Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ

Рӯзи Ваҳдати миллӣ — яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол 27 июн баргузор мешавад.

Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар саммити байнулмилалӣ (соли 2016)

Таърих

27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Баргузории ҷашн

Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

27 июн — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад..

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ТаърихТоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ Баргузории ҷашнТоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ Ҳамчунин нигаредТоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ЭзоҳТоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ПайвандҳоТоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ27 июнҶумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бемориҳои асабТуркманистонИсломЛоиқ ШералӣМанипурБофтаБачадонАндозПулпитСаломатӣМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоХуросонОриёноФенолЗардуштГардиши моддаҳо дар табиатҲабиб ЮсуфӣАхлоқОрҳан БийиклӣОшобаГулрухсор СафиеваДонишгоҳи ЧикагоСафедаҳоИттиҳоди ШӯравӣКитобФизиологияЮНЕСКОФурудгоҳи бин‌алмилалӣ ҳфеҳи жингиовСоли 2023Давлаталӣ СаидМор­фология (мазмунҳо)ПасояндПушткӯҳи ШамилҚирғизистонАҳмади ДонишУзвҳои пешобУмари ХайёмФитри рӯзаДеҳоти Ҳасан ҲусейновМеханика21 мартТВ ҶаҳоннамоАмалиёти бонкӣКишоварзӣ дар ТоҷикистонИмом БухорӣҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонҲисорВилям ШекспирНишони ТоҷикистонҶашни СадаУнсурулмаъолии КайковусРубоиёти ХайёмБемориҳои гӯшПризма (геометрия)СаффориёнТандурустӣ дар ТоҷикистонДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣАмрикои ШимолӣТоҳириёнТонб БарикуДонишгоҳи БостонҲизби коммунисти Иттиҳоди ШӯравӣТақсимоти маъмурии ТоҷикистонБуҷети давлатӣҚалъаи ХуҷандТоҷиконВарзиш ТВЗабони барноманависӣМаскавФизикаИнсонОрдени Легиони фахрӣ3 августРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуго Рафаэл ЧавезАввалин Бонки Молиявии ХурдСироҷиддин НуриддиновФалсафаи муосир🡆 More