Амрикои Лотинӣ

Амрикои Лотинӣ (исп. América Latina, Latinoamérica, португалӣ: América Latina, фр. Amérique latine) — номи гурӯҳи мамлакатҳое, ки дар қисми ҷанубии Америкаи Шимолӣ (якҷоя бо Америкаи Марказӣ, Вест-Индия) ва тамоми Америкаи Ҷанубӣ воқеанд.

Амрикои Лотинӣ
?
Амрикои Лотинӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

Масоҳати умумии Амрикои Лотинӣ 22,8 млн км2. Аҳолиаш беш аз 500 млн нафар (2010). Зичии миёнаи аҳолӣ – 30 нафар дар 1 км2, дар минтақаҳои сернуфус – 100 нафар дар 1 км2. Дар ҳудуди Амрикои Лотинӣ давлатҳои Аргентина, Бағам, Барбадос, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Гаитӣ, Гайана, Гватемала, Гондурас, Гренада, Республикаи Доминикана, Колумбия, Коста-Рика, Куба, Мексика, Никарагуа, Панама, Парагвай, Перу, Салвадор, Суринам, Тринидад ва Тобаго, Уругвай, Чилӣ, Экватор, Ямайка, инчунин мулкҳои Британияи Кабир, Франсия, Нидерланд ва ИМА ҷой гирифтаанд. Аҳолии Амрикои Лотинӣ гуногунмиллат буда, аз ҷиҳати этникӣ хеле мураккаб аст. Дар он мардуми таҳҷоӣ – ҳиндиҳои Америка, европоиҳои муҳоҷир, мулатҳо, самбо, зангиён, хитойиҳо, ҳиндуҳо ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 10 фоизи мардуми Амрикои Лотинӣ ба забон ва лаҳҷаҳои гуногуни ҳиндиҳои америкоӣ ҳарф мезананд. Азбаски аксарияти аҳолии минтақа ба забони романӣ гуфтугӯ мекунанд ва асоси ин забон лотинист, ин сарзамин Амрикои Лотинӣ ном гирифтааст. Дини асосӣ – дини католикӣ. Амрикои Лотинӣ аз ҷиҳати синни миёнаи аҳолӣ «ҷавонтарин» дар ҷаҳон аст: тақр. 45 фоизи аҳолии он то 15-сола буда, аҳолии аз 60-сола боло ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳоло 15 фоизи тамоми аҳолии Амрикои Лотинӣ ва нисфи аҳолии Боливия, Гватемала, Перу ва Эквадор ҳиндиҳои америкоӣ мебошанд. Сафедпӯстон наздики 20% буда, бештар дар Аргентина, Уругвай ва Коста-Рика маскунанд. Африкоиҳо (9 – 10%) аксаран дар Гаитӣ ва Вест-Индия, ҳиндуҳо дар Гайана, Тринидад ва Тобаго, хитойиҳо дар Вест-Индия иқомат доранд.

Таърих

Сокинони Амрикои Лотинӣ ҳанӯз дар замонҳои палеолити боло ва мезолит аз шимолу шарқи қитъаи Осиё ба ин мавзеъ омада аз таъриху тамаддуни хеш намунаҳои ҳайратовар боқӣ гузоштаанд. Дар давраи пеш аз Х. Колумб (то ибтидои садаи XVI) баъзе аз ин халқҳо соҳиби алифбои худ буда, аз илмҳои астрономия, математика, тиб хабар дош-танд, бо коркарди филизоти гуногун, бофандагӣ, санъати тасвирӣ машғул буданд, шаҳрҳои тараққикарда дош- танд. Қабилаҳои бузурги то имрӯз боқимондаи аймара, астекҳо, кечуа, майя, инкҳо ва ғ. сохти давлатдории ибтидоии синфиро аз сар мегузаронданд (масалан, Копан, Тауантинсуйу, Теночитлан, Чичен-Интса). Истилои Амрикои Лотинӣ аз тарафи европоиён дар охири садаи XV шурӯъ шуда, дар асрҳои 16 – 17 асосан ба анҷом расида буд. Ҳанӯз дар ибтидои садаи XVI ба Амрикои Лотинӣ ғуломон аз Африка оварда шуда, европоиён – асосан испаниҳо ва португалиҳо, сонитар англисҳо, франсавиҳо ва голландиҳо ба «мустамликаҳои худ» фавҷ-фавҷ меомаданд. Дар натиҷа омезиши гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ба вуҷуд меомад ва наслҳои ин омезишҳоро «креолҳо» меномиданд. Аҳолии бумӣ аз як тараф қир шуда, аз ҷониби дигар аз бемориҳои сироятии европоиҳо мефавтиданд. Солҳои 1810 – 1826 дар натиҷаи ҷунбишҳои озодихоҳонаи халқҳои мустамликаҳои Испания ва аз Португалия тамоман ҷудо шудани Бразилия аксари мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ истиқлол ба даст оварданд. Ҳудудҳои бузурги Амрикои Лотинӣ ҳоло азхуд ва маскун нашудаанд. Минтақаҳое, ки зичии миёнаи аҳолиашон дар як км2 камтар аз 3 нафар аст, 50 фоизи тамоми қаламрави Амрикои Лотиниро ташкил медиҳанд ва дар онҳо танҳо 5 фоизи аҳолии он муқиманд. Ҳоло Амрикои Лотинӣ 300 шаҳри бузург ва мегалополисҳо (Рио-де-Жанейро, Мехико, Буэнос-Айрес, Сантяго ва ғайра) дорад.

Марзбандии сиёсӣ

Ба Амрикои Лотинӣ чунин кишварҳо ва ҳудудҳои тобеъ дохиланд:

Давлатҳо Ҳудудҳои тобеи (вобастаи) ИМА Ҳудудҳои тобеи (вобастаи) Фаронса
Амрикои Лотинӣ  Аргентина Аргентина

Амрикои Лотинӣ  Бразилия Бразилия
Амрикои Лотинӣ  Боливия Боливия
Амрикои Лотинӣ  Венесуэла Венесуэла
Амрикои Лотинӣ  Гаити Гаити
Амрикои Лотинӣ  Гватемала Гватемала
Амрикои Лотинӣ  Гондурас Гондурас
Амрикои Лотинӣ  Ҷумҳурии Доминикана Ҷумҳурии Доминикана
Амрикои Лотинӣ  Колумбия Ҷумҳурии Колумбия
Амрикои Лотинӣ  Коста-Рика Коста-Рика

Амрикои Лотинӣ  Куба Куба

Амрикои Лотинӣ  Мексика Мексика
Амрикои Лотинӣ  Никарагуа Никарагуа
Амрикои Лотинӣ  Панама Панама
Амрикои Лотинӣ  Парагвай Парагвай
Амрикои Лотинӣ  Перу Перу
Амрикои Лотинӣ  Салвадор Салвадор
Амрикои Лотинӣ  Уругвай Уругвай
Амрикои Лотинӣ  Чили Чили
Амрикои Лотинӣ  Эквадор Эквадор

Шаблон:Парчами Пуэрто-Рико Пуэрто-Рико Амрикои Лотинӣ  Гваделупа

Амрикои Лотинӣ  Мартиника
Амрикои Лотинӣ  Сен-Бартелми
Амрикои Лотинӣ  Сен-Мартен
Амрикои Лотинӣ  Гвианаи Фаронса

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Амрикои Лотинӣ ҶуғрофиёАмрикои Лотинӣ ТаърихАмрикои Лотинӣ Марзбандии сиёсӣАмрикои Лотинӣ ЭзоҳАмрикои Лотинӣ СарчашмаАмрикои ЛотинӣАмерикаи МарказӣАмерикаи ШимолӣЗабони испанӣЗабони португалӣЗабони фаронсавӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Пиряхи ФедченкоҶонишинҳои таъйинӣСадриддин НаҷмиддинШоҳаншоҳии СосонӣҒалтаки индуктивӣҶонишинҳои нафсӣСуманакСуръатБарзу АбдураззоқовСиғаҳои феълИсоНамозФоробӣИсроилКишоварзӣ дар ТоҷикистонБачадонБарқи ТоҷикЛаппишГулгардонӣДушанбеНизомулмулки ТӯсӣЛайло ФуруҳарАбдуҷаббор РаҳмонзодаАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБелгияҲаёти ҷинсӣГандумСуруди миллии ПокистонБадруддин ҲилолӣМикробиологияКонодоТоҷикон дар аҳди муғулҳоВазири мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонМучалДавлати Хоразми БузургВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонОсорхонаи миллии бостоншиносии ТоҷикистонЭдвард УайтҲизби сиёсӣҲормонАспГурдаҲайдаршо ПирумшоевШаҳрҳои ТоҷикистонСармоягузорӣ (инвеститсия)ФароштурукГумрукАъзои ҷумлаДонишкадаи исломии ТоҷикистонИсломАср (намоз)БорбадУтришОсиёСиёҳалафСулҳҲизби коммунистии БухороҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонДавлати унитарӣМартРашид ОлимовСоли 1977Масеҳият11 августУбайди ЗоконӣКамхунӣАдабиёти русӣКаъбаТандурустӣ дар ТоҷикистонДарахтТурсун ӮлҷабоевМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи КӯшониёнВикипедияи ТоҷикӣДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон🡆 More