Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — қонуни асосии Тоҷикистон, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
22 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
«Мутобиқи моддаи 31-уми Қонуни Конститутсионии ҶТ „Дар бораи раъйпурсии ҶТ“ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 23 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд». Ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3 % раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.
Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд танҳо «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» боқӣ монд.
Матни комили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Конститутсияи Тоҷикистон, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.