Аҳмадшоҳи Дурронӣ

Аҳмадшоҳи Дурронӣ (пашту: احمد شاه دراني‎), ҳамчунин маъруф ба  Аҳмадшоҳи Абдолӣ (пашту: احمد شاه ابدالي‎; 1723-1773) — ходими давлатӣ, асосгузори давлати Дуррониён.

Баъди марги Нодиршоҳи Афшор амири Хуросон гардид. Паштунҳои Афғонистон баъзан ӯро Baba («падар») ном мебаранд.

Аҳмадшоҳи Дурронӣ
пашту: احمد شاه دراني
Аҳмадшоҳи Дурронӣ
парчам
1-умин Шоҳи Давлати Дуррониён
октябр 1747 — 16 октябри 1772
Ҷонишин Темуршоҳи Дурронӣ
Таваллуд 1723(1723)
Даргузашт 1773(1773)
Мадфан
Дудмон Durrani[d] ва Durrani dynasty[d]
Сулола Абдолӣ (Дурронӣ)
Ном ҳангоми таваллуд Ахмадхони Абдолӣ
Падар Муҳаммадзамонхон Абдолӣ
Модар Zarghona Anaa[d]
Ҳамсар Hazrat Begum[d]
Фарзандон Timur Shah Durrani[d]
Эътиқод Ислом
Рутба генерал
Аҳмадшоҳи Дурронӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аҳмадхон (баъдан Аҳмадшоҳ) дар Мултон таваллуд шуда, хонаводааш аввал ба Қандаҳор ва баъдан ба Ҳирот кӯч бастааст. Дар лашкаркашиҳои Нодиршоҳи Афшор ширкат намуда, маҳорати ҳарбиашро такмил додааст. Баъди марги Нодиршоҳи Афшор пешвоёни қабилаи абдолӣ дар мазори Шери Сурхи Қандаҳор ҷирга (ҷаласа) ороста, аз миёни як идда довталабони тоҷу тахт Аҳмадшоҳи Дуррониро баргузиданд. Дар аҳди ӯ абдолиён соҳиби имтиёз ва нуфузи махсус гардида, «дуррониён» ном гирифтанд ва худаш ҳамчун «дурри дуррон» шуҳрат ёфт. Аҳмадшоҳи Дурронӣ баробари муттаҳид намудани қабилаҳои парокандаи афғон Калот, Ғазнӣ, Кобул, Пешоварро тобеъ намуд, соли 1750 Балуҷистон, 1753 Кашмиру Панҷоб, 1755 Хуросонро зери итоати худ даровард, дар шимоли Балх, Қундуз, Маймана, Шибурғону Бадахшонро забт кард, ки қаблан мулкҳои Аморати Бухоро маҳсуб мешуданд. Аҳмадшоҳи Дурронӣ давлати азиме бо масоҳати 2 млн км мураббаъ барпо намуд, ки ғайр аз афғонҳо инчунин тоҷикон, ҳазораҳо, балуҷҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқу қабилаҳоро фаро меги­рифт, миёни онҳо дуррониҳо соҳиби нуфузу имтиёзи хос буданд. Тариқи мамлакатдорӣ ва ташкили қув­ваҳои низомии Дуррониён ба давлатҳои пешинаи Шарқи Миёна шабоҳат дошт. Забони дарӣ забони расмии Дуррониён буд. Дар аҳди Аҳмадшоҳи Дурронӣ ҳунармандӣ ва савдо дар шаҳру деҳот ривоҷу равнақ ёфта, истеҳсолот рӯ ба тараққӣ ниҳод. Пойтахти аввалаи Аҳмадшоҳи Дурронӣ – Қандаҳор ободу зебо гардида, дар ин ҷо иморати бисёр сохта шуд, ки намунаи онҳо мақбараи Аҳмадшоҳи Дурронӣ мазори «Хиркоми муборак» ҳоло ҳам побарҷост. Аҳмадшоҳи Дурронӣ дар дарбораш аҳли адабу илму ҳунарро ҷамъ оварда, худ шеър менавишт, девони ашъораш соли 1940 дар Кобул нашр шуд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Губар, Мир Гулам Мохаммед, «Ахмад-шах — основатель афганского государства», Москва 1959
  • Ганковский Ю. В. «Империя Дуррани», Москва 1958

Пайвандҳо

Tags:

Аҳмадшоҳи Дурронӣ ЗиндагиномаАҳмадшоҳи Дурронӣ ЭзоҳАҳмадшоҳи Дурронӣ АдабиётАҳмадшоҳи Дурронӣ ПайвандҳоАҳмадшоҳи Дурронӣ17231773АфғонистонПадарПаштуПаштунХодими давлатӣХуросон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОзарбойҷонМуҳаммад ҒоибФарҳангВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонКитоби МуқаддасАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣБуҷети давлатӣРӯдакӣАнас ибни МоликТВ Илм ва табиатCreative CommonsВилояти ДонетскПарчами Тоҷикистон8 мартПешояндХилофати АббосиёнКилиан МбаппеАминокислотаҳоДевид КемеронБемориҳои санги гурдаНишони ТоҷикистонВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонГулистон (асар)Христофор КолумбРибосомаНикколу МокиовеллӣРумМартБайнаннаҳрайнБобоҷон ҒафуровБемориҳои дилКалимаФарзонаи ХуршедИсоҶанги ҷаҳонии дувумГардиши моддаҳо дар табиатҲуҷайраСутунмуҳраАнтисептикаАнқараИёлоти Муттаҳидаи АмрикоШветсияҶашни СадаАдабиёти тоҷик дар садаи ХХБаҳорАдабиёти тоҷикИстихораСифати нисбӣАрастуИқтисоди миллӣСадриддин АйнӣАббоси IМир МафтунСурхрӯдаСӯхтагӣАллоҳАлкалоидҳоАловуддин АбдуллозодаМуайянкунандаФарҳанги забони тоҷикӣҲуқуқи оилавӣЧарлз ДарвинВикипедияРичард Райт (муаллиф)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Юҷин ВигнерФурӯпошии ИҶШСАдвокатСафо ва МарваҲолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунандДарахтАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонМаркетингЭрон🡆 More