Аҳмади Дониш

Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст.

Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш
Ном ба ҳангоми таваллуд: احمد
Таърихи таваллуд: 1827
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1897
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъйин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.

Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 — 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст. Аз ҷумла асарҳои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.

Зиндагинома

Ахмади Махдуми Дониш (лақабаш Кала) с. 1826-1897 дар Бухоро оилаи мулло Носир ба дунё омадааст. Дар мадраса мустақилона фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиёти форсиро омӯхтааст. Дар дарбори амир ҳамчун хаттот ва наққош кор карда, ҳамчун донишманд шуҳрат пайдо кардааст.

Соли 1857 А. Дониш ба ҳайати сафорати амирӣ барои муборакбодии ба тахт нишастани шоҳ Александри II дохил карда мешавад. Дар Петербург ба ғайр аз вазифаи котибӣ, боз аз вазъи иқтисодию сиёсии Русия дар давоми ду моҳ шинос мешавад, ва ба аҳли дарбор баъди бозгаштан ахбор додааст. Бори дуюм, А.Дониш солҳои 1869-1870 ба Петербург сафар намудааст. Ин дафъа амир Музаффар бо мақсади сабуктар намудани шартҳои сулҳномаи 23 июли соли 1868 сафораташро фиристода буд.

Дар ин сафар Аҳмади Дониш соҳиби боварии аҳли дарбори подшоҳи Русия гардидааст. Амир Музаффар чунин муваффақияти Донишро ба назар гирифта ба вай унвони фахрии илмии дарбори «Ӯроқ»-ро дода яке аз мансабҳои дарбориро пешниҳод намуд. Вале, Дониш аз мансаби пешниҳод шуда даст кашид ва зарур шуморид, ки андешаҳояшро барои тарзи давлатдорӣ ба қалам дихад.

Солҳои 1870-1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт.

Аҳмади Дониш ҷорӣ намудани вазоратҳо ва маҷлиси машваратӣ, маҳдудияти ҳуқуқи амир дар асоси Сарқонун ва муносибати давлатдоронро бо халқ батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшоҳи одил ва адолатхоҳ андешаронӣ намуда шартҳои онро пешниҳод кардааст.

Ӯ ин рисоларо ба амир Музаффар пешниход карда шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани он дар кори идораи амирӣ кор мекунад. Амир баъди сафари сеюми Аҳмади Дониш бо сафорати амири солҳои 1874-1875, ки мақсадаш изҳори шӯърбанди Музафархон ба муносибати додани соҳили рости Амударё буд аз дарбор карда мешавад. Ӯро ба Гузор ва Нахрнай қозӣ таъйин мекунанд.

Аҳмади Дониш дар муддати 15 сол “Наводирулвақоеъ” шохасари худро ба охир расонид (с. 1875-1890).

Дар асари худ Дониш қафомондагии маориф ва фарҳанг, симои манфури табақаҳои хукумронро танқид намудааст. Ӯро дар надонистани асосҳои ислом ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чавобан Аҳмади Дониш асари «Меъёр-ут-тадайкон»-ро соли 1894 дониши васеи худро доир ба фалсафаи дин исбот менамояд.

Осори Аҳмади Дониш

Дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш ду асари ӯ махсусан аҳамияти калон доранд. Яке аз ин асарҳо “Наводирулвақоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз таҳлили таърихи салтанати амирони манғит ва воқеаҳои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан “Рисолаи таърихӣ” меномем Муаллиф ба таълифи “Наводирулвақоеъ” зиеда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст. Аҳмади Дониш дар “Наводирулвақоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва хам мадрасаҳо хеле муфассал таваккуф намудааст. Дониш ба асари “Наводирулвақоеъ” тавсифи ду сафари ба Русия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин ҳикояҳояш дар бораи маданият ва илми пешкадами Россия, дар бораи тараккиёти иҷтимоӣ ва иктисодии ин мамлакат маълумот ва наклҳои хеле шавкангез овардааст. Аҳмади Дониш ба ин восита, шахсони пешкадам ва умуман мардуми Бухороро ташвику таргиб намудааст, ки илмҳои дунёви ва санъату ҳунари инсониро, ки дар Русия хеле ривочу равнак дорад, омузанд ва барои тараккиёти ҷамъият истифода баранд. Хикоятҳои Аҳмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешкадами Русия ҳусни таваччуҳ бедор кард ва дӯстии халкҳои Осиёи Миёна ва Русияро таргиб ва ташвик намуд. Дуюм асари машҳури Аҳмади Дониш, ки афкори пешкадами сиёсиву иҷтимоӣ ва акидаҳои маорифпарварии ӯ дар он боз хам равшантар баён шудааст, “Рисолаи таърихи ”-и уст. Ин рисола дар ҳамон шакле, ки ба мо расидааст, як қисми аввали асаре будааст, ки Ахмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо ҳамин қисм хам як асари мустакил аст ва шаклу мундаричаи томе дорад. Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном хам надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имрӯз дар байни ахли илм ва тадқиқотчиён бо чанд ном машҳур аст: “Тарчумаи холи амирони мангития”, “Таърихча”, “Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития” ва ғайра. Рисолаи мазкур дар охири умри Ахмади Дониш таълиф ёфтааст ва аз ҳамин сабаб дар он вакт ба хамзамонони ӯ нагз маълум набуд. Аз ин асар факат дӯстони наздиктарини у, ки ин рисоларо дар шакли сиёҳнавис хонда буданд, вокиф буданд. Аҳмади Дониш асарҳои калонтарини худро, аз кабили «Манозирулкавокиб» (Манзараҳои ситорахо), «Рисолаи фи аъмол ил кура» (Рисола дар бораи амалиет бо кура), «Чомеаулхикоет» (асари бадеии тарчумаихоли), «Наводирулвакоеъ» (вокеаҳои нодир) ва «Тарчумаи холи амирони Бухорои Шариф» бо наср навиштааст. У порчаҳои шеъри хам дорад.

Дониш ва мусиқӣ

А. Дониш дар инкишофи тамаддуни мусиқии замонааш, махсусан пешрафти санъати иҷроӣ, таҳқиқии садаи XIX Бухоро саҳми хоса гузоштааст. Бо саъй ва эҳтимоми ӯ дар Бухоро машварат, мунозираҳои зиёди шеърию мусиқӣ баргузор мешуданд. Дар тадвини баёзҳои мусиқӣ, ки дар замони Амир Насруллоҳ, Амир Музаффар, Амир Абдулаҳад бевосита иштирок намуда, махсусан дар интихоби матни мақомҳо «Рисолаи Шашмақом», «Абёти Шашмақом», «Рисола дар баёни Шашмақом», ки солҳои 1878, 1887, 1890, 1891 таҳия шудаанд, бо эҳтимому сарварии ӯ ба субут расидаанд. Сарояндагону навозандагони бузург Бобоҷалол Носирзода, Қорӣ Каромати Дилкаши Танбурӣ, Бобоғиёс Абдуғанизода, Ҳомидхоҷаи Савтӣ, Ҳоҷӣ Абдурраҳмони танбӯрӣ, Домулло Ҳалим ва даҳҳо донандагони мусиқии Бухоро аз донишу андешаҳои зебоишиносии мусиқии А. Дониш баҳравар шуда, ба ғазалиёташ оҳангҳои марғуб сохтаанд. Мероси адабии А. Дониш ғазалу рубоиёташро мутрибон дар баёзу рисолаҳои мусиқии садаи XIX ва матнҳои минбаъдии «Шашмақом» ворид намудаанд. А. Дониш дар пешрафти афкори зебоишиносии садаи XIX тоҷик нақши муассир дорад.

АЗ АШЪОРИ ПАРОКАНДА

Дар таърифи тӯи маликаи Рус

      …Дар ин асру овон шахи мулки рус,
      Ки то кард бар тахти шохи чулус…
      Фитирибурч то пойтахти ту шуд,
      Бихишту Ирам аз забонҳо бишуд,
      Замин нест, ӯ вожгуна самост,
      Ки дар хар кадам ахтари пурзиёст.
      Дар ин шаҳр кас хур набинад бурун,
      Зи бисёрии ҳусни олам фузун.
      Зи чуши чарогон ба шабҳои тор,
      Замин чун сабо, осмон чун губор.
      Хусусан дар ин ахд, к-аз амри шох,
      Макорин ба хам гашта Бирчусу моҳ,
      Махи бурчи иззат, малики замон,
      Бад-у дурри якто шуд тавъамон.
      Ба акдаш фалак икди Парвин бирехт,
      Ба сурат ғам аз пеши мардум гурехт.
      Зи Кайвон дар ин базм буд посбон,
      Бидид ахтарон ҷумла чашмакзанон.
      На Бирчис аммома аз сар ниход,
      Ки баҳром хам лаб ба ханда кушод.
      Зи хуршед машъал ба даст омадаш.
      Ки Нохид бо хеш маст омадаш
      Зи дасти Аторуд калам уфтод,
      Махи пуштхам даст бар дар ниход.
      Ҷаҳони куҳан ёфт ранги нави,
      Ки чуз нагмаи уду най нашнави.
      Дарун дар имороти шашошён,
      Муфарак бар айвони зар устувон,
      Канодили зар, фаршҳои харир,
      Тахи по хасу шол чои часир.
      Хама гулъузорони борангу буй,
      Хама моҳидору хуршедруй…
      Зи гул хар яке хирмане сабзшох,
      Гиребон кушоданду доманфарохири
      Миёни на чун фикри Дониш нахиф,
      Вале поктабъанду посухлатиф.
      Нишинанд, ҷонҳо бихезад зи чо,
      Чу хезанд, дилхо барафтад зи по.
      Дар ин базм кавволу раққосу соз,
      Хама дилфиребу ҳама сарви ноз…
      Зи найрангу созу самоъу суруд,
      Фетербурчро сури якхафта буд.
      Пас он гоҳ шохи раъиятнавоз,
      Ба Маскав кашид олати базму соз.
      Се рӯзу шабон шаҳр оростанд,
      Зи хошоки ғам хона пиростанд.
      Чароги айвон ба гардун расид,
      Рухи ахтару мах се шаб кас надид.
      Зану мард, фавчи сипоху амир,
      Паи дидани шах ба хам дастгир…
      Ба саҳро зи сарди нафас аз гулу,
      Чу берун шуди, худ бигашти фуру.
      Вале хонахо буд хуррамбахор,
      Зи лола, раёхин, зи гул кӯҳсор.
      Ба хар суй фаввораву обшор,
      Зи тутиву булбул сад андар ҳазор.
      Ба хам оташу об ҷамъ омада.
      Ба дидан ҳама нури шамъ омада.
      Дар ин хонахо суфрахо ду катор,
      Бари хам кашида сад андар ҳазор,
      Нишаста ба давр аз ду су гулрухон,
      Хама ринду озодаву майпараст
      Шахе бо чунин мулку чохи азим,
      Хамерафт чун мизбони карим.
      Пиёда хамерафт бо хону хон,
      Ки фурсат равон аст, хуш бигзорон.
      Ишорат хамекард, ки дил хуш кунед,
      Мабодо, ки хотир мушавваш кунед.
      Чу ин базм берун буд аз таври акл,
      Ки душвор такрир мушкил ба накл.
      Вале фикри Дониш, ки мухо шикофт,
      Ба тахрири ичмолияш рох ёфт…

Ба Аделина Патти

      Потии пориси, он сарвкади зухрачабин,
      Дар табассум суи доман зи дахан гул мерехт.
      Зулфи пурчини хам андар хами ӯ дар буни гуш,
      Обруи тари аз чабхаи сунбул мерехт.
      Диданаш он ҳама кайфияти хайрат медод,
      К-у зи сахбои нигах дар кафи он мул мерехт.
      Лахну овози вай он сон, ки ба гуши ушшок.
      Гах хаши саъва, гахе чах-чахи булбул мерехт
      Аз Фитирбург азимат чу ба Амрико кард,
      Нолахо аз сару аз по ҳама гулгул мерехт.

Адабиёт

  • Абёти Шашмақом, Р:4632-1, ИШАФ Уз.;
  • Шашмақом, Р:1109-11, ИШАФ Уз.;
  • Ашъори Шашмақом, Р:302-VI, ИШАФ Уз.;
  • Ҳодизода Р. Аҳмади Дониш, Душ., 1976;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988; Баёзи Шашмақом, Душ., 2008.

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

Tags:

Аҳмади Дониш ЗиндагиномаАҳмади Дониш Осори Аҳмади Дониш Дониш ва мусиқӣАҳмади Дониш АЗ АШЪОРИ ПАРОКАНДААҳмади Дониш АдабиётАҳмади Дониш Ҳамчунин нигаредАҳмади Дониш ЭзоҳАҳмади ДонишБухороМадрасаСоли 1826Шофирком

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ибни ЯминЭнергетикаи ТоҷикистонҲикояҳои хурд-хурдБачадонНоҳияи АйнӣСурхчаДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентПарчами ТоҷикистонИсроилТахти ҶамшедБарномаи компютерӣДавлати ҳуқуқбунёдКӯҳҳои ТоҷикистонНишони ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинIMEI.TJСафедаҳоҶомеаи шаҳрвандӣМанғитияАдиб Собири ТирмизӣДавлат ва инқилобАмрикоИммунитетШуурМуҷассамаи ишқГулистон (асар)Исм (дастури забон)Гардиши хунАморати БухороКалимасозӣМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидУмари ХайёмБозрасии давлатии автомобилӣАҳмад ЗоҳирАттори НишопурӣСилсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи ВахшЯҳёи СебакПарвиз ҶабборзодаГенРобита бо ҷомеъаРӯдакӣВикипедияИттиҳоди ШӯравӣФароштурукHTMLМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБофтаДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонАлгебраНаврӯзАдадҳои мусбатКореяи ҶанубӣАрманистонСурияГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонМаориф дар ТоҷикистонАдадҳои бутунҶалолуддини БалхӣСирдарёЮнонДрама (ҷинси адабиёт)Кислотаи дезоксирибонуклеатАвестоФизиологияЭволютсияДонишкадаи исломии ТоҷикистонАкадемияи илмҳои кишоварзии ТоҷикистонШахс13 апрелЧиннигул (Мухаллас)Вазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои санги гурдаИшқОсиёҚобуснома🡆 More