Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ (форсӣ: مولانا حسین واعظ کاشفی‎; 1461, Сабзавор, устони Хуросони Разавӣ — 1504, Ҳирот) — ориф, ахтаршинос, ҳаким, нависанда, шоир, забоншинос, адабиётшинос ва муфассири форс-тоҷик

Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Таърихи таваллуд: 1461
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1504
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, ахтаршинос, риёзидон
Забони осор: форсӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Ҳусайн Воизи Кошифӣ Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

Номи Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар радифи машҳуртарин чеҳраҳои илму адаби форсии садаи ХV чун Ҷомӣ, Котибии Нишопурӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Исмати Бухороӣ ва дигарон русух доштааст. Мақоми ӯ махсусан дар воизиву тарғибгарии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шоистаи таваҷҷуҳ ва ангуштнамои барозандаи ҳамагон гардидааст. Камолиддин Ҳусайн Воиз ибни Алӣ тақрибан дар соли 1420 дар ноҳияи Байҳақи Сабзавор ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирифта, дар Машҳад такмили илм кардааст. Вай дар ҳунари иншонависӣ, илмҳои шаръ, тафсиру ҳадис, адабиёт, таърих, ахлоқ, ҳисоб, нуҷум, кимиё ва ғайра устоди комил буд. Дар ин бора Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» менависад: «Воиз дар илми нуҷум ва иншо бемисли замони худ буд ва дар соири улум низ даъвобарорӣ менамуд. Бо овози хушу савти дилкаш ба амри вазъу насиҳат мепардохт…». Суханвар ҳанӯз дар овони ҷавонӣ баъди фаро гирифтани улуми расмӣ воизиро ихтиёр намуд ва солҳои 1455—1468 чун воизи касбӣ дар Нишопуру Машҳад умр ба сар бурд. Баъдан ба Ҳирот рафта, то манзил сохтан дар олами охират муқими ин шаҳр буд. Мавлоно Ҳусайн бо Ҷомиву Навоӣ анису ҳамнишин буд. Бино бар ин, Ҳусайн ба хотири дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву отифати ҳамкорӣ ду тафсири худ «Мавоҳибун алия» ё «Тафсири Ҳусайнӣ» ва «Ҷавоҳир-ут-тафсир», ки онро «Тафсири заҳровайн» низ мегӯянд, ба номи Алишери Навоӣ бахшидааст. Иртиҳоли ӯ чунон ки Хондамир зикр намудааст, ба соли 1505 (910-уми ҳиҷрӣ) дар Ҳирот иттифоқ афтодааст

Мероси адабӣ

Мероси адабиву илмии Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ домани фарох ва паҳнои бепоён дорад. Андар миёни ин осори боарзиш фанҳои мухталиф: Ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва дигарро, ки ададу номгӯи онҳоро Маликушшуаро Баҳор дар асари хеш «Сабкшиносӣ» зиёда аз чил асари ҷудогона шуморидааст, фаро мегирад. Машҳуртарин асарҳои Ҳусайн Воиз инҳоянд:

    1. «Тафсири Ҳусайнӣ».
    2. «Футувватномаи султонӣ».
    3. «Тафсири заҳровайн».
    4. «Рисолаи Ҳотамия».
    5. «Бадоеъ-ул-афкор».
    6. "Лубби лубоби «Маснавӣ».
    7. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ».
    8. «Анвори Суҳайлӣ».
    9. «Мувоҳиб-уз-зуҳал».
    10. «Лавомеъ-ул-қамар».
    11. «Махзан-ул-иншо».
    12. «Саъбаи Кошифӣ».
    13. «Кашф-ул-асрор».
    14. «Лавомеъ-уш-шамс».

Мавлоно Ҳусайн аз муфассирони маъруфи форсу тоҷик буда, бо ду тафсири хеш шуҳрат дорад: «Тафсири заҳровайн» ва «Тафсири Ҳусайнӣ». Ҳар ду асар аз тафосири форсӣ чун намунаи беҳтарини насри фаннӣ шинохта шудаанд. Ҳусайн Воиз чун донандаи хуби илми бадеъ асари «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеи-л-ашъор»-ро навиштааст. Ин асар азмуқаддима, 2 боб ва хотима иборат буда, аз саноеи бадеӣ ва нақли шеър баҳс мекунад. Матни ин асар бо муқаддимаву феҳрасти истилоҳот соли 1977 дар Маскав ба чоп расидааст. «Махзан-ул-иншо» дар боби тарзҳои таълифи нома ва номанигорӣ буда, он ба сифати дастурамал ё худ сармашқ барои муншиёни дарбор навишта шуда, ҷамъбасти таҷрибаю дарёфтҳои дабирони даврони пешин ва анъанаҳои чандинас-

раи иншонигории адабиёти форсу тоҷикро дар бар мегирад. Дар «Махзан-ул-иншо» масъалаи чӣ гуна навиштани нома ва равияву усули дар ин ҷода мақбулу маъмул баён карда шуда, ибораҳою таъбирҳо, суханони қолабӣ ва порчаҳои манзуме, ки дар номаҳои расмӣ истеъмол мегардиданд, оварда шудаанд. Ҳусайн Воиз чанд осори мансуре дорад, ки дар рушди насри форсу тоҷик хидмати арзандаеро ба субут расонидаанд. Аз ҷумла, «Футувватномаи Султонӣ» боарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ ба вуҷуд омадааст. Асар аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, аз ҷиҳати дар бар гирифтарин асосҳои футувват ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғиботӣ дар таърихи адабиётамон ба ҳисоб меравад, зеро Ҳусайн Воиз дар тадқиқу баёни ин масъала ба тамоми ҷузъиёт аҳамият медиҳад. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воиз дар миёни осори пандуандарзӣ ва ахлоқии мардуми Аҷам аз машҳуртарин ва дилангезтарин асари халлоқонаи андарзиву ахлоқӣ мебошад. Ин асарро Ҳусайн Воизи Кошифӣ соли 1495 эҷод намуда, ба Абдуллоҳ Мӯҳсинмирзо — писари Ҳусайн Бойқаро бахшидааст. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дорои чиҳил боб буда, масъалаҳои гуногуни ахлоқро дар бар мегирад.

«Анвори Суҳайлӣ» таҳрири нави китоби «Калила ва Димна» аст, ки бо саъйи Кошифӣ анҷом пазируфтааст. Кошифӣ таҳрири матнро дар асоси «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ ба поён расонида, китоби худро ба вазири Ҳусайн Бойқаро — Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ бахшидааст. Кошифӣ боби аввалу сонии «Калила ва Димна»-ро ихтисор намуда, ба ҷои он ҳикоёти тоза ворид кард, адади пандомӯзи дохили бобҳоро аз 40 ба 100 расонид. Кошифӣ сабки маснӯи Абулмаолиро то андозае сода ва амсолу ашъори арабӣ, ибораҳои маснуъро аз асар хориҷ сохт, ҳикоёти парокандаи китоби ӯро мураттаб намуд. Ҳамчунин Мавлоно Ҳусайн ҷои порчаҳои манзум ва зарбулмасалу мақолҳои арабии он ашъори форсӣ ва ҳикмату мақолҳои форсӣ-тоҷикиро фаровон ба кор бурдааст, вале ҳанӯз ҳам он тобеи суханпардозӣ буда, сабки пуртакаллуф дар он ҷой дорад. Кошифӣ ба тасаввуф низ алоқа дошт. Ў «Маснавӣ»-и Мавлавиро ду бор мухтасар ва талхис намуда, бисёр масъалаҳои ваҳдати вуҷудро шарҳ додааст. Сабки нигориши Кошифӣ дар тамоми осораш асосан содаву равон ва рангин буда, гоҳе ба тасаннуъву такаллуф, ки дар ин асрҳо хеле вусъат пазируфта буд, роҳ додааст. Кошифӣ шеър низ гуфтааст. Маснавии ӯ «Зод-ул-мусофирин» аз масъалаҳои тасаввуф баҳс мекунад. Дар баъзе осори мансури вай пораҳои манзумаш низ ҷой доранд.

Эзоҳ

Адабёт

  • Насриддинов А. Куллиёти осор.Ҷ, 7. — Хуҷанд: Ношир, 2013. — С. 601

Tags:

Ҳусайн Воизи Кошифӣ ЗиндагиномаҲусайн Воизи Кошифӣ Мероси адабӣҲусайн Воизи Кошифӣ ЭзоҳҲусайн Воизи Кошифӣ АдабётҲусайн Воизи КошифӣАдабиётшиносАхтаршиносЗабони форсӣЗабоншиносМуфассирНависандаОрифСабзаворСоли 1461Соли 1504Устони Хуросони РазавӣШоирҲирот

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Зарфи замонСитораМучалЗабони англисӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикБадоеъу-л-вақоеъҶонишинҳои нафсӣЗарф (дастури забон)ВирусҳоБандак (забоншиносӣ)Пиряхҳои ТоҷикистонСироҷиддини ФозилМахфират ҲамроқуловаШӯриши ВосеъЁддоштҳо (Айнӣ)Бешаи палангонКорхонаФурӯпошии ИҶШС12 январСубҳон СаидовВикиАминокислотаҳоАбдуҷаббор АзизӣИттиҳоди АврупоБлогҶашни СадаЭраҷ МирзоДилЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣМушхорҚорӣ Раҳматуллоҳи ВозеҳОфтобИдрокНБО «Қайроққум»Камолуддин БиноӣНоҳияи ПанҷакентБританияи Кабир (мазмунҳо)Исм (дастури забон)Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсатНамозФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонАломатҳои роҳIPv6Ёдгориҳои табиатВладимир ЛенинМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲахоманишиёнФеҳристи баландтарин қуллаҳои ЗаминҶанги шаҳрвандӣОшобаДарсҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонМуҳаммади ШофеъӣМоҳиҳоАфғонистонДонишгоҳи миллии ТоҷикистонЗардуштТундгароӣФалсафаБаҳорЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадҚасри АрбобЧеҳраҳои мондагор (китоб)Ҷонишинҳои ишоратӣБобунаМир МафтунҲуқуқи интихоботии ғайрифаъолКамоли ХуҷандӣСаҳеҳи БухорӣГули хайрӣКароматуллоҳи МирзоҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»🡆 More