Аҳмад Зоҳир

Аҳмад Зоҳир (дарӣ: احمد ظاهر;‎ 14 июн 1946 (1946-06-14), Кобул — 14 июни 1979, Кобул, Афғонистон) — сароянда ва оҳангсози афғонистонӣ.

Аҳмад Зоҳир
форсӣ: احمد ظاهر
Аҳмад Зоҳир, солҳои 70-уми асри гузашта
Аҳмад Зоҳир, солҳои 70-уми асри гузашта
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 14 июн 1946(1946-06-14)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 июн 1979(1979-06-14) (33 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 19641979
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда ва оҳангсоз
Соз гитор
Ношир(он) EMI[d]
ahmadzahir.com

Шарҳи ҳол

Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омадааст. Хатмкардаи литсеи «Ҳабибия» ва Дорулмуаллимини Кобул, муддате дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шуҳрат ёбад.

Сабк

Нахустин ҳунарманди Афғонистон аст, ки созҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Аз соли 1972 то поёни умр ҳамасола бонуфузтарин ҷоизаи санъати сарояндагии Афғонистон «Хонандаи беҳтарини сол»-ро сазовор гардидааст.

Эҷодиёт

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки асосан ба забони дарӣ ва чанде ба за­бонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд. Оҳангу таронаҳояш аз рӯйи сабку шеваи иҷро асосан дар пайравии оҳангҳои анъанавии миллӣ ва қисман сабки мусиқии ҳиндӣ ва ғарбӣ эҷод шудаанд. Бар асоси оҳанг­ҳои такмилдодаи халқӣ низ таронаҳои зиёде сурудааст. Барномаи бебаҳояш аз эҷодиёти қариб сад шоири пешину муосири форс-тоҷик гулчин шудааст. Ба мавзӯъҳои ишқӣ, ватандӯстӣ-иҷтимоъӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намудааст.

Дар Тоҷикистон суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир маҳбубияти зиёд доранд. Бисёр сарояндагони тоҷик дар пайравии ӯ таронаҳо месароянд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир садҳо лавҳаву мақола ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.

Феҳрасти сурудҳо

Ин феҳрист аз ҷониби устод Комилҷон Аҳроров ва дигар ҳаводорони санъати волои Аҳмад Зоҳир тартиб дода шудааст:

Эзоҳ

Адабиёт

  • Боз омадам. Душанбе, 1992;
  • Султони Ҳамад. Султони қалбҳо. Душанбе, 2005;
  • Султони Ҳамад. Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ. Душанбе, 2007;
  • Исфандиёр. Як мушт шеъру як мушт оҳанг. Душанбе, 2008;
  • Султони Ҳамад. Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб. Душанбе, 2012.

Пайвандҳо

  1. Ёди рӯзгори ширин — РӮЗГОР.ТҶ Бойгонӣ шудааст 13 августи 2020  сол.
  2. Аҳмад Зоҳир: «Мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам» Бойгонӣ шудааст 5 марти 2016  сол.
  3. Китобе дар бораи А. Зоҳир ва таронаҳои вай дар сабки ғарбӣ
  4. Хабиб Саид - Ахмад Зохир – яркая и неугасающая звезда персидского небосвода – ПДФ

Tags:

Аҳмад Зоҳир Шарҳи ҳолАҳмад Зоҳир СабкАҳмад Зоҳир ЭҷодиётАҳмад Зоҳир Феҳрасти сурудҳоАҳмад Зоҳир ЭзоҳАҳмад Зоҳир АдабиётАҳмад Зоҳир ПайвандҳоАҳмад Зоҳир14 июнАфғонистонЗабони дарӣКобулКомпозиторСарояндаСоли 1946Соли 1979

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷонишинҳои таъйинӣСомонПурсишномаТурсунзода (шаҳр)Вилоятҳои ТоҷикистонАбурайҳони БерунӣҚобилияти ҳуқуқдорӣСадриддин АйнӣВоситаҳои нақлиётИндонезияДеваштичВулгаризмҳоСозмони ҳамкории ШанхайҲафт муъҷизаи оламТағйирпазирии ирсӣНизоми сиёсӣТаълимБаҳоуддавла НурбахшӣҶашни СадаШӯриши ВосеъШабакаи иҷтимоӣМақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣМастона ЭргашеваИбора (дастури забон)Алифбои тоҷикӣТрансформатор23 декабрМулло НуровЗаминларзаЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадПешояндГунҷишкЗебоишиносӣЗабони тоҷикӣКамоли ХуҷандӣҲизби сиёсӣФарзонаи ХуршедБухороЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикОсорхонаи мардумшиносии АИ ТоҷикистонМусоҳибаЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣБаҳористонНависандаи халқии ТоҷикистонДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонIPv6Хилофати АббосиёнИбораҳои зарфӣАдабиёти тоҷикДастурамалИстилоҳХунСаразмКаъбаҲокимияти давлатӣМанғитияСиёсатномаЛатифаCSSҶанги ҷаҳонии якумНоҳияи Шамсиддин ШоҳинСаҳеҳи БухорӣКонодоНАТОДрама (ҷинси адабиёт)ҚазоқистонСамаки айёрСохти шумораҳоВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонВола, АбдулҳақМӯъмин ҚаноатЧистонДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонГармшавии ҷаҳонӣБадахшонБемории қанд🡆 More