Бонки миллии Тоҷикистон — бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон | |
Макон | Тоҷикистон, Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 38/1 |
Санаи таъсис | 28 июни соли 1991 |
Президент (раис) | Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло |
Арз | Сомонӣ |
Вебгоҳ | nbt.tj(рус.) |
Пешина | Нурмаҳмадзода Ҷамшед |
Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Тоҷикистон» ном гирифт. 23 май соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»-ро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард, қабул кард. Дар асоси қонун ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон муайаян карда шудаанд.
Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.
Асоси қонунгузории бонкии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳанд. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, усулҳои ташкили он, вазифаҳои асосӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақсаду воситаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, усулу тарзҳои танзиму назорати бонкӣ, тартиби таҷдиди сохтор ва барҳам додани муассисаҳои қарзӣ, ташкили гардиши пулу ҳисоббаробарӣ ва дигар вазифаву ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муайян мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон моликияти Тоҷикистон буда, дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, метавонад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро ба даст орад, ки барои таъмини фаъолияти вай заруранд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.
Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд,0 ё сармояи оинномавии онро кам кунад.
Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад ва дар доираи салоҳияте, ки ба вай қонун додааст, соҳибихтиёр аст. Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, хидматҳои бонкӣ расонад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ уҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ вобастаанд, иҷро намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ки вай фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вайро тасдиқ мекунад, ҳисоботи солонаи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро баррасӣ менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон дорои 5 шуъбаи минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ғарм ва 1 намояндагӣ дар Федератсияи Русия мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 26 октябри 2000, № 415 соли 2000 пули миллии кишвар — Сомонӣ (пулҳои коғазии арзишашон 1,5, 10, 20, 100 сомонӣ ва воҳидҳои хурди он бо арзиши 1,5, 20, 50 дирам) ва дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 августи 2001 ва аз 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филиззии арзишашон 1, 3, 5, сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирамро ба муомилот баровард. Ислоҳоти мазкур анҷоми мантиқии давраи барқароршавии шабакаи бонкӣ, барпо намудани сиёсати пулию қарзӣ ва ташкилшавии низоми миллии пулӣ гашта, барои рушду такомул, вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат кард.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 1997 бо мақсади инкишофи низоми пардохт дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барномаи густардаи «Омодасозии ҷадвалҳои ҳисоботии гардиши пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомнома «Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ аз рӯи низоми пардохтҳои электронӣ»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Моҳи июли 1999 ба узвияти Созмони байналхалқии SWIFT қабул ва ба системаи INTERNET ҳамроҳ гардид, ки дар низоми бонкии Тоҷикистон воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ назди БМТ ҷиҳати муайян намудани сабаб, шароит ва омилҳои коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ) феврали соли 2021 назарсанҷиро миёни аҳолии ҷумҳурӣ гузаронид. Аз рӯи таҳлили маълумотҳои ҷамъбастии ҷавобҳои додашудаи респондентон натиҷагирӣ карда шуд, ки ҳиссаи истифодабарандагони хизматрасониҳои ТҚМ дар ду соли охир 79,0 фоизро ташкил медиҳад. Онҳо бештар аз чунин хизматрасониҳои ТҚМ - гирифтани қарз, интиқоли маблағҳо, гирифтани корти пардохтӣ, пасандозгузорӣ ва кушодани суратҳисоб истифода менамоянд. Дар ду соли охир 21,0 фоизи респондентон аз хизматрасониҳои ТҚМ истифода намебаранд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар Викианбор |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Бонки миллии Тоҷикистон, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.