Мурургари веб ё мурургари интернетӣ (англ. browser – варақ задан, дидан, хондан) — ба нармафзорҳои корбурдӣ гуфта мешавад, ки барои дарёфт, намоиш ва мурури иттилоот аз веби ҷаҳонгустар мавриди истифода қарор мегирад.
Ё манбаъи иттилоот бо як шиносогари якнавохти манбаъ шинохта мешавад. Ин манбаъ метавонад як сафҳаи веб, тасвир, видео ва ё ҳар қитъаи иттилооти дигаре бошад.
Ҳар ҷанд мурургарҳо барои дастрасӣ ба веби ҷаҳонгустар тарроҳӣ шудаанд, аммо аз онҳо метавон барои дастрасӣ ба иттилооти серверҳои веб дар шабакаҳои хусусӣ ва ё парвандаҳои дар системҳои парванда истифода кард. Мурургарҳо метавонад шуморо ба фазои маҷозӣ мутасил кунанд. Агар шумо бихоҳед аз ҳар гушаи гетӣ ба фазои интернетӣ даст ёбед ба як мурургари веб хуб ва корбурдӣ доред.
Мурургарҳо (Браузерҳо). Дар замони ҳозир мурургарҳои зиёди (англ. Internet) мавҷуданд, ки аз рӯи тавсифот ба якдигар хеле монанд мебошанд. Мисоли онҳо барнома — мурургари (англ. Microsoft Internet Explorer), (англ. Netscape Nаvigator), (англ. Opera), (англ. Mozilla Firefox), (англ. Chrome), (англ. Safari) ва ғайраҳо буда метавонанд.
Аз байни ин мурургарҳo ду мурургари ба якдигар хеле рақиб — (англ. Internet Explorer) Internet Explorer — и ва ширкати (англ. Microsoft) ва (англ. Netscape Nаvigator) Netscape Nаvigator — и ширкати (англ. Netscape) машҳур мебошанд. Ҳар ду бо хидматҳои гуногуни (англ. Internet), аз ҷумла HTTP, FTP, барномаҳои мутолиаи иттилоот, почтаи электронӣ, протоколҳои нисбатан куҳна ба мисли Telnet ва Gopher мувофиқат менамоянд.
Барномаи мурургари (англ. Internet Explorer). Барномаи мурургари (англ. Microsoft Internet Explorer), ба маҷмуаи бастаи барномаҳои стандартии системаи амалиётии Windows 98 (ва болотар) шомил мебошад ва қариб аз тамоми умури хадамотии шабакаи Интернет пуштибонӣ мекунад.
Барои он, ки бо воситаи браузер ба сервере, ки IP-суроға дорад, муроҷиат намоед, номи домении пурраи ин серверро ворид кардан лозим аст. Агар ба браузер IP-суроғаи ягон номи домениро муайян кардан лозим бошад, он ба сервери асосии (решавии) номҳо васл мегардад ва баъди оне, ки сервер ба ӯ суроғаро хабар медиҳад, пайвандшавӣ сурат мегирад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Мурургари веб, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.