Аҳолии Тоҷикистон

Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2022 9 млн 886 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз рӯи афзоиш дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон аз соли 1991 то аввали соли 2022 2,7% ташкил дод, дар ҳоле ки шумораи аҳолии сайёраи мо дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 1,5 % афзуд.

Дар маҷмӯаи раёсати омори Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки дар ин давра шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ду баробар (аз 584 ҳазор ба 1 миллиону 202 ҳазор), вилояти Хатлон – 94,3 % (аз 1 миллиону 817 ҳазор ба 3 миллиону 530 ҳазор), вилояти Суғд — 73 % (аз 1 миллиону 634 ҳазор то 2 миллиону 824 ҳазор), НТҶ — 81 % (аз 1 миллиону 158 ҳазор то 2 миллиону 101 ҳазор), ВМКБ — 36 % (аз 169 ҳазор то 230 ҳазор) афзоиш ёфтааст.

Зимнан, шумораи аҳолии ВМКБ дар солҳои 2004—2008 аз 209,5 ҳазор то 203,1 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Сукунат

Аҳолии Тоҷикистон 
Аҳолии Тоҷикистон: умумӣ (кабуд) ва деҳот (сурх) (1958-2005)

Таносуби аҳолии шаҳру деҳот дар натиҷаи тағйири ҳиссаи рушди саноат ва шаҳр­ниши­нӣ баҳо дода мешавад. То соли 1990 аҳолии шаҳрнишин 32% аҳолии кишварро ташкил медод. Баъди соли 1990 ин шумора коҳиш ёфта, соли 2020 он ба 26,2% расид. Ин падида пеш аз ҳама аз фаъолият мондани корхонаҳои бузурги саноатӣ ва муҳоҷирати сершумори аҳолии таҳҷоӣ, инчунин сатҳи ками таваллуд вобастагӣ дошт. Ҳоло роҳбарияти кишвар барномаи рушди саноат ва шарҳнишин кардани аҳолиро ба роҳ мондааст, ки дар оянда зиёдшавии аҳолии шаҳр­ро дар ҳиссаи аҳолии кишвар дар назар дорад. аҳолии деҳот мувофиқи барӯйхатгирии соли 2020 73,8% аҳолии кишварро ташкил медод. Ба ҳисоби миёна, аҳолии деҳот дар давоми сол 2–2,6% ва аҳолии шаҳр 1,8% зиёд шудааст. Ахиран, дар соли 2022 ҳиссаи аҳолии шаҳр 29 % ва аҳолии деҳот 71 % буд.

Воҳидҳои маъмурӣ 1989 1995 2000 2005 2010 2015 2020 (фарқият)
Душанбе 592,2 511,9 564,0 630,0 711,2 788,7 863,4 (+74,7)
Вилояти Суғд 1554,2 1740,8 1871,9 2015,8 2197,9 2455,5 2707,3 (+251,8)
Вилояти Хатлон 1697,4 1956,0 2145,2 2368,4 2618,3 2971,5 3348,3 (+376,8)
ВМКБ 160,9 188,0 206,2 206,8 204,8 214,3 228,9 (+14,6)
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1087,9 1237,1 1341,2 1497,9 1685,2 1922,0 2165,9 (+243.9)
Ҳамагӣ 5092,6 5633,8 6128,5 6718,9 7417,4 8352,0 9313,8 (+961,8)

Таркиби синнусолӣ ва ҷинсият

Аҳолии Тоҷикистон 
Пирамидаи синну сол ва ҷинсии Тоҷикистон дар соли 2020

Таносуби шумораи мардону занон нишондиҳандаи муҳимми иқтидори афзоиши такрории аҳолӣ мебошад. Шумораи занон нисбат ба 100 мард дар давоми солҳои 1990 то 2020 аз 101,1 то 97,2 зан коҳиш ёфт. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки коҳиши шумораи занон дар таносуб бо мардон ба муҳоҷирати берунии занон вобаста аст. Дар деҳот ба 100 зан 97,6 мард рост меояд. Ин метавонад ба афзоиши такрории аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Таносуб миёни шумораи умумии мардону занон соли 1990 – 50,7 мард ва 49,3 зан буд. Чунин тамоюл дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ ба назар мерасад.

Таносуби аҳолӣ аз ҷиҳати синну сол дар ҷумҳурӣ чунин аст: солҳои 1990 синни ҷавонони қобили меҳнат – 43,4 %; аҳолии қобили меҳнат – 49,0%; аҳолии синни калони қобили меҳнат – 7,6%. Ин нишондод дар соли 2020 мутаносибан чунин 34,3%; 59,8% ва 5,9% аст.

Омор ва дурнамо

Таркиб ва шумораи аҳолӣ аз шароити таърихӣ ва фаъолия­ти табиӣ инсонҳо сахт вобастагӣ дорад. То пошхӯрии ИҶ­ШС шароити ташаккули аҳолӣ дар Тоҷикистон бо ви­жа­ги­ҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиё­сӣ, анъанавӣ, фарҳангӣ-маишӣ ва ғайра фарқ мекард. Баъди аз байн рафтани Ит­тиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам­чун кишвари соҳибистиқлол, ташаккули муносибатҳои нави бозаргонӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиё­сӣ, афзоиши шумораи аҳолӣ низ тағйир ёфт. Агар дар давоми солҳои 1939–1959 суръати афзоиши солонаи аҳолии ҷум­ҳурӣ 1,5 % ва солҳои 1959–1989 ин шумора 3–4%-ро таш­кил медод, ин нишондод дар давоми сол­ҳои 1990–2020 дар сатҳи 2–2,4% коҳиш ёфт. Ба сабаби баланд будани захираҳои демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон), шумораи аҳолии Тоҷи­кистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол то сол паст меравад. Мувофиқи омори мутахассисони Институти демография ва иқти­содиёти АМИ Тоҷикистон, аҳолии мамлакат соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад.

Барӯйхатгирии аҳолӣ

Аҳолии Тоҷикистон 
Марди тоҷик (2005).
Аҳолии Тоҷикистон 
Зани тоҷик бо писараш.

Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол се дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989—2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст.

Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7 565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба соли 2000-ум 1 438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали соли 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд.

Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1 059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст.

Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.

26 майи соли 2018 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид.

Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020

Дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори севум барӯйхатгирии аҳолӣ сурат гирифт. Дар соли 2020 шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то 9 678 613 нафар афзудааст.

аз он ҷумла:

  • 9 678 613 — аҳолии умумӣ (2020), ки аз онҳо:
  • 4 757 443 — мардон (49,2%)
  • 4 921 170 — занон (50,8%)

Дар охири соли 2021 9.857.502 нафар шуд. Афзоиши табиии аҳолӣ мусбат буда, 244 312 нафарро ташкил дод. Дар тӯли тамоми сол тақрибан 299,267 кӯдак таваллуд шуд ва 54 956 нафар фавтиданд. Муҳоҷирати хориҷӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда, аҳолӣ бо сабабҳои муҳоҷират 28153 нафар кам шуд. Яъне, шумораи умумии одамоне, ки аз кишвар хориҷ мешаванд (эмигрантҳо) нисбат ба шумораи одамоне, ки бо мақсади будубоши дарозмуддат ба кишвар ворид мешаванд (иммигрантҳо) бартарӣ дошт.

Динамикаи тағирёбии аҳолӣ дар соли 2021

Дар зер коэффитсиенти тағирёбии аҳолии Тоҷикистон оварда шудааст, ки он барои соли 2021 ҳисоб карда шудааст:

Афзоиш: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 820 кӯдак (34,16 дар як соат) таваллуд шудааст

Марг: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 151 нафар (6,27 дар як соат) фавтиданд

Афзоиши аҳолии муҳоҷират: ба ҳисоби миёна -77 нафар дар як рӯз (-3,21 дар як соат)

Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 дар як рӯз 592 нафар буд.

Зичии аҳолӣ

Аҳолии Тоҷикистон 
Зичии аҳолии Тоҷикистон
Аҳолии Тоҷикистон 
Зичии аҳолии Тоҷикистон, нусхаи 2

Ҳудуди Тоҷикистон 141,4 ҳазор км² буда, 93% онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Соли 2020 зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 65,9 нафар, аз ҷумла, дар ВМКБ дар 1 км² 3,6 нафар, дар вилояти Суғд 107,4 нафар, дар вилояти Хатлон 135,6 нафар, дар шаҳри Душанбе 8464 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 76 нафарро ташкил медод. Тағйири зичии аҳолӣ ба таваллуд ва муҳо­ҷирати берунии аҳолӣ вобаста аст.

Ҳайати миллӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари гу­но­гунқавм аст. Тоҷикон асосан дар ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ зиндагӣ мекунанд.

Тағйироти назаррас дар таркиби қавмии аҳолии Тоҷи­кис­тон пас аз бозсозиҳои горбачёвӣ (ба туфайли муҳо­ҷи­рати озоди аҳолӣ ба кишварҳои аслии худ) ва пошхӯрии Ит­ти­ҳоди Шӯравӣ ба амал омад, ки натиҷаи он оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар То­ҷикистон гашт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи иҷтимоӣ-сиёсӣ таркиби қавмии аҳолӣ сахт тағйир ёфт.

Тибқи барӯйхатгирии соли 2010 дар кишвар тоҷикон — 90.4 фоиз ё 6173,8 ҳазор нафар, узбакҳо —  8% ё 645,3 ҳазор нафар (бо халқҳои туркҳои маҳаллии ба онҳо наздик — 12.4% ё 926344 ҳазор нафар) қирғизҳо — 08 % ё 60, 7 ҳазор нафар, русҳо — 0,5 % ё 34,8 ҳазор нафар, туркманҳо — 0,2 % ё 15,1 ҳазор нафар буданд.

Таркиби миллии Тоҷикистон аз соли 1926 то соли 2010.
Мардум 1926

% 1959

% 1989

% 2000

% 2010

%
дар умум 827083 100,00 % 1979897 100,00 % 5092603 100,00 % 6127493 100,00 % 7564502 100,00 %
тоҷикон 618954 74,84 % 1051164 53,09 % 3273420 64,27 % 5033382 82,14 % 6373834 90.4 %
*ӯзбекҳо 936703 13 % 645344 8 %
*лақайҳо 51001 0,83 % 65555 0,87 %
*қунғротҳо 15102 0,25 % 38078 0,50 %
*дурманҳо 3502 0,06 % 7608 0,10 %
*қатағанҳо 4888 0,08 % 7601 0,10 %
*барлосҳо 3743 0,06 % 5271 0,07 %
*юзҳо 1053 0,02 % 3798 0,05 %
*мингҳо 243 0,00 % 268 0,00 %
*кесамирҳо 13 0,00 % 156 0,00 %
*семизҳо 1 0,00 % 47 0,00 %
қирғизҳо 11410 1,38 % 25635 1,29 % 63832 1,25 % 65515 1,07 % 60715 0,80 %
русҳо 5638 0,68 % 262610 13,26 % 388481 7,63 % 68171 1,11 % 34838 0,46 %
туркманҳо 4148 0,50 % 7115 0,36 % 20487 0,40 % 20270 0,33 % 15171 0,20 %
тоторҳо 950 0,11 % 55046 2,78 % 72228 1,42 % 18949 0,31 % 6512 0,09 %
арабҳо 3260 0,39 % 1297 0,07 % 276 0,01 % 14450 0,24 % 4184 0,06 %
паштунҳо (афғонҳо) 666 0,08 % 532 0,03 % 2088 0,04 % 4702 0,08 % 3675 0,05 %
лӯлиҳо 186 0,02 % 1556 0,08 % 1791 0,04 % 4249 0,07 % 2334 0,03 %
туркҳо 4 0,00 % 53 0,00 % 768 0,02 % 672 0,01 % 1360 0,02 %
укроинҳо 1090 0,13 % 26921 1,36 % 41375 0,81 % 3787 0,06 % 1090 0,01 %
чиниҳо 3 0,00 % 38 0,00 % 58 0,00 % 24 0,00 % 801 0,01 %
кореягиҳо 2365 0,12 % 13431 0,26 % 1696 0,03 % 634 0,01 %
қазоқҳо 1636 0,20 % 12551 0,63 % 11376 0,22 % 936 0,02 % 595 0,01 %
эрониҳо 98 0,01 % 331 0,02 % 388 0,01 % 306 0,00 % 473 0,01 %
олмониҳо 60 0,01 % 32588 1,65 % 32671 0,64 % 1136 0,02 % 446 0,01 %
арманиҳо 171 0,02 % 2878 0,15 % 5651 0,11 % 995 0,02 % 434 0,01 %
осетинҳо 150 0,02 % 4514 0,23 % 7861 0,15 % 960 0,02 % 396 0,01 %
озарбойҷониҳо 801 0,10 % 1182 0,06 % 3556 0,07 % 798 0,01 % 371 0,00 %
уйғурҳо 2 0,00 % 402 0,02 % 566 0,01 % 379 0,01 % 276 0,00 %
ҳинду-покистониҳо 13 0,00 % 245 0,00 % 262 0,00 %
карелиҳо 23 0,00 % 29 0,00 % 7 0,00 % 166 0,00 %
молдовиҳо 3 0,00 % 345 0,02 % 879 0,02 % 341 0,01 % 157 0,00 %
бошқирдиҳо 170 0,02 % 3872 0,20 % 6821 0,13 % 872 0,01 % 143 0,00 %
белорусҳо 56 0,01 % 2793 0,14 % 7247 0,14 % 464 0,01 % 104 0,00 %
англисҳо 1 0,00 % 43 0,00 % 104 0,00 %
гурҷиҳо 28 0,00 % 620 0,03 % 976 0,02 % 161 0,00 % 92 0,00 %
амрикоиҳо 3 0,00 % 24 0,00 % 62 0,00 %
чувашҳо 21 0,00 % 1661 0,08 % 2512 0,05 % 195 0,00 % 47 0,00 %
мордваҳо 178 0,02 % 6746 0,34 % 5519 0,11 % 300 0,00 % 42 0,00 %
яҳудиён 275 0,03 % 12415 0,63 % 14580 0,29 % 197 0,00 % 36 0,00 %
*яҳудиён 9701 0,19 % 182 0,00 % 34 0,00 %
*яҳудиёни Осиёи Миёна 77 0,01 % 807 0,04 % 4879 0,10 % 15 0,00 % 2 0,00 %
лаҳистониҳо 65 0,01 % 681 0,03 % 716 0,01 % 74 0,00 % 23 0,00 %
булғорҳо 1274 0,06 % 1072 0,02 % 64 0,00 % 19 0,00 %
қрим-тоторҳо 1847 0,09 % 7214 0,14 % 138 0,00 % 18 0,00 %
дигарон 1433 0,19 % 4409 0,26 % 7876 0,15 % 1742 0,03 % 362 0,00 %
Ҳайати миллии аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон (тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010)
халқият Вилояти

мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Вилояти

Суғд

Вилояти

Хатлон

ш. Душанбе ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

шумора % шумора % шумора % шумора % шумора %
тоҷикон 194423 94,40 1876218 84,00 2189196 81,77 648760 89,50 1465237 90,04
узбекҳо 410 0,20 329614 8 346303 9 48661 6,71 201356 8
қирғизҳо 10949 5,32 12896 0,58 691 0,03 552 0,08 35627 2,07
русҳо 81 0,04 8890 0,40 3960 0,15 19061 2,63 2846 0,17
туркманҳо 3 0,00 157 0,01 14003 0,52 690 0,10 318 0,02
тоторҳо 8 0,00 2600 0,12 1123 0,04 1866 0,26 898 0,05
қазоқҳо 3 0,00 155 0,01 174 0,01 189 0,03 74 0,00
дигарон 72 0,03 3020 0,14 121801 4,55 5065 0,70 16552 0,96
ДАР УМУМ 205949 100,00 2233550 100,00 2677251 100,00 724844 100,00 1722908 100,00

Ақаллиятҳои миллӣ

То соли 1990 Тоҷикистон ҷумҳурии семиллат (тоҷикон-узбакҳо-русҳо) буд.

Ҳиссаи узбакҳо дар байни аҳолӣ аз 12 % то 8 % кам шуд; ҳиссаи қирғизҳо бетағйир монд — каме бештар аз 1 %. Дар баробари ин дар давраи байнисаршуморӣ шумора ва ҳиссаи тоҷикон хеле афзуд: соли 1989 — 3172,4 ҳазор нафар (62,3 %), соли 2010-ум — 4898,4 ҳазор нафар (90.4 %).

Моҳи апрели соли 2020 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаҳоро қабул кард, ки истифодаи пасвандҳои славяниро дар насаб ва номи падар манъ мекунад; танхо барои акаллиятҳои миллие, ки дар худуди ҷумҳурият зиндагӣ мекунанд, истисно карда мешавад, ки онҳо ҳангоми ба қайд гирифтани фарзандони навзоди худ кадом суффикси насаб ва номи падарро интихоб карда метавонанд.

Динамикаи аҳолӣ

Мақолаи асосӣ: Барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон (соли 2020)
195019511952195319541955195619571958
1 532 0001 577 0001 626 0001 678 0001 730 0001 783 0001 836 0001 891 0001 949 000
195919601961196219631964196519661967
1 981 0002 045 0002 120 0002 211 0002 300 0002 383 0002 469 0002 556 0002 633 000
196819691970197119721973197419751976
2 715 0002 807 0002 900 0002 983 0003 096 0003 191 0003 288 0003 392 0003 492 000
197719781979198019811982198319841985
3 598 0003 699 0003 801 0003 901 0004 007 0004 119 0004 239 0004 365 0004 499 000
198619871988198919901991199219931994
4 648 0004 807 0004 952 0005 109 0005 248 0005 358 0005 570 0005 571 0005 704 000
199519961997199819992000200120022003
5 786 0005 884 0005 970 0006 067 0006 188 0006 100 0006 200 0006 375 5006 506 500
200420052006200720082009201020112012
6 640 0006 780 4006 920 3007 063 8007 215 7007 373 8007 529 6007 616 0007 697 500
201320142015201620172018201920202021
7 839 0008 161 1008 576 9268 769 2218 742 8008 931 2009 126 6009 313 8009 716 800
2022
9 886 800

Аҳолии Тоҷикистон хеле вақт аст, ки бо суръати гуногун меафзояд: соли 1959 дар инҷо 1981 ҳаз. одам буд, дар солҳои 1989 — 5109 ҳаз. ва, бо фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, рушдро дар солҳои 1989-1999 давом дод, новобаста ба муҳоҷирати зиёди аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол). Сабаби асосии зиёдшавии аҳолӣ — афзоишии табии босуръат.

Дар байни солҳои 1989-2000, аҳолии танҳо шаҳрҳои калон, аз қабили пойтахт – Душанбе, дар натиҷаи ҳиҷрати аҳолии аввал русзабон ва баъдан тоҷику-ӯзбек кам шуданд. Аз вақти азбайнравии Иттиҳоди Шӯравӣ таркиби миллӣ ба тағйироти зиёд дучор шуд. Барои миллатҳои бумӣ афзоиши баланди табии хос аст, гарчанде ки нишондиҳандаҳои он дар давраи пасошӯравӣ поён рафт.

Пиртарин афрод аз Тоҷикистон

  • Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева таърихи таваллуди ӯ 5 январи соли 1897-ум қайд шудааст
  • Тоҷигул Қурбонова Дар шиносномаи Тоҷигул Қурбонова навишта шудааст, ки ӯ 8 марти соли 1900 таваллуд шудааст.

Харитаҳо

Эзоҳ

Tags:

Аҳолии Тоҷикистон СукунатАҳолии Тоҷикистон Таркиби синнусолӣ ва ҷинсиятАҳолии Тоҷикистон Омор ва дурнамоАҳолии Тоҷикистон Зичии аҳолӣАҳолии Тоҷикистон Ҳайати миллӣАҳолии Тоҷикистон Динамикаи аҳолӣАҳолии Тоҷикистон Пиртарин афрод аз ТоҷикистонАҳолии Тоҷикистон ХаритаҳоАҳолии Тоҷикистон ЭзоҳАҳолии ТоҷикистонТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ардашери БобаконПойгоҳи додаҳоНоҳияи РаштКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҶалол ИкромӣҶонишинҳои саволӣГули садбаргЧистонМастона ЭргашеваШоҳаншоҳии ҲахоманишӣХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарф (дастури забон)Интихобот дар ТоҷикистонАзонУқобКонститутсияи ТоҷикистонБарномаи компютерӣНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонКарбогидратҳоҲикояҳои хурд-хурдЗабонҳои ҷаҳонКабкДарёҳои ТоҷикистонГурбаИқтисоди ТоҷикистонИзомерияСтандарти байналмилалии рақамгузории китобАтомВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонУзвҳои таносули мардонаЗаминларзаТобистонТрансформаторОсиёи Ҷанубу ШарқӣТабГулназар КелдӣҲафт муъҷизаи оламЗардуштҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандПойтахтМеҳмет БоздагБемориҳои сироятӣОфтобҲуқуқи молиявӣОбИлмВарзиш ТВҶӯрабек НазриевБонки тиҷоратӣҲуқуқҳои инсонСироҷиддини ФозилБоқӣ РаҳимзодаМусоҳибаФазо-замонДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣIMEI.TJРоманИмперотурии УсмонӣИдеологияШумораСафедаҳоГули бобунаҲуқуқДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣСайёҳӣ дар ТоҷикистонБулбулТарбияи ҳуқуқӣИбораҳои феълӣИқболи ЛоҳурӣНоҳияи Кӯҳистони МасчоБадоеъу-с-саноеъ (Шоҳин)ИспурчҲизби халқии демократии ТоҷикистонМуҳаммадРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонМантиқ🡆 More