Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Assembly of Representatives Маҷлиси намояндагон Majlisi namoyandagon | |
---|---|
Навъ | Lower house of the Supreme Assembly of Tajikistan |
Таърих | |
Таъсис | 26 September 1999 |
Фармонравоҳо | |
Chairman of the Assembly of Representatives | Shukurjon Zuhurov Since 16 March 2010 |
Сохт | |
Ҷойҳо | 63 members |
Гурӯҳҳои сиёсӣ | People's Democratic Party of Tajikistan (51) |
Интихобот | |
Интихоботи охири | 1 March 2015 |
Макони вохӯрӣ | |
Dushanbe | |
Сомона | |
parlament.tj |
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми аст. Маҷлиси намояндагон қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои ҶТ мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад. Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад:
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ" 27 феврали соли 2005 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ, 61 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон 209 номзад пешбарӣ гардид, ки 170 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мубориза бурданд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадди 5-фоизаро гузаштанд. 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, аз ҷумла аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - 3 , Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 2 ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 17 вакил ва аз ҳавзаи якмандатӣ 41 вакил интихоб гардид. Аз 63 вакил
Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 11 нафар ҳуқуқшинос, 12 нафар муҳандис, 7 нафар иқтисодчӣ, 3 нафар агроному зоотехник, 26 нафар омӯзгор, 1 нафар духтур, 1 нафар рӯзноманигор, 1 нафар китобшинос, 1 нафар мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар байтор фаъолият мекарданд. Аз онҳо 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 7 нафар доктори илм, 11 нафар номзади илм.
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 28 феврали соли 2010 баргузор гардид.
Ҳизбҳо | Овоз | % | Ҷой | |||
---|---|---|---|---|---|---|
Дар ҳавза | Феҳристи ҳизбӣ | Ҷамъ | +/– | |||
Ҳизби халқӣ-демократӣ | 65.4 | 35 | 16 | 51 | –4 | |
Ҳизби аграрии Тоҷикистон | 11.7 | 2 | 3 | 5 | +3 | |
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | 7.5 | 1 | 2 | 3 | +1 | |
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон | 5.5 | 0 | 1 | 1 | +1 | |
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон | 2.2 | 2 | 0 | 2 | 0 | |
Ҳизби демократии Тоҷикистон | 1.7 | 1 | 0 | 1 | +1 | |
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон | 1.6 | 0 | 0 | 0 | –2 | |
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон | 0.5 | 0 | 0 | 0 | 0 | |
Total | 100 | 41 | 22 | 63 | 0 | |
Registered voters/turnout | 87.7 | – | – | – | – | |
Source: Asia Plus, IPU |
1 марти соли 2015 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро - 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.
1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.
4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ - 35 нафар, ҲАТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲИИТ - 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.