣ — ба Институти гиёҳшиносӣ, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Институти давлат ва ҳуқуқ ва Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинов — ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Институти демография ва Институти иқтисодиёт — ба Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ — ба Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Рӯдакӣ АИ ҶТ.

Вазъияти кунунии Академия

Соли 2015 ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 16 муассисаи илмӣ буд, ки дар онҳо 2 ҳазор нафар кор мекарданд. Дар соли 2014 Академия 4,5 миллион сомонӣ фоида ба даст овард.

Узвият

Мақолаҳои асосӣ: Аъзои пайвастаи АМИТ, Аъзои вобастаи АМИТ, Аъзои хориҷии АМИТ ва Профессорони АМИТ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раёсати АМИТ шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳоро муқаррар мекунад.

Вазифаи аслии аъзои АМИТ ғанисози илм бо дастовардҳои ҷадид аст. Аъзои АМИТ барои якъумра тавассути Анҷумани умуми академия интихоб мешаванд. Донишмандоне, ки илмро бо осори боаҳамияти илмӣ ғанӣ кардаанд ба унвони аъзои павастаи АМИТ интихоб мешаванд. Аъзои вобаста донишмандоне мунтахаб ҳастанд, ки илмро бо осори илмии барҷаста ғино бахшидаанд. Фақат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд академик ва аъзои вобастаи АМИТ шаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои саҳми бузург дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии АМИТ интихоб карда шаванд. Донишмандони барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар омодасозии олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мақоми аъзои хориҷии АМИТ-ро касб кунанд.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ТаърихАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон СохторАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Президентҳои академияАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Ислоҳоти академияАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Вазъияти кунунии АкадемияАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон УзвиятАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ЭзоҳАкадемияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ПайвандҳоАкадемияи Миллии Илмҳои ТоҷикистонДушанбеТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонШоҳаншоҳии ҲахоманишӣЗарфи миқдору дараҷаУқёнусшиносӣИбораи рехтаРозия ОзодСаҳеҳи БухорӣИсломЧаканАдабиёти тоҷик дар садаи ХХБадахшонПешояндДавлати СомониёнИскандаркӯлЁддоштҳо (Айнӣ)Забони арабӣТаърихДубайНоҳияи РаштБарномаи таълимӣБемориҳои рӯҳӣАдабиётЧилахон ХоловИсмҳои воқеӣ ва мафҳумНизомии ГанҷавӣҶопонИнсонҲайзҲафт муъҷизаи оламЗабонхатСохти таркибии пешояндҳоСолҳоШакли идораи давлатРӯдакӣВолейболҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонМуҷассамаи Исмоили СомонӣЧашмКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонРусияСайф Раҳимзоди АфардӣАҳолии ӮзбекистонВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонРақобатБуҷети давлатӣГандумАвестоБаробарҳуқуқии зану мардҶумҳурии Мардумии ЧинРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи ЁвонГумрукСиғаи амрӣХусрави ДеҳлавӣМеваҲуқуқвайронкунӣСохти шумораҳоЛантаноидҳоФунксияҳои тригонометрӣМеъёри ҳуқуқКонодоКаёниёнАсри биринҷӣБахилӣРоғунКатибаи БесутунНусратулло МахсумПанҷакентКитоби МуқаддасВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонДин дар ТоҷикистонЭшони НуриддинҷонДарахтЗарфи тарзи иҷрои амал🡆 More