Чистон

Чистон - Чистон жанри хурди фолклори тоҷик буда, бештар дар байни бачагон ва наврасону ҷавонон истифода мешавад.

Дар чистон номи ягон ашё, гиёҳ, ҷонвар, аъзои бадани инсон, ҷисму маъданҳо, ҳодисаҳои табиат ва ҷирмҳои осмонӣ ва ғ. бо маҷозу киноя пинҳон карда мешавад ва гӯянда аз шунаванда чӣ будани он мафҳуми ниҳонро мепурсад. Матни чистон аз савол ва ҷавоб иборат аст. Матни чистон аз савол ва ҷавоб иборат аст. Дар қисмати савол ашёву ҳодисоти зиндагӣ ба таври маҷозӣ тасвир шуда ва дар қисмати ҷавоб маънии аслии ашёву ҳодисот ифода меёбад.

Як порча замин доштем,
Тухми сиёҳ коштем.
Бо чашми худ бичидем,
Бо ақли худ шинохтем.

Чистонҳо тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти мардуми тоҷикро фаро гирифтаанд. Олот ва воситаҳои мухталифи меҳнат, ҳодиса ва падидаҳои табиат, асбобу анҷоми гуногуншакли рӯзгор, зироат, манзилгоҳ, ҳайвонот, ҳашарот, илму техника ва ҳама чизҳое, ки дар зиндагии халқ мақому манзалати хос доранд, дар чистонҳо инъикос ёфтаанд. Дар поён чанд намуна аз чистонҳои тоҷикӣ оварда мешавад.

Як чодари зангорӣ,
Шабҳо пуру рӯз холӣ. (Осмону ситора)

Рӯз дар сафар,
Шаб пушти дар? (Пойафзор)

Дар як суфача панҷ бибича? (Кафи даст ва ангуштон)

Мепарад, пар надорад,
Мешинад, пой надорад? (Барф)

Меравад, меравад, роҳи худро гум намекунад. (Дарё)

Ин сӯ арра, он сӯ арра,
Миёна гӯшти барра. (Дандонҳо ва забон)

Эзоҳ

Tags:

АшёГиёҳФолклорҶавобҶонвар

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Павел ДуровОриёӣҲахоманишиёнБандак (забоншиносӣ)Вазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЧистонТаърихСимин БеҳбаҳонӣБободархон (деҳа, н. Ашт)Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣКалимаОбхезӣНомаКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЧилахон ХоловВосеъФунксияҳои тригонометрӣТерескенВикиБозии шоҳонаи УрВоситаҳои нақлиётСоли 1990ВаколатномаПарчами ТоҷикистонБемориҳои асабСистемаи шошаю таносулОфтобФарзонаи ХуршедАҳмади ДонишТарбияи ҷисмонӣДонишВазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонНеъмат ҚаробоевРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонГовНонНоҳияи ҲамадонӣҶонишинҳои саволӣҲайзРӯдИстилоҳАлишер НавоӣТаълимБоғи миллии ТоҷикистонИттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъИмороти Муттаҳидаи АрабӣНоҳияи СангворҲисорХирсҶумлаи амрӣБемориҳои рӯҳӣСаразмМулло НуровБозор СобирАшӯр СафарСалмони ФорсӣАдабиётшиносӣИёлоти Муттаҳидаи АмрикоАрастуИсломБухороИқтисоди ТоҷикистонИстаравшанMicrosoft WindowsЭшони АлломаМуҷассамаи Исмоили СомонӣАсри сангҶонишинҳои манфӣҚасри МиллатГулрухсор СафиеваКамоли ХуҷандӣИдеологияСоли 1037ЗабонхатБемории вабоАброр ЗоҳирНақби Истиқлол🡆 More