Давлати Ҳуқуқбунёд

Давлати ҳуқуқбунёд – истилоҳи давлати ҳуқуқбунёд (Rechstaat) дар адабиёти ҳуқуқии Олмон дар нимаи дуюми асри XVIII - аввали асри XIX пайдо шудааст.

Онро дар асарҳои худ К. Велкер (соли 1813), И.Х. Фрайхер фон Аретин (с. 1824), Робент фон Мол (соли 1832) истифода бурдаанд. Дар адабиёти ҳуқуқии англисӣ ба ҷои он истилоҳи «ҳукмронии ҳуқуқ» истифода мешавад Ба маънои васеъ давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар он ҳуқуқ ҳукмрон асг. Ба таври мушаххасгар давлати ҳуқуқбунёд ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияги ҳокимияти сиёсии омма аст.

Аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд:

  1. волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ;
  2. воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои фард;
  3. таҷзияи ҳокимият;
  4. волоияти адолати судӣ дар ҷомеа аз ҷумла назорати судии Конститутсионӣ

Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд нахустин бор дар яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарин «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990 аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зълон гардид. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ғояро ривоҷ дода, кафолатҳои онро муқаррар кард ва бартарии ҳуқуқ дар ҷомеа ва давлат таъкид гардид. Яке аз рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд волоият ва ҳукмронии қонун, дар назди қонун баробар будани ҳама мебошад. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсонн мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намоянд. Дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, эътироф, риоя ва |ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва \шаҳрванд - вазифаи муқаддаси давлат мебошад. Дигар талаботе, ки Конститутсия (моддаи 9) дар назди давлати ҳуқуқбунёд мегузорад, ин таҷзияи ҳокимиятн давлатӣ, яъне ба ҳокимняти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо намудани ҳокимиятн давлатӣ, ки ба воситаи он ҳар як мақоми номбурда имконият пайдо мекунад, ки мустақилона дар доираи салоҳияти худ амал намояд, ба шумор меравад.

Нигаред низ

Эзоҳ

Tags:

Олмон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣАдабиётшиносӣГоҳшумории ҳиҷрӣПомирМухотабРӯзи ҷаҳонии коргар872СебВатанНомаУмари ХайёмАввалин Бонки Молиявии ХурдИдҳои ТоҷикистонСамаки айёрЗиёуддин ЮсуфХобОрҳан БийиклӣБаёнот (санади ҳуқуқӣ)Бемориҳои асабФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонАвруосиёСумбоди МуғНуқтаҳои канории ТоҷикистонБоғи ба номи Камоли ХуҷандӣЗабонҳои ҷаҳонИнтихобот дар ТоҷикистонСалмони ФорсӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Ардашери БобаконАрманистонБуддоияНоҳияи СпитаменХирсДостонҶанги ҷаҳонии дувумКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲиндустонСиёсатшиносӣКонодоҶуғрофиёҶазоДоира (соз)Мухтор АвезовТемурмаликПудинаУзвҳои таносули занонаНоҳияҳои ТоҷикистонАдабТаърихнигорӣХати АвестоМизоҷ (равоншиносӣ)БухороШакли идораи давлатАндоз аз даромади шахсони воқеӣАкбар ҲакимовҲамлаи Муғул ба Осиёи МарказӣЗабондонӣНафтАдабиётАълочии маорифи ТоҷикистонҶШС ТоҷикистонМасти ишқ (филм)Рамзҳои давлатии ТоҷикистонАнгиштРубоиёти ХайёмАспи тоҷикӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудХати мехӣСайёра4 декабрЗабони лотинӣВилояти МаскавАъзои ҷумлаИдҳои анъанавӣИстихораБактерияҳо🡆 More