Рӯзи Ғалаба

Рӯзи Ғалаба — иди ғалабаи ИҶШС аз болои миллатгароёнӣ Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945 мебошад.

Рӯзи 9 май — Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия, Украина ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи Ғалаба
Медали «За победу над Германией в Великой Отечественной войне 1941—1945 гг.»
Рӯзи Ғалаба
Парад дар Москва 2005
Рӯзи Ғалаба
Парад дар Киев 2010

Таърих

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халкҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.

Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба — иди расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.

Баргузории ид

9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кучаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи «Поси хотир» (аз Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷанговарон дар амалиётҳои ҷангӣ вафот кардаанд)вохӯриҳо бо собиқадорони (ветеранҳои) ҷанг баргузор мегардиданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.

Рӯзи Ғалаба 
Парчами Ғалаба

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Рӯзи Ғалаба ТаърихРӯзи Ғалаба Баргузории идРӯзи Ғалаба ЭзоҳРӯзи Ғалаба ПайвандҳоРӯзи Ғалаба9 майИҶШСОлмонРусияТоҷикистонУкраинаҶанги Бузурги Ватанӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Владимир ЛенинҲол (забоншиносӣ)Шӯриши ВосеъВаколатномаБемориҳои чашмДонишкадаи тарбияи ҷисмонии ТоҷикистонБаҳористонВилоятҳои ТоҷикистонДавлати соҳибихтиёрСуғдАллергияБободархон (деҳа, н. Ашт)Сиғаи хабарӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонБуҷети давлатӣҲокимияти иҷроияҚоҳир РасулзодаСиёсати хориҷии ТоҷикистонМуҳаммадТаърихҲуқуқвайронкунии маъмурӣҒаффор МирзоҲисорАтмосфераи ЗаминТарбузТоҳириёнМирзо ТурсунзодаБемории қандЭмомалӣ НасриддинзодаРӯзи ҒалабаАлгебраҶанги ҷаҳонии дувумАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонРоғунАндоз аз даромади шахсони воқеӣНавзодХокУзвҳои таносули занонаҚобусномаҲафт муъҷизаи оламАспЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияШуурЧаканМаҳмадулло ЛутфуллоевАдабиёти бадеӣЧилахон ХоловБемориҳои ҷигарМисри ҚадимБадахшонВазифаи ҳифзи табиатҶанги Бузурги ВатанӣҚаҳрамони ТоҷикистонҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандҶомеаи шаҳрвандӣҲиҷоБозор СобирҲабиб ЮсуфӣСалоҳияти ПрезидентИлмХоқонии ШервонӣҲикояҳои хурд-хурдГазнаБайнаннаҳрайнЯндексФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонҶиноятЗабони тоҷикӣАминокислотаҳоСироҷиддини ФозилЗиёуддин ЮсуфИдҳои анъанавӣЗабони форсӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонВазнҶазои маъмурӣУкроинҲизби халқии демократии ТоҷикистонНуқтаҳои канории Тоҷикистон🡆 More