Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон (Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон») — бузургтарин китобхона ва махзани дастнависҳои гаронбаҳои Тоҷикистон.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Навъ китобхонаи миллӣ
Кишвар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона Тоҷикистон
Нишонӣ Душанбе, н. И. Сомонӣ
Таъсис соли 1933
Фонд
Таркиби захира китобҳо, дасхатҳо
Дигар иттилоот
Раис Ҷумахон Файзализода
Веб-сайт kmt.tj
Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 китобхона мақоми миллиро дарёфт кард.

Сохтмони пешин

Бинои пешинаи Китобхона (меъмор С. Анисимов, муҳандис Е. Барсукова) дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ ҷойгир буд. Ин бинои дуошёна шакли ҳарфи «П»-ро дорад; дар зери он таҳхона ҷой гирифтааст. Ҳоло дар он Палатаи ҳисоб ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷойгиранд.

Бо гузашти ҳудудан 80 сол бинои пешина ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд ва баъди панҷ сол дар арафаи Наврӯзи соли 2012 бинои нави китобхона бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

Хазинаи китобхонаи пешин

Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 
Китобхонаи миллии Тоҷикистон. ш. Душанбе
Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 
Китобхонаи миллӣ — Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон дар толори китобхона.
Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 
Китобхонаи миллӣ — толори китобҳои нав.
Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 
Китобхонаи миллӣ — толори китобхонаи электронӣ.

Дар даврони шӯравӣ дар хазинаи китобхона зиёда аз 3 млн нусха китобу дастхатҳои нодир ба забонҳои гуногун ҷамъ оварда шуда барои истифодаи хонандагон пещкаш карда мешуданд. Соли 1993 Китобхона мақоми миллиро соҳиб шуд. Дар фондҳои китобхона 3 миллиону 326 ҳазору 300 нусха китобу дастхатҳои нодир маҳфузанд ва аз онҳо беш аз 35 000 нафар хонандагони доимӣ истифода мекунанд. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар тӯли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст.

Сохтмони нав ва бозтаъсис

Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» — аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фармони Пре­­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 таъсис дода шудааст.

Хазинаи китобхона

Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, зиёда аз 3 млн нусха хазинаи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва боқимонда саҳми аҳолии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Сохтори китобхона

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 40 шуъбаву бахшҳои гуногун ва марказҳои мухталиф иборат аст.

Шуъбаҳо

  • Шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён
  • Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир
  • Маркази иттилооти ҳуқуқӣ
  • Шуъбаи матбуоти даврӣ
  • Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
  • Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
  • Шуъбаи нигаҳдории китоб
  • Шуъбаи феҳристнигорӣ ва истифодабарии онҳо
  • Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
  • Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ
  • Маркази «Тоҷикшиносӣ»
  • Шуъбаи таҳрир ва интишорот
  • Маркази такмили ихтисос
  • Шуъбаи коркарди адабиёт
  • Шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ
  • Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ
  • Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ
  • Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Шуъбаи библиографияи миллӣ
  • Шуъбаи адабиёти хориҷ

Толорҳо

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои зиёда аз 12 толори хониши умумӣ ва тахассусӣ мебошад, ки хонандагон метавонанд мувофиқи талабот ё тахассусашон аз онҳо истифода намоянд.

  1. Толори хониш
  2. Толори намоиши китоб
  3. Толори матбуоти даврӣ
  4. Толори хониши адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
  5. Толори хониши электронӣ
  6. Толори маводи мусаббат
  7. Толори кормандони илм
  8. Толори адабиёти хориҷӣ
  9. Толори Рӯдакӣ
  10. Толори академикҳо ва докторантҳои илм
  11. Толори хониши дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир
  12. Толори хониши Феҳристнигорӣ

Марказҳои фарҳангӣ

Бо ташаббуси китобхона ва кумаки сафорату марказҳои фарҳангии мукими кишвар, марказҳои фарҳангии якчанд мамолики дунё таъсис шудааанд. Онҳо китобу нашрияҳои худро ба хонандагон мавриди мутолиа пешкаш намуда чорабиниҳои гуногун барпо мекунанд.

  • Маркази фарҳангии Амрико
  • Маркази иттилоотии Олмон
  • Бахши фарҳангии Эрон
  • Маркази фарҳангии Чин
  • Маркази фарҳангии Корея

Хидматрасонии виртуалӣ

Китобхона сомонаи худро созмон додааст, ки тавассути он дар радифи маълумоти мушаххас оид ба таърих, фаъолияти кунунии бахшу шуъбаҳои китобхона, суроға ва реҷаи кории он, бахшҳои ҷолиб — «Хабарҳо», «Ба китобдор», «Махзани қисм», «Конун» ва «Бойгонӣ» пешниҳод шудаанд. Истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии Китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд.

Раёсат

Ҷолиб

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пули миллӣ, 10 сомонӣ тасвир ёфтааст. Китобхонаи Миллии Тоҷикистон: Таърих, Хазинаи китобхона, Сохтори китобхона 

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ТаърихКитобхонаи Миллии Тоҷикистон Хазинаи китобхонаКитобхонаи Миллии Тоҷикистон Сохтори китобхонаКитобхонаи Миллии Тоҷикистон Хидматрасонии виртуалӣКитобхонаи Миллии Тоҷикистон РаёсатКитобхонаи Миллии Тоҷикистон ҶолибКитобхонаи Миллии Тоҷикистон ЭзоҳКитобхонаи Миллии Тоҷикистон ПайвандҳоКитобхонаи Миллии ТоҷикистонКитобхонаТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОбхезӣҶиноятВолейболИсми хосАбурайҳони БерунӣГурҷистонБарномаи таълимӣҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандҶонибек ҚувноқБонки миллии ТоҷикистонҚирғизистонАбдурраҳмони ҶомӣАндозРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонСтрессПуркунандаСохти таркибии пешояндҳоШоҳномаСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонАмниятҶашни СадаТахти СангинБоғдорӣҲуқуқи кӯдакФурӯғи ФаррухзодЗарф (мазмунҳо)Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонТарбияи ҳуқуқӣЗахираҳои меҳнатӣҚитъаКотибони якуми Ҳизби коммунистии ҶШС ТоҷикистонВергулГемофилияЭшони НуриддинҷонСебАтеросклерозМасеҳиятАвестоЗарф (дастури забон)Адабиёти бадеӣМактаби олии Кумитаи давлатии амнияти милии ТоҷикистонБоқӣ РаҳимзодаРӯзи ҒалабаЮрий ГагаринРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҚоидаи ҳаракати роҳБаҳорКалимаФарҳанги ТоҷикистонОдинаТемурмаликДонишгоҳи давлатии тиббии ТоҷикистонҚудратуллоҳ ЯҳёевРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)ТезгӯякСарезҶалолуддини БалхӣМусоҳиба (мазмунҳо)Ҳусайн Воизи КошифӣЗабонҳои ҷаҳонДавлати ҚарохониёнМаданиятшиносӣПокистонМаликушшуаро БаҳорДавлатТоҷикистонАнимизмНоҳияи ЁвонКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаттор ТурсунПули миллӣМаҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонОлмонДилШоҳаншоҳии КушонӣАдаб🡆 More