Мурч

Мурч, мурчи сиёҳ, фулфул, филфил (лот.

Мурч
Мурч
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Piper nigrum L.

Тавсифоти ботаникӣ

Мурч 
Тасвири биологӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Баргаш байзашакли думчадор, хӯшагулаш саракмонанд (дарозиаш 5 – 10 см), гулаш майдаи сафед ё зардтоб; аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3 – 5 мм), тунди сабз, баъди пухтан сурх мешавад.

Истифодабарӣ

Мурчро дар нимхомӣ меғундоранд; баъди хушконидан ранги сиёҳ мегирад. Мурч аз тухм ё кӯчат зиёд карда мешавад. Ниҳоли мурч баъди 3 – 4 соли кишт ва баъди 5 – 6 моҳи кӯчат гул мекунад. Мевааш баъди 8 – 10 моҳ мепазад. Аз ҳар бех рустанӣ 0,6 – 1,5 кг ҳосил меғундоранд. Тундии мурч ба миқдори пиперин (5 – 9%), бӯяш ба равғани эфир (0,9 – 2,5%) вобаста аст. Он инчунин 1 – 2% зифт, 6 – 12% равған ва оҳар дорад. Мурчро замонҳои пеш ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон меоварданд.

Хосияти шифоӣ

Мурч дар тиб ҳамчун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим истифода мешавад. Он ҷузъи таркибии баъзе доруҳо низ мебошад. Табибон мурчро давои ангина, сурфа, бронхит, сусткамарӣ, баъзе бемориҳои пӯст, санги гурда, радикулит, остеохондроз, дарди буғумҳо, аденома, рехтани мӯй ва ғ. меҳисобанд. Агар як қошуқ мурчро дар як истакон асал омехта, рӯзе 3 – 4 маротиба якчумчагӣ биошоманд, ба ангина ва сулфаи тар даво мебахшидааст. Агар як қошуқ мурчи кӯфта ва як қошуқ шакарро омехта карда, 0,5 қошуқчаи онро ба як истакон шир андохта биёшоманд, боҳро тақвият мебахшидааст. Мурчро бихӯранд, балғамро меканад, меъда, ҷигар ва аъзои ҳозимаро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад. Мурчи куфтаро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта гузошта банданд, бемории барас (песӣ)-ро даво месозад. Агар ба як истакон равғани зайтун як қошуқ мурчи кӯфта андохта, дар оташи паст 5 – 10 дақиқа ҷӯшонанд ва баъди хунук шудану полондан онро ба узви дардманд моланд, бемории радикулит, остеохондроз, сӯзиши банду буғумҳо, неврити асаби рӯй ва фалаҷро нафъ мекардааст. Истеъмоли мурч одамони гарммизоҷро дарди сар медиҳад. Дар мавриди камхунӣ, бемориҳои аллергӣ, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифодаи мурч зиён дорад.

Эзоҳ

Tags:

Мурч Тавсифоти ботаникӣМурч ИстифодабарӣМурч Хосияти шифоӣМурч ЭзоҳМурчЗабони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Пешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи ВахшБемориҳои асабМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЛибоси миллии тоҷиконРаводидНазорати гумрукӣАҷамНоҳияи ВарзобИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонПешояндМирсаид МиршакарCreative CommonsАлгебраи хаттӣСаҳеҳи БухорӣАндоз аз арзиши иловашудаТахачАфсонаМодда (физика)ЗардуштГулназар КелдӣБемориҳои рӯҳӣДавлати СалҷуқиёнИстихораОшобаКомпютери квантӣВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонВарзиши сабукДулонаХокНамози ҷамоат29 ЯнварНерӯгоҳи барқи обии НоракТоҷикон (китоб)Баромадани устухонОлмонБуҷети давлатӣЗабони лотинӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонҶонишинҳои шахсӣКароматуллоҳи МирзоНикоҳДандонпизишкЛивои Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонФеъл (дастури забон)Олами ҳайвоноти ТоҷикистонГази идеалӣБиогеосенозНизомии ГанҷавӣСозмони ҳамкории ШанхайНамози тасбеҳХуфтанАкбар ТурсунРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Донишгоҳи давлатии МаскавМурғАср (намоз)НамакАдабиёти кӯдакВахшҚирғизистонЗарф (дастури забон)ФотосинтезНоҳияи МарфиноМусулмонШоҳроҳи АбрешимИқтисоди ҷаҳонӣҲуҷайраРӯзи кайҳоннавардонМуайянкунандаи изофӣҲафт муъҷизаи оламМеҳргонВикианборОксигенТабхол🡆 More