Ардашери Бобакон

Ардаше́ри Бобако́н, Ардашери Попакон (Ардашери I; порсии миёна: Artaxšēr аз порсии бостон: Artaxšaϑra; 180, Истахр, Порс, Шоҳаншоҳии Ашконӣ — 242) — бунёнгузор ва нахустин шоҳи Шоҳаншоҳии Соcонӣ (224—241).

Пас аз шикасти вопасин шоҳаншоҳи Ашконӣ Ардавони V, дар соли 224 мелодӣ подшоҳии Соcониро бунён гузошт.

Ардашери Бобакон
порсии миёна: Artaxšēr
Ардашери Бобакон
Шоҳаншоҳи Сосониён
224 — 241
Пешгузашта сулолаи Ашкониён:
Артабони V
Ҷонишин Шопури I
Таваллуд 180
Даргузашт 242
Дудмон Хонадони Сосон
Падар Бобак
Ҳамсар Динаг[d], Khwarranzem[d] ва Мурруд Бону
Фарзандон Шопури I ва Ardashir[d]
Эътиқод маздаясно
Ардашери Бобакон Парвандаҳо дар Викианбор

Ардашер ба порсии бостон «арْтаҳ‌хْш‌сْара» талаффуз мешавад аз номҳои куҳану сутудаи Эронӣ мебошад. Дар юнониаш "арْтаҳ‌кْсерْекْссْ " (Artaxérxēs Αρταξέρξης) мехонанд; Ардашер (ба порсии миёна:Ардашери Бобакон) "арْтахْшْтир " ё «арْтахْшир» буда, ба арманӣ «арْташӣс» (Artašēs Արտաշէս) маегуфтандашу дар форсӣ низ "Ардашер " хонда мешавд. Ардашер дар луғат маънои «касест ки подшоҳиаш барпояи ростию адолат аст» медиҳад. Ҷузъи нахусти артахшир баргирифта аз мафҳуми динии адолати мавсум ба «артаҳ» ё «аша» асту ҷузъи дувумаш бо мафҳум «шаҳр» дар иртибот аст.

Ардашери Бобакон
Қасри Ардашер дар Фирӯзобод

Зиндагинома

Писари Попак (Бобак) ва набераи Сосон — яке аз коҳинони Истахр. Бобак аз мавқеи иҷтимоии худ истифода бурда, писараш Ардашерро дар Доробгирд ба мақоми олии низомӣ расонд. Ардашери Бобакон чанд шоҳи Форсро мағлуб ва ҳалок карда, мулки онҳоро соҳиб шуд. Дар ҳамин вақт Бобак бар ҳокими Истахр Гавчеҳршоҳ шӯрида, макони ӯ — «Кохи сафед»-ро тасарруф кард. Гавчеҳршоҳро ба қатл расонда, худ бар тахти салтанат нишаст. Баъди марги Бобак писари калони ӯ Шопур подшоҳ таъйин шуд. Байни Шопур ва Ардашери Бобакон низоъ афтод. Ардашери Бобакон бино ба маълумоти «Форснома»-и ибни Балхӣ 44 солу 10 моҳ подшоҳӣ кард, аммо муддати 30 соли он дар ҷанги мулуки Таванф гузашт. Ӯ ҳама душманонашро аз байн бардошт ва муддати 14 сол шоҳаншоҳи Эрон буд.

Ҳукмронӣ

Шопур ногаҳонӣ фавтид ва бародарон тахту тоҷро ба Ардашери Бобакон тақдим карданд. Ардашери Бобакон пас аз чанде барои ҷилавгирӣ аз хиёнат ва шӯриши бародарон фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд. Пас аз он ба тасарруфи кишварҳои ҳамсоя пардохта, Кирмон ва соҳилҳои халиҷи Форсро ҷузъи қаламрави худ намуд. Оқибат байни Ардашер ва шоҳаншоҳи Ашкониён Артабони V ҷанг ба амал омад. Артабони V ба ҳокими Аҳвоз (Хузистон) фармуд, ки ба ҷанги зидди Ардашери Бобакон дарояд. Аммо Ардашери Бобакон фурсат надода Исфаҳон, Аҳвоз ва вилояти хурди Мисенро, ки дар резишгоҳи Даҷла ва соҳили халиҷи Форс воқеъ буд, тасарруф намуд. 26 апрели 224 дар ҳамвории Ҳурмуздатон байни Ардашери Бобакон ва Артабони V ҷанги шадиде рӯй дод ва Ардашери Бобакон Артабони V-ро кушта, сулолаи Ашкониёнро барҳам дод. Солҳои 226—227 маросими тоҷгузории Ардашери Бобакон барпо гардид ва ӯ унвони «шоҳаншоҳ»-ро гирифт. Пас ба тасхири кишвари Мод, шаҳри Ҳамадон, Озарбойҷону Арманистон пардохта, Сакистон, Абаҳаршаҳр (Хуросони ҳозира), Марв, Хоразм, Балхро тасарруф намуд ва бо ҳамин қудрати худро дар ноҳияҳои Шарқ вусъат дод. Мувофиқи маълумоти Табарӣ шоҳони Кушон, Турон ва Макурон (ноҳияе дар соҳили халиҷи Утмин ва Уқёнуси Ҳинд) шоҳаншоҳии ӯро ба расмият шинохтанд. Салтанати Ардашери Бобакон дар он замон Эрон, Афғонистон, Балуҷистон, Марву Хоразмро дар бар гирифта, сарҳади шим. ба Ҷайҳун ва ғарбӣ ба Бобулу Ироқ мерасид. Шаҳри Тайсафун (Мадоин)-ро пойтахти давлати Сосониён баргузид, вале қароргоҳи Ардашери Бобакон дар шаҳри Гур (Фирӯзободи ҳозира) буд, ки он ҷоро «Ардашерхура» номида боғҳо ва гулистонҳои рӯҳафзо бунёд кард. Дар айёми ҷавонӣ дар ин макон қасре ҳам сохт, ки осори вайронаи он то ҳанӯз боқист. Ин қаср яке аз аввалин биноҳои тоқдори Эрон буд. Давлати муқтадире, ки ӯ пойдор кард, ҳама қавмҳои Эронро муттаҳид намуда, ба империяи Рум рақобат мекард. Тамаддуни Сосонӣ агарчи думболаи тамаддуни Ашконӣ буд, вале мукаммал ва муҷаддиди он ҳисоб меёфт. Ардашери Бобакон барои вусъати ёдгориҳои моддӣ ва маънавии кишвар кӯшидааст. Дар аҳди Ардашери Бобакон шаҳрҳои нав қомат меафрохтанд (Ваҳардашер, Ардашерхура, Риоардашер, Ромардашер) ва ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бо мурури замон саргузашти ин подшоҳ сурати афсона гирифтааст. Дар «Корномаи Ардашери Попакон», ки шарҳи аъмол ва афъоли Ардашери Бобакон дар он дарҷ ёфтааст, матолибе дида мешавад, ки мутааллиқ ба ҳикояти Куруши Кабир аст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Дашков С. Б. Цари царей — Сасаниды. История Ирана III—VII вв. в легендах, исторических хрониках и современных исследованиях. — М.: СМИ-АЗИЯ, 2008. — 352 с. — 4000 экз. — ISBN 978-5-91660-001-8.
  • Книга деяний Ардашира, сына Папака. М., 1987. (Памятники письменности Востока. LXXVIII).
  • Фирдоуси. Шахнаме, т. V. M., 1984.
  • Геродиан. История. СПб. 1995.
  • Мовсес Хоренаци. История Армении. Ереван. 1990
  • Агафий Миринейский. О царствовании Юстиниана. М.,
  • История епископа Себеоса. Ереван. 1939;
  • Луконин В. Г. Культура сасанидского Ирана. М., 1969.
  • Луконин В. Г. Древний и раннесредневековый Иран. М., 1987.
  • Фрай Р. Наследие Ирана, 2-е изд., М., 2002.
  • Denkard, book 4.(пайванди дастнорас)
  • Zand-i Vohuman Yasht.
  • Jamasp Namak

Сарчашма


Tags:

Ардашери Бобакон ЗиндагиномаАрдашери Бобакон ҲукмронӣАрдашери Бобакон ЭзоҳАрдашери Бобакон АдабиётАрдашери Бобакон СарчашмаАрдашери Бобаконd:Q862251Ардавони VЗабони порсии бостонЗабони порсии миёнаПорсСоли 180Соли 242Хонадони АшконӣШоҳаншоҳии АшконӣШоҳаншоҳии Сосонӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбрешимАлҷазоирАшӯр СафарИродаНоҳияҳои ТоҷикистонМор­фология (мазмунҳо)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»Алифбои арабӣБолта ОртиқовНоҳияи ҲамадонӣНармафзорАндоз аз арзиши иловашудаАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонАнтонимҳоИбораи рехтаСаҳифаи аслӣСоли НавҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»НавзодНоҳияи ҲисорМуҳиддин АминзодаЧопгарТашкилоти буҷетӣБорбадҶумлаи амрӣБаёнотТошкандҚоқуНАТОНомҳои Худо дар ислом23 декабрАз адои ҷазо озод намуданДавлати ҳуқуқбунёдНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣНизомии ГанҷавӣВоситаҳои нақлиётПудинаГулназар КелдӣАдабиётБунёди ВикимедияДонишгоҳи миллии ТоҷикистонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонХусрави ДеҳлавӣГазГовВарзиш дар ТоҷикистонАмният22 апрелСарезҶонибеки МуродАмрикои ҶанубӣШириншо ШотемурҶумлаВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикПарандаХилофати АрабҲамид МусаддиқВатанҶумҳурии Мардумии ЧинВарзишҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣDokuWikiЗарфи сабабЭшони НуриддинҷонСаразмРӯзи парчами давлатии ТоҷикистонБемориҳои санги гурдаБофтаГулрафтор ШаҳобоваОсорхонаи мардумшиносии АИ Тоҷикистон🡆 More