Тоҷикон Дар Аҳди Муғулҳо

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна - Халқи тоҷик дар давлати Чингизиён.

Истилои муғул. Хоҷагии Осиёи Миёна дар замони ҳукмронии Муғулҳо. Ҳуҷуми ӯрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна.

Давлати Ҳоразмшоҳӣ дар солҳои бистуми асри XIII боз ҳам бештар сабзида, ғайр аз Хоразм ва Мовароуннаҳр Афғонистони кунунӣ ва қисмати бузурги Эронро низ дар бар мегирифт. Вале ҷанбаи марказият ёфтани ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ факат зоҳиран тобеияти худро нисбат ба Хоразмшоҳиён эътироф намуда, дар амал вилоятҳои зеридасти худро кариб мустакилона идора мекарданд. Ҳокимияти Мухаммади Хоразмшоҳ устувор набуд: давлати ӯро на факат оммаи заҳматкаш ва халқҳои мутеъ, ки ҳам аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ ва ҳам аз тарафи хоразмшоҳ ба ҷабру зулм дучор буданд, пуштибонӣ намекарданд, балки ҳатто ашрофи феодалони ҳарбй ва рӯҳониёни бонуфуз низ нисбат ба он ошкоро равияи душманона доштанд. Илова бар ин, дар дохили хонаводаи Муҳаммади Хоразмшоҳ низову нифок сар шуда, вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд: модари Муҳаммади Хоразмшоҳ Турконҳотун, ки зани ғаюр ва омире буд, низ бо ӯ мухолифат меварзид. Вай як гурӯҳ сарлашкарони дарбории кипчокро, ки дорои қувваи бузурги ҳарбӣ буданд, ба мукобили ӯ барангехт. Давлати Хоразмшоҳй дар чунин вазъияти душвори мухолифатҳои дохилӣ ба ҳуҷуми ӯрдуҳои Чингизхон дучор гардид. Машғулияти асосии бодиянишинони муғул чорводори буд. Онҳо ғайр аз парвариши ҳайвонот ба шикор низ машғул мешуданд. Дар байни онҳо ва кабилаҳои иркан наздики ҳамсоя доду гирифти молӣ давом менамуд. Бар тибки шаҳодати муаррих Ҷувайнӣ, кушуни муғул ба даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор таксим шуда, хеле боинтизом ва чусту чолок буданд. Ҳамаи кабилаҳои муғул муваззаф буданд, ки ҳама вакт ба амалиёти ҷангӣ омода бошанд. Дар аввалҳои асри XIII дар сохти ҷамъиятии муғулҳо ҷанинҳои муносибати феодалӣ пайдо мешаванд. К.Маркс ин процессро чунин тавсиф намудааст: «Дар Ёсо (маҷмӯи қонунҳои муғулҳои бостон.—Б.Ғ.) дар бораи табакаи баландмақом, тарханхо зикр шудааст, ки онҳо аз ҳар навъ андоз озод карда шуда буданд, ғанимати худро бояд бо дигарон таксим намекарданд, ба назди хони кабир ҳамеша бемалол даромада метавонистанд, аз чазо то нуҳ маротиба озод карда мешуданд. (Ин навъи хуқуқҳои феодали дар байни ҳамаи халқҳои ниммаданӣ дар натиҷаи тарзи зиндагии ҷанговаронаи онҳо ба миён меояд)». Лашкаркашҳои азими истилокоронаи Чингизхон иктидори ҳукмфармоии феодали бодиянишинро на факат бар халқҳои мутеъ, балки бар ҳамкабилаҳои он низ меафзуд. Хони бузург ва ашрофи феодалӣ ба дараҷаи афсонавӣ сарватманд мешуданд. Аммо аратҳо — оммаи заҳматкаши муғул охируламр ба ҳолати қашшоқӣ ва хонахаробӣ афтода, беш аз пеш мутеъ ва дастнигари табақаи ҳукмрон мегардиданд. Дастаҳои чангии муғул бо сардории Ҷучй ном писари калони Чингизхон «халқҳои чангалнишини» соҳили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. халқи уйғур бо ихтиёри худ ҳукмронии Чингизхонро кабул кард. Ҳубилой ном сарлашкари Чингизхон қисми шимолии Ҳафтрудро ишғол намуд. Худи Чингизхон ба Чини Шимолӣ лашкар кашида, шаҳри Чжунду (Пекин)-ро ки дар он замон пойтахти давлати Цзин буд, забт кард. Пас аз ин, дар солҳои 1218—1219 кӯшуни муғул бо роҳбарии Ҷебе ном лашкаркаши Чингизхон, тақрибан бидуни муқовимат, сарзамини Карахитоиҳо — Ҳафтруд ва Туркистони Шарқиро тасарруф намуд ва ба ҳудуди давлати Хоразмшоҳиён наздик шуд. Дар бобати тадриҷан шиддат ёфта ба худ ранги душманӣ гирифтани муносибати ин ду давлат — давлати Чингизхон ва давлати Хоразмшоҳй роли тоҷирони Осиёи Миёна кам набуд. Бисёр точирони сарватманд, ки бозургонии Муғулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ҳанӯз пеш аз ҳамсарҳад гардидани ин ду давлат бо ҳамроҳии уйғурҳо дар умури ташкилот ва сохти идораи дохилии Муғулистон аз мушовирони асосии Чингизхон ҳисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати хоразмшоҳӣ муттасилан ба воситаи ин точирон маълумот ба даст меовард. Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки дар он вақт назар ба Чингизхон бештар қувват дошт, равияи ҷангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 ҷанговарони Хоразм бо ичозати ӯ дар қалъаи сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин ки мақсади чосусӣ дорад, тороҷ намуданд. Бори корвон аз 500 шутур тило, нуқра, маснуоти абрешими чинӣ, пустҳои қиматбаҳо ва амсоли ин иборат буд ва 450 нафар точир, аъёну ашроф ва ашхоси мӯътамади хони муғул маъмури овардани онҳо буданд. Гумоштагони Хоразмшоҳ ҳамаи ин одамонро ба қатл расонида, тамоми молҳоро фурӯхта, пули онро ба маркази давлати Хоразмшоҳи фиристоданд. Чингизхон аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фалокати Ӯтрор») хабардор шуда, аз Хоразмшоҳ талаб кард, ки мусаббиби ин фочиа, яъне ҳокими Утрорро ба ӯ супорад ва товони хасоратҳои воридшударо бидиҳад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти давлати Хоразмшоҳӣ омада буд, бо амри Муҳаммади Хоразмшоҳ ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби бурида пас гардонида шуданд (аз рӯи баъзе маълумот онҳоро низ қатл карданд). Ин рафтори чангталабонаи Муҳаммад ҳучуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид. Чингизхон ба масъалаи лашкар кашидан ба Осиёи Миёна аҳамияти калоне дода, ба ин кор бо тамоми чиддият тайёрӣ медид. Вай ҳанӯз то оғози амалиёти чангӣ ба воситаи точирони Осиёи Миёна дар бораи дарачаи омодагӣ ва нафароти қувваҳои ҳарбии душман маълумот ба даст овард. Аз ин чост, ки ҳучуми Чингизхон ба Осиёи Миёна, чи навъе ки як қатор муаррихони буржуазӣ тасвир мекунанд, ҳаракати бетартиб ва худсаронаи бодиянишинони муғул набуда, балки ҳучуме буд, ки бар асоси мулоҳизаҳои амиқ ва нақшаҳои муайян қарор дошт. Точирони маҳаллӣ вазифаи роҳбалади ӯрдуҳои чингизиро адо намуданд. Чунон ки дар боло қайд гардид, Хоразм дар аснои ҳамлаи чин-гизиён омодаи мудофиа набуд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бо вучуди иқтидори зоҳирии худ ба андозаи зиёде вобаста ба ашрофи ҳарбии феодалӣ буд. Вай ба сардорони ҳарбии худ ва ба аҳолии маҳаллӣ он қадар ҳам бовар надошт. Ба ҳамин чиҳат аз тарс қушуни худро ба як чо ҷамъ накарда, онро ба гурӯҳҳои хурд тақсим намуд ва дар маҳалҳои гуногун гузошт. Ин парокандагии қувваҳои ҳарбии давлати Хоразмшоҳӣ барои ғалабаи лашкари муғул бештар заминаи мусоид ҳозир намуд. Ғайр аз ин, Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳангоми тадорукоти чангӣ дар зарфи як сол аз ахолӣ се мартаба молиёт гирифта, ба ин васила эътироз ва норизогии халқро ба вучуд овард. Дар моҳи сентябри соли 1219 Чингизхон ба Утрор расида, қувваҳои ҳарбии худро ба се қисмат тақсим кард: як қисмати қӯшуни худро ба писаронаш Уктой (Угедей) ва Чағатой супорид, ки Утрорро муҳосира кунанд; қисмати дигари онро бо роҳбарии Чучӣ барои забт намудани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир ба тарафи шаҳри Ҷанд равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писараш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта, ба тарафи Бухоро ҳаракат намуд. Аскарони муғул бо ҳамлаи қатъй шаҳри Утрорро ишғол карданд, лекин қалъаи Утрор муддати як моҳ (бар тибқи баъзе ҳуччатхо —6 моҳ) муқовимат намуд. Муғулҳо пас аз тасхири шаҳри Утрор ҳамаи мудофиакунандагони шаҳру қалъаро ба қатл расониданд. Он қисмати лашкари муғул, ки бо сардории Чучй барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир рафта буд, аввалин мартаба Сиғноқро ғасб намуда, аҳолии онро тамоман аз дами теғ гузаронид. Сипас, муғулҳо дар муддати кӯтоҳе шаҳрҳои поёноби дарёи Сирро ишғол карда, онҳоро низ ғорат ва хароб намуданд. Дигар дастаи қӯшуни муғул, ки дар имтидоди дарёи Сир ҳаракат мекард, дар резишгоҳи Ангрен шаҳри Бинокатро забт намуда, тамоми аскарони мудофеи ин шаҳрро кушт. Дар соли 1220 Чингизхон бо қувваҳои асосии лашкари худ ба Бухоро ҳамла овард. Вале ӯ дар ин маврид ба муқобилати шадиди муҳофизаткунандагони шаҳр дучор гардид. Харчанд қувваи аскароне, ки шаҳри Бухороро мудофиа мекарданд, назар ба лашкари муғул хеле кам буд, ба вучуди ин, онҳо устуворона муқовимат менамуданд. Лекин ин муқобилат бисёр давом накард. Дар рӯзи сеюми чанг мудофиакунандагони шаҳри Бухоро, ки робитаи онҳо аз ҳама тараф бурида шуда буд, ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қувваҳои муҳосиракунандаи душманро рахна карда, аз дарёи Аму гузаштанд. Аммо, бо ин ҳама, муқобилат комилан барҳам нахӯрд. Чандсад нафар аз ватанпарастони далер, ки тарк кардани шаҳри худро намехостанд, ба даруни қалъа паноҳ бурда, то дами марг бар зидди истилогарон мубориза намуданд. Фақат вақте ки хандақи атрофи қалъа аз часади одамон ва мурдаи аспҳо пур шуд, тасарруфи қалъа ба муғулҳо муяссар гардид. Ғосибони муғул пас аз забт кардани Бухоро ҳазорон сокинони бегуноҳи шаҳрро куштанд ва боқимондагонро ҳамчун ғулом ва каниз ба асорат бурданд. Пас аз ин лашкари Чингизхон ба тарафи Самарқанд раҳсипор гардид. Муҳаммади Хоразмшоҳ барои мудофиаи Самарқанд аҳамияти махсусе дода, дар ин ҷо қувваи бузурге ҷамъ оварда буд. Истеҳкомоти шаҳр аз нав таъмир карда шуд. Гарнизони калони қӯшун фароҳам гардид, ки ба қавли Рашидаддин 110 ҳазор ва аз руи маълумоти дигар манбаъҳо 50 — 60 ҳазор нафар сарбоз дошт. Тамоми мамлакат чашми умед ба сӯи Самарқанд дӯхта буд. Ба ақидаи шоҳидони давр ин шаҳр метавонист ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Рӯзи сеюми муҳосира мудофиакунандагони шаҳр аз қароргоҳи худ баромада, ба душман ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳучуми ногаҳони дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Онҳо як миқдор аскарони муғулро нобуд карданд. Вале худ ба иҳотаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари онҳо дар майдони набард ҳалок гардид. Ин ҳучуми бебарор ба руҳияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва руҳониёни риёкор аз ин ҳолат истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Субҳдам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд. Қӯшуни чингизӣ ба шаҳр зада даромада, ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуд. Фақат хиёнаткорон ва онҳое, ки ба паноҳи муғулҳо омада буданд, ҷон ба саломат бурданд. Аммо мудофиакунандагони қалъа ҳамоно сари таслим фуруд наоварда, ба душман муқобилати сахт нишон медоданд. Бо вучуди ин ҳама шучоат ва мардонагӣ онҳо низ дар муқобили қӯшуни чун мӯру малахи истилогарон дурудароз истодагӣ карда натавонистанд. Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масчиди чомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар чои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд. Бештар аз нисфи аҳолии Самарқанд талаф шуд. 20 ҳазор нафар косибону ҳунармандон ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар аз заҳматкашони шаҳр ба хидмати қӯшуни муғул бахшида шуданд. Шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта, аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз якуним сол ҳам, қисме аз аҳолии он ба чойҳои худ баргаштанд, нуфуси шаҳр фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд. Ҳангоми муҳосираи Самарқанд Муҳаммади Хоразмшоҳ ба анчоми муҳорибаҳои соҳили дарёи Аму нигарон буд. Вақте ки қӯшуни мугул шаҳрро ишғол намуд, ӯ ба ҳудуди Эрон — ба Табаристон фирор карда, дар яке аз ҷазираҳои чануби баҳри Хазар паноҳ бурд ва дигар барои ташкили муборизаи зидди истилои муғул чорае наандешид.

Мудофиаи қаҳрамононаи Хуҷанд. Темурмалик

Акс:Ҳайкали Қаҳрамони Халқи Тоҷик-Темурмалик дар Осорхонаи шаҳри Хуҷанд
Темурмалик

Он қисмати лашкари муғул, ки барои забт кардани Хуҷанд фиристода шуда буд, агарчи муддати зиёде ин шаҳри қадими тоҷиконро ба муҳосира гирифт, вале дар ишғоли он муваффақияте ба даст оварда натавонист. Аз ин чиҳат пас аз мағлубияти Бухоро ва Самарқанд як гурӯҳи калони аскарони муғул ба ёрии муҳосиракунандагони Хуҷанд омаданд ва ба ин тариқа, дар атрофи шаҳр даҳҳо ҳазор нафар аскарони чингизи ҷамъ шуданд. Ба мудофиакунандагони шаҳр марди часури ҷанги Темурмалик роҳбарӣ менамуд. Мудофиакунандагони шаҳр фақат он вақт ба тарк намудани Хуҷанд мачбур гардиданд, ки дигар ба душман муқобилат кардан мумкин набуд. Онҳо ба ҷазирае, ки дар дарёи Сир воқеъ гардида буд (зоҳиран, як километр поинтар аз шаҳр) рафта истеҳком гирифтанд ва аз он чо муборизаи худро бар зидди истилогарон давом доданд. Ин ҷазира барои мудофиа хеле муносиб буд. Вай дар чое воқеъ гардида буд, ки тирҳои душман аз соҳил рафта намерасид. Ҳатто ба манчаниқ ҳам имкони ҳучум кардан набуд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар руи оби дарёи Сир садде сохта ва ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо барои ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонида садд бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субҳдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва садди ононро вайрон карда, пас мегаштанд. Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вучуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Лекин вақте ки захираи хурокворӣ ба охир расид, Темурмалик мачбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кумаки рӯшноии машъалҳо бо мачрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул ҳамчун каргасҳои гурусна аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро ба зери борони тир мегирифтанд. Қахрамонони Хуҷанд ҳамлаҳои душманро рафъ намуда, роҳи пурхатари худро мепаймуданд. Бар тибқи ривояте, дастаи аскаронаи муғул аз онҳо пеш гузашта, аз ин лаб ба он лаби дарё занчир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро пора намуда, барои убури киштиҳои худ рох кушоданд. Темурмалик дар наздикии шаҳри Ҷанд бо қувваи бузурги ғосибони муғул, ки аз ду тараф соҳили дарёро иҳота карда буданд, дучор гардид. Муғулҳо киштиҳои манчаникдорро ба якдигар васл карда, пули мутаҳаррике ба вуҷуд оварданд ва ба ин тарика, роҳи киштиҳоро бастанд. Ба диловарони Хуҷанд лозим омад, ки аз кишти пиёда шуда, бо душман охирин дафъа ба чанг дароянд. Дар ин чанги ду қувваи нобаробар тақрибан ҳамаи сарбозони Темурмалик ҳалок гардиданд. Факат худи Темурмалик муваффак шуд, ки бо як дастаи хурде аз марг раҳои ёфта, худро ба Хоразм бирасонад. Дар он чо бакияи кушуни торуморшудаи Хоразмшоҳ ҷамъ омада буд. Темурмалик дар Хоразм тамоми мардони чангиро муттаҳид на-муда, дубора бар зидди истилогарони муғул амалиёти ҳарбиро оғоз кард. Вай ба душман якчанд зарбаи сахт ворид оварда, ҳатто муваффак гардид шаҳри Еникентро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои поёноби дарёи Сир буд, забт намояд. Лекин аз он чо, ки дар байни Темурмалик ва дигар сарлашкарони Хоразмшоҳ ваҳдат ва муносибати хуб мавчуд набуд, ӯ ин муваффакиятҳои ҳарбии худро вусъат дода натавониста мачбур шуд ба Хоразм баргардад. Писари Муҳаммади Хоразмшоҳ султон Чалолиддин ҳам ба мукобили кӯшуни Чингизхон муковимати чиддӣ намуда, бо ҳамроҳони Темурмалик ба истилогарони муғул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранчом худи ӯ низ дар муҳорибаи наздикии дарёи Ҳинд дучори шикаст гардида, аз саҳнаи мубориза берун рафт. Ташкили мудофиаи шаҳрҳо ҳангоми ҳуҷуми чингизиён хеле бад буд. Факат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле ки аъёну ашроф, амалдорон ва табакаи олии руҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва чоҳу чалоли худ бо душман созиш менамуданд. Ин буд, ки Чингизхон бо қувваи камтар аз қувваи лашкари Хоразмшоҳ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил мегардид.

Футуҳоти минбаъдаи Чингизхон дар Осиёи Миёна

Истилогарони муғул аҳолии зиндамондаи Бухоро, Самарканд ва Хуҷандро ба азобу укубатҳои даҳшатангезе гирифтор намуда, пас аз андак таваккуф ба тарафи дашти Қаршй ва Тирмиз ҳаракат карданд. Онҳо шаҳри Тирмизро ба харобазор табдил дода, сокинони онро ба қатл расониданд. Пас аз ин хунрезиҳо Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афғонистони Шимолии ҳозира дохил гардид ва дар соли 1221 Балхро забт карда, онро низ тамоман хароб намуд. Дар ҳамин вакт писарони ӯ Чағатой, Уктой ва Ҷучӣ бо сад ҳазор нафар лашкари муғул пойтахти давлати Хоразмшоҳӣ шаҳри Гурганҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Гурганҷ муддати шаш моҳ бо муғулҳо мардонавор чангиданд. Муҳорибаи Гурганҷ ба дарачае шадид буд, ки ғосибони муғул пас аз ворид шудан ба шаҳр низ ҳар як маҳалла ва кӯчаро бо қурбонӣ ва талафоти бузурге ба даст дароварданд. Онҳо пас аз забт кардани шаҳр ғайр аз пешаварон, кӯдакон ва занон, яъне онҳое, ки ба ғулом ва каниз табдил намуданд, дигар ҳамаро сар буриданд. Илова бар ин, ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар чанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада, тасмим гирифтанд шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то аз он асаре бокӣ намонад. Ба ин максад онҳо садди соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарки об карданд. Дар аввалҳои соли оянда писари Чингизхон Тулуй Хуросонро забт намуда, махсусан яке аз бостонтарин марказҳои маданияти Осиёи Миёна шаҳри Марвро хароб кард. Аз аҳолии Марв факат чандсад нафар пешаварони ғуломгардида зинда монда, дигар ҳама кушта шуданд. Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистонии Тоҷикистони шарқӣ, инчунин чанде аз махалҳои Ғур, ки бо калъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти муғулҳо надаромаданд. Аз муаррихони араб Ибн ал-Асир (1160—1244), ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшонияти онҳост, рафтори ғайриинсонии ғосибони чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз.—Б.Ғ.) ба касе раҳм намекарданд, баръакс, занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони хомиларо пора карда, кӯдакони ҳанӯз таваллуд нашударо сар мезаданд... Шарораҳои ин бало ба хар тараф парида, офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе аз канори мамлакати Чин баромада, ба вилояти Туркистон, ба Қошғар ва Баласоғун ҳамла овард ва аз он чо ба навоҳии Мовароуннаҳр, ба Самарканд, Бухоро ва чоҳои дигар тохт, ишғол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба яғмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти тоторҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷоро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороч менамуданд, ҳар як чизе ки ба назарашон ғайри кобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан: онҳо молҳои абрешимй ва дигар хел колаҳоро тӯда-тӯда туъмаи оташ мекарданд». Истилои муғул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳадду ҳудуд овард. Дар натичаи талаву тороч ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли ом гардиданд. Корҳои зироат низ хеле паст рафт. Маркс дар баёни зулми муғулҳо чунин таъкид карда буд, ки ин тааддӣ «ба рӯхи халқе, ки қурбони он гардидааст, на фақат фишор меовард, балки вайро таҳқир менамуд ва мехушконид». Ба қавли Маркс, истилогарони муғул «одамонро ба ҳайвон, замини зироат ва деҳоти пурнуфусро ба чарогоҳ табдил медоданд». Дар айни замон муборизаи қаҳрамононаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди тааррузи чингизиён, ки бо муқовимати бар ӯрдуҳои муғул нишондодаи халқи кабири рус мусодиф шуда буд, аҳамияти бузурги таърихи дошт. Ин мубориза ҳамлаи муғулҳоро камқувват карда, роҳи минбаъд ба ғарб паҳн шудани онро махдуд намуд. Вақтҳои охир баъзе муаррихони Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун ситоишгари чангҳои истилокоронаи Чингизхон ва ворисони ӯ баромад карда, ба амалиёти хунхоронаи онҳо бо ҳар васила мадху сано мехонанд. Онҳо ба тохтутозҳои истилогарони муғул дар кишварҳои бегона аҳамияти прогрессивиро нисбат дода, мавқеи ононро баланд бардоштанӣ мешаванд. Масалан, Хан Жу-лин дар бо-раи Чингизҳон мақолае навишта («Лиши ян тсзю», 1962, №3, саҳ.1—10), бо ҳамон таърихшиносоне, ки «қатлу куштор ва харобиҳои дар чанг ба амал овардаи муғулҳоро махсус таъкид намуда, аммо ба роли прогрессивии дар таърих бозидаи Чингизхон мутаваччеҳ намешаванд», муноқиша мекунад. Ӯ роли прогрессивии Чингизхонро фақат дар юриш ва чангҳои истилокорона мебинад: «Чингизхон марзҳоро аз сари роҳи равобити Шарқу Ғарб нест кард, истеҳкому қалъаҳоеро, ки ба алоқаҳои иқтисодӣ ва маданӣ мамониат мекарданд, ба хок яксон намуд, дар натича робитаҳои мутақобили Шарқ ва Ғарб ба равнақ даромад». Ба ақидаи Хан Жу-лин, Хитойро истило кардани муғулҳо ва ба Осиёи Миёна ҳамла оварданн онҳо аҳамияти мусбат дорад, зеро «муғулҳо дар Хитой гӯё ваҳдату ягонагии давлати императориро барқарор намуда, дар Ғарб бошад, монеаҳоеро, ки ҳукмронони давлатҳои мухталиф дар роҳи мубодилаи иқтисодию мадании Хитой ва ин давлатҳо ба вучуд меоварданд, аз миён бардошт». Моҳи декабри соли 1962 доир ба мақоми Чингизхон дар таърих мақолаи Ян-Чжи-тсзю чоп шуд («Лиши Тсзяосюэ», 1962, №12, саҳ. 6—11), ки дар он баробари эътироф намудани роли мусбати Чингизхон дар ташкили иттиҳоди тоифаҳои муғул ба ӯ роли муттаҳидкунандаи Хитой низ нисбат дода шудааст. Ян Чжи-цзю менависад: «Агар аз нуқтаи назари давраҳои дуру дарози таърих нигарем, он гоҳ бардавом ва муҳимтар будани роли муттаҳидкунанда, амри муваққатӣ ва дарачаи дуюм будани харобӣ аён мегардад. Иттиҳод бо арзиши харобӣ ба даст меомад». Асли мақсади муаррихони Хитой аз баланд бардоштани мавқеи Чингизхон дар «таърихи инсоният» ин аст, ки даъвоҳои роҳбарони ҳозираи Хитойро ба заминҳои Ҷумҳурии халқии Муғулистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаи ИҶШС ва дигар сарзаминҳои як вақтҳо таҳти тасарруфи истилогарони муғул қароргирифта «илман» асоснок кунанд. Дар айни замон, ин инъикоси сиёсати азаматталабонаи роҳбарони маочии ҳизби Коммунистии Чин мебошад.

Нигаред

Tags:

Осиёи МиёнаТоҷик

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Узвҳои таносули занонаИсаак НютонСозмони Милали МуттаҳидҶӯрабек НазриевApple Inc.Аср (намоз)ҲайзКитобАштархониёнЭнергияОриёӣНоҳияи ВосеъТахачӮзбекистонРивояти суғдӣ (китоб)Абулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Ҷумҳурии ТоҷикистонАндозБадахшонФутболАврупоҚазоқистонРазмҲазрати ИсоНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонАбдуллои СултонТеҳронХокКореяи ҶанубӣАспҲикояОлами набототҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИдҳои ТоҷикистонШӯриши ВосеъШоҳаншоҳии ҲахоманишӣШеърЛаҳистонУзвҳои таносули мардонаСомонхудотНерӯгоҳи барқи обии НоракНафтАҳмади ДонишГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи Кӯҳистони МасчоБемориҳои рӯҳӣКабудНизомии ГанҷавӣВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАрманистонАмирбеки МӯсоШушТаърихи ТабарӣЭмомалӣ РаҳмонАнтонимҳоАсри биринҷӣКенгуруСайёраПарандаВоситаҳои нақлиётМасуниятҲафтпӯстАсри санг дар ТоҷикистонИмлоҶозибаҳои гардишгарӣЗарбулмасалФормулаи химиявӣТабхоли узвҳои таносулЗабоншиносӣУқёнуси ҲиндМушхорАбумуслими ХуросонӣХоқонии Шервонӣ🡆 More