Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъс.

Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон. Нашрияи марказии ҳизб — «Минбари халқ».

Ҳизби хХалқии демократии Тоҷикистон
Пешво: Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузор: Эмомалӣ Раҳмон
Санаи асосгузорӣ: 10 декабр 1994
Қароргоҳ:
Маром: давлатгароӣ[d], иқтидоргароӣ, секулорисм, зидрӯҳонигарӣ[d] ва муҳофазакории миллӣ[d]
Сайт: tribun.tj/ru/
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ ба ҳайси муовинони Раиси ҲХДТ: Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якуми Раиси ҳизб, Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣ муовинони раис интихоб гардиданд.

Нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Э. Раҳмон дар Анҷуман сухан гуфта, таъкид намуд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Э. Раҳмон дар Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа — давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуд.

Идеология

Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Фаъолият

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро ҲХДТ дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

  • умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;
  • эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;
  • интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;
  • ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;
  • интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;
  • роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кӯчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Натиҷаҳои интихобот

Интихобот Раъй % Курсиҳо +/- Мавқеъ Ҳукумат
1995
5 / 181
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  13 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  2-юм Мухолифин
2000 64.5 %
36 / 63
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  31 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  1-ум Аксарияти ҳукумат
2005 1,666,909 64.5 %
49 / 63
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  13 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  1-ум Аксарияти ҳукумат
2010 2,321,436 71.0 %
55 / 63
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  6 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  1-ум Аксарияти ҳукумат
2015 2 472 262 62.5 %
51 / 63
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  4 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  1-ум Аксарияти ҳукумат

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳизб ҳамкориҳои дӯстонаро ба ҳизбҳои сиёсии зерин ба роҳ мондааст:

  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : «Русияи Воҳид»
  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : Ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан»
  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : Ҳизби «Озарбойҷони Нав»
  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : Ҳизби комунистии Хитой
  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : Ҳизби минтақа
  • Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон : Ҳизби ҷумҳуриявии Арманистон

Эзоҳ

Пайвандҳо

  • hamsafon.tj — вебгоҳи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Tags:

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ТаърихҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ИдеологияҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ФаъолиятҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон Натиҷаҳои интихоботҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамкориҳои байналмилалӣҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ЭзоҳҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ПайвандҳоҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон10 декабрМинбари халқСоли 1994Эмомалӣ РаҳмонҲизби сиёсӣҶумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

БоғдорӣДонишгоҳи миллии ТоҷикистонГумрукШоҳаншоҳии КушонӣОинномаМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонХати АвестоХалиҷи ФорсБоқӣ РаҳимзодаИтолиёЗанбӯруғДеваштичБозор СобирМоҳиҳоАл-ҚонунЛоиқ ШералӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли 2024Мизоҷ (равоншиносӣ)Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Дин дар ТоҷикистонУзвҳои таносулПулпитҚатарБомдод (намоз)Ассимилятсия (биология)ХунСаидзодаАминокислотаҳоПуркунандаПойтахтГули садбаргҲиссаҳои нутқБаҳорСадонокҳоАндоз аз даромади шахсони воқеӣЭронТоҷикон дар аҳди муғулҳоЗарфи маконСӯҳонБандак (забоншиносӣ)Бемории вабоЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикШибитАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонВилояти ХатлонВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонИттилоотАбдулҳақ БетобИсмҳои шахс ва ғайришахсВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонЛайлӣ ва МаҷнунЗабони англисӣХамсаи НизомӣАндоз аз молу мулки ғайриманқулАндоз аз арзиши иловашудаБеларусҲабиб ЮсуфӣЁддоштҳо (Айнӣ)Зарфи мақсадСистемаи шошаю таносулСӯхторИстихораШӯриши ВосеъHTMLАҳолии ТоҷикистонТаълимМикки МаусСотим УлуғзодаАбдурраҳмони ҶомӣИқтисоди ТоҷикистонМикологияВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқи гумрукӣКалимаҳои туфайлӣСурайё ҚосимоваАбумуслими Хуросонӣ🡆 More