Кобул

Кобул (форсӣ: کابل‎) — пойтахт ва шаҳри бузургтарини Афғонистон.

Аҳолаш 4 273 156 (2020). Вай маркази иқтисодӣ ва маданӣ, дар дараи танги дарёи Кобул дар баландии 1,800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Шаҳр
Кобул
пашту: ‎ва дарӣ: کابل
Overview of a section of the city
Presidential PalaceSquare
Abdul Rahman MosqueBabur Gardens
Wazir Akbar KhanSerena Hotel
Парчам
Парчам
HGЯO
Кишвар Парчами Афғонистон (2013–2021)
Мақом Афғонистон
Роҳбар Hamdullah Nomani[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1200
Масоҳат
  • 275 км²
Баландии марказ 1 790 м
Навъи иқлим континенталии тропикӣ
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3 071 400 тан (2019)
Эътиқодот мусулмонон, дигар динҳо
Забони расмӣ урду
km.gov.af
Кобул дар харитаи
Кобул
Кобул
Кобул Парвандаҳо дар Викианбор

Дар Кобул аслиҳа, либос, бисоти хона ва шакар истеҳсол мешаванд, ҳарчанд ки ҷанги аз соли 1979 пурдавом иқтидори иқтисодии шаҳрро костааст. Дар Кобул намояндагони миллату халқҳои гуногун, аз қабили тоҷикон 55 %, паштунҳо 20 % ва ҳазораҳо 20 % ва дигар миллатҳо 5 % зиндагонӣ мекунанд. Ҳамаи мардуми Кобул тоҷикӣ балад ва дар айни замон Порсигӯ ҳастанд. 90 дар 100 мардуми шаҳри Кобул ҳанафӣ ва 8 дар сад шиъа ва 2 дар сад боқӣ аз дин ва мазҳаб мебошанд. Дар айни замон дар Кобул раванди барқарорсозии харобаҳои замони ҷанг давом дорад.

Таърих

Номи Кобул бори аввал дар маъхазҳо, ҳамчун дарёи Кубҳа тақрибан 1200 пеш аз милод ва ҳамчун бошишгоҳ — Kabura тақрибан 300 пеш аз милод омадааст. Кобул дар замони антиқа номи Чабороро дошт. То забти арабҳо дар соли 664, Кобул дар ҳайати давлати Бохтар империяи Маурён, Кӯшониён, давлати ҳиндувон қарор дошт. Дар 6 асри минбаъда дар шаҳр намояндагони сулолаи Сомониён, Шоҳиёни Ҳинд, Ғазнавиён ва Ғӯриён ҳукмронӣ кардаанд.

Кобул 
манзараи шаҳри харобшуда

Дар садаи XIII шаҳрро муғулон ғорат карданд. Дар садаи XIV, нуфузи Кобул боз афзуд ва он ба яке аз марказҳои тиҷорати давлати Темуриён табдил ёфт. Баъдтар шаҳрро соли 1504 Бобур ишғол кард ва пойтахти хеш қарор дод.

Кобулро соли 1738 Нодиршоҳ забт кард. Дар миёнаҳои садаи XVIII дар Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба сари қудрат омад ва ҳукмронии афғонҳоро барқарор сохт. Соли 1772 писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ Темуршоҳ Кобулро пойтахт эълон намуд.

Соли 1826 Дӯстмуҳаммад подшоҳи Афғонистон шуд, вале соли 1839 инглисҳо кишварро забт карда, дар Шоҳ Шуҷоъ — дастнигари худро ҳоким карданд. Шӯриши соли 1841 инглисҳоро шикаст дод ва ба ақибнишинӣ ба сӯи Ҷалолобод водор сохт. Соли 1842 инглисҳо бош гшата Болои Ҳисорро ғорат карданд ва ба Ҳиндустон ақибнишинӣ карданд. Дӯстмуҳаммад ба тахт баргашт.

Дар ибтидои асри ХХ дар Кобул Амонуллохон ҳукмронӣ намудааст. Ӯ чандин ислоҳот, аз ҷумла, мактаб барои духтарон ва сар кардани истифодаи қуввваи барқро гузаронидааст. Пойгоҳи ӯ — Қасри Доруламон дар қисми ҷанубу ғарбии Кобул буд. Соли 1919 Амонуллохон баъд аз ҷанги сеюми инглисҳову Афғонистон, истиқлоли Афғонистонро эълон мекунад.

Соли 1932 донишгоҳи Кобул кушода шуд ва солҳои 50-уми асри ХХ бо кумаки Иттиҳоди Шӯравӣ кӯчаҳои шаҳр мумфарш карда шуданд.

Аз миёнаҳои асри ХХ сар карда, шаҳр ба маркази саноатӣ табдил ёфт.

Соли 1975 дар Кобул бо кумаки Чехословакия хати троллейбус кушода шуд.

Баъд аз оғози ишғоли Афғонистон аз тарафи Шӯравӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ Кобулро 23 декабри соли 1979 забт намуд ва онро маркази фармондеҳии қӯшунҳои худ дар Афғонистон, қарор дод. Баъд аз пошхӯрии ҳукумати Муҳаммад Наҷебуллоҳ дар соли 1992, Кобул ба маркази ҷанги шаҳрвҷандӣ табдил ёфт. Дар ин замон дар Афғонистон дар сари қудрат Ҷамъияти исломӣи Бурҳониддин Раббонӣ буд, вале пайравони Ҳизби исломии сарвазир Гулбуддин Ҳикматёр то соли 1996 қисми ҷанубиии шаҳрро пайваста мушакборон мекарданд.

Сентябри соли 1996 Кобулро толибон ишғол карданд, онҳо аҳолии босаводи шаҳрро таъқиб карда, пойтахтро ба Қандаҳор кӯчониданд.

Толибон Кобулро 12 ноябри соли 2001 баъд аз бомбапартоиҳои шадиди ИМА тарк гуфтанд ва ҳукмронии шаҳр ба дасти Иттиҳоди Шимол гузашт. Баъд аз ишғоли Афғонистон аз тарафи ИМА Кобул боз пойтахти Афғонистон қарор дода шуд.

Ба шаҳр Фурудгоҳи Байналмилалии Кобул хидмат мерасонад.

Иқлим

Иқлими Кобул
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми миёна, °C 4,5 5,5 12,5 19,2 24,4 30,2 32,1 32,0 28,5 22,4 15,0 8,3 19,6
Ҳарорати миёна, °C −2,3 −0,7 6,3 12,8 17,3 22,8 25,0 24,1 19,7 13,1 5,9 0,6 12,0
Минимуми миёна, °C −7,1 −5,7 −0,7 6,0 8,8 12,4 15,3 14,3 9,4 3,9 −1,2 −4,7 4,3
Андозаи бориш, мм 34 60 67 71 23 1 6 1 1 3 18 21 312
Сарчашма: World Climate Боду ҳаво ва иқлим

Кобул имрӯз

Қисми қадимаи Кобул пур аз бозорҳои дар қади кӯчаҳои танг ва каҷу морпеч ҷой гирифта, мебошад. Донишгоҳи Кобул соли 1931 кушода шудааст ва дар инчунин боз якчанд донишкадаву донишгоҳҳо ҳастанд. Яке аз ҷойҳои тамошобоби шаҳр Музеи Кобул аст. Болои Ҳисор қалъае, ки инглисҳо соли 1879 хароб карда буданд, ҳоло барқарор шудааст ва ба сифати коллеҷи ҳарбӣ хидмат мекунад. Қасри Доруламон собиқ бинои харобгардидаи вазорати мудофиа мебошад.

Дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳр Кобули Ғарбӣ, Боғи ҳайвоноти Кобул, Боғҳои Бобур, Болои Ҳисор, Масҷиди Шоҳи Душамшера, Галереяи миллии Афғонистон, Бойгонии миллии Афӯонистон, Мақбараи Шоҳони Афғонистон, теппаи Бибӣ Моҳрӯ, Қабристони насорои Кобул ва Боғи Пағмон мебошанд.

Аз нав барқароркунӣ

Нақлиёти шаҳрӣ дар Кобул камшумор буда, ҳамагӣ 108 автобус ба аҳолии 2-4 миллиона хидмат мерасонанд. Ҳиндустон, Эрон ва Ҷопон қарор додаанд, ки ба шаҳр автобусҳои мусофиркаш биёваранд.

Октябри соли 2005 дар Кобул 13 муассисаи бонкӣ фаъолият мекард.

Меҳмонхонаи Кобул (дар маркази шаҳр) бо кумаки AKDN бо маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ таъмиру тармим карда шуд.

Маориф

  • Донишгоҳи Кобул
  • Донишкадаи Тиббии Кобул
  • Политехникуми Кобул
  • Мактаби Байналхалқии Кобул

Кобул дар адабиёт ва шеър

Номи Кобул дар бисёр асарҳои адабиёти форсӣ — дарӣ (тоҷикӣ) омадааст. Аз ҷумла.

ززابل به کابل رسید آن زمان
Аз Зобул ба Кобул расид он замон

---Шоҳномаи Фирдавсӣ

Адабиёт

  • Hill, John E. 2004. The Western Regions according to the Hou Hanshu. Draft annotated English translation.[1]
  • Hill, John E. 2004. The Peoples of the West from the Weilue 魏略 by Yu Huan 魚豢: A Third Century Chinese Account Composed between 239 and 265 CE. Draft annotated English translation. [2]

Нигаред

Пайвандҳо

Tags:

Кобул ТаърихКобул ИқлимКобул имрӯзКобул дар адабиёт ва шеърКобул АдабиётКобул НигаредКобул ПайвандҳоКобулАфғонистонДарёи КобулЗабони форсӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Зиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадҶумъа ОдинаТоҷиконҶонишинҳои ишоратӣЮНЕСКОСаҳифаи аслӣСаноӣАмрикои ЛотинӣИбни СиноВола, АбдулҳақСоиби ТабрезӣҲусайн Воизи КошифӣҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣТаърихи ТоҷикистонПокистонРӯзи парчами давлатии ТоҷикистонГурӯҳи хунӣМаҷаллаи «Мероси ниёгон»НафтОлами ҳайвоноти ТоҷикистонОсорхонаи миллии ТоҷикистонМиллионери зоғанишинДавлати ҳуқуқбунёдГенерал-губернатории ТуркистонКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМубтадоАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣСозмони ҳамкории ШанхайСанҷидҲаёти ҷинсӣФотеҳ НиёзӣВараҷаАҳолии ЗаминАтмосфераи ЗаминДавлатТарбияи ҷисмонӣЗабонБемориҳои гӯшАкбар ҲакимовНерӯгоҳи барқи обии НоракРозия ОзодМушу гурбаБонки миллии ТоҷикистонТақсимоти маъмурии ТоҷикистонВладимир ЛенинҶаҳони ҒарбIPv6ВаҳдатВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонБалғамБарги зулфСомонАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣСулҳВавилон-МобайлРусияМучалПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Ҷонишин (дастури забон)Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонТаърихнигорӣБодШириншо ШотемурСуғдАбҷадЗардуштБемории панкреатитЭнергетикаи ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинАртиши СурхҶиноятҶумлаи амрӣЗабони ӯзбекӣ🡆 More