Иоҳанн Бах

Иоҳанн Себастян Бах (21.3.1685, Эйзенах – 28.7.1750, Лайпсиг) — оҳангсози касбӣ ва арғунуннавози олмонӣ, яке аз бузургтарин намояндагони мусиқии Аврупои Ғарбӣ дар даврони барокко.

Иоҳанн Бах
Иоҳанн Себастян Бах
Johann Sebastian Bach
Иоҳанн Бах
Иоҳанн Бах
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 март 1685(1685-03-21)
Зодгоҳ Эйзенах Олмон
Таърихи даргузашт 28 июл 1750(1750-07-28) (65 сол)
Маҳалли даргузашт Лайпсиг Олмон
Солҳои фаъолият 1710—1750
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсози касбӣ ва арғунуннавози олмонӣ
Соз Арғунун, клавесин, скрипка ва Алт (сози мусиқии торӣ)
Сабк Baroque music[d]
Соядаст
Соядаст
Иоҳанн Бах Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Иоҳанн Себастян Бах дар оилае камол ёфт, ки дар саросари Олмон бо мусиқидонӣ маъруф буд. Аз наврасӣ овозхони хор буд, навохтани арғунун, клавесин ва скрипкаро омӯхт. Соли 1695 ятим монд ва дар оилаи бародари калониаш, ки дар Ордруф арғунуннавоз буд, тарбия ёфт. С. 1695 ятим монд ва дар оилаи бародари калонияш, ки дар Ордруф арғунуннавоз буд, тарбия ёфт. То с. 1700 дар литсейи Ордруф таҳсил кард. Солҳои 1700–1702 шогирди мактаби назди дайри Михаили Муқаддас дар Люксембург буд. Сипас вориди роҳи бузурги мусиқии касбӣ шуд. Дар ҷараёни зиндагӣ ҳеч гоҳ берун аз Олмон нарафт, аммо чанд бор макони зисташро табдил кард.

Эҷодиёт

Бах осори бузурге (ҳудуди 1000 асар) ба мерос гузошт, ки амалан тамоми жанрҳои мусиқӣ (ба ҷуз опера)-ро дар бар гирифтааст. Дар осори ӯ композитсияҳои бузурги созӣ, ҳамчун симфония, консертҳо барои клавир бо оркестр, триосонатаҳо, чандин соната барои клавир (ҳудуди 150) мавқеи бартар доштааст. Сабки эҷодии Бах маъмулан ба даврони гароиши барокко ба самти ҳунари мусиқии классикӣ марбут дониста мешавад. Осори Бах қуллаи баланди афкори фалсафӣ дар мусиқист. Наздик ба 300 асари ӯ, аз ҷумла кантатаҳои динӣ, ораторияҳои «Машаққати Иоҳан», «Машаққати Матфей», «Магнификат», «Ораторияи иди мелоди Масеҳ» ва ғ. аз лиҳози оҳангу танин мумтозанд. Бах дар мусиқӣ нахустин бор барои клавир асари консертӣ таълиф кард. Асарҳои ӯ – «6 консерти бранденбургӣ» ва 4 сюита («Увертюраҳо») барои оркестр дар таърихи мусиқии оркестрӣ марҳалаи наве боз карданд; консертҳо, сонатаҳо ва партитаҳо барои клавир, скрипкаҳо ва дигарон созҳо; асарҳои зиёде барои арғунун (аз ҷумла, зиёда аз 150 хорал, прелюдия, токкатаҳо, фантазияҳо, фугаҳо, 4 консерт, 6 соната ва ғайра). Қимати барҷастаи таърихӣ ва бедеӣ, силсилаи машҳури он – «Клавири нағз температсияшуда» дорад (48 прелюдия ва фуга), ки ҷӯршавии ягонаи мусиқии ҳозиразамонро устувор сохт. Хидмати Бах дар такмили созҳои мусиқӣ, бавижа дар арғунун ва клавир шоиста аст. Осори ӯ дар айни зиндагиаш, он гуна ки мебоист, қадр нашуд. Ба истеъдоди Бах оҳангсозон Л. Бетховен ва В. Мотсарт баҳои баланд додаанд. Соли 1950 дар Лейпсиг ба муносибати 200-солагии рӯзи вафоти Бах озмуни байналхалқӣ доир шуд. Баъд аз ин ҳар чор сол озмуни ба номи Бах баргузор мегардад.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 58-59. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Tags:

Иоҳанн Бах ЗиндагиномаИоҳанн Бах ЭҷодиётИоҳанн Бах ЭзоҳИоҳанн Бах СарчашмаИоҳанн БахАврупои Ғарбӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Созмони ҳамкории исломӣРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонМирзо ТурсунзодаЭмомалӣ РаҳмонҶазои маъмурӣАминҷон ШукӯҳӣШоҳаншоҳии АшконӣMicrosoft WindowsГенРақобатМир Сайид Алии ҲамадонӣВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонРусияАндозбандӣМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Юрий ГагаринАҳолии ТоҷикистонИдҳои ТоҷикистонҶопонҶанги ҷаҳонии якумВаколатномаАлӣ ибни АбутолибИқлимБарномаи зиддивирусӣDokuWikiҚазоқистонСаттор ТурсунҶонишинҳои саволӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонАсадии ТӯсӣАҳолии ӮзбекистонУзвҳои пешобЭраҷ МирзоЧилахон ХоловДавлати СомониёнАсри биринҷӣАндози иҷтимоӣБонки миллии ТоҷикистонВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГурдаВилоятҳои ТоҷикистонОсиёи МиёнаАбдурраҳмони ҶомӣҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАннотатсияИлмҳои гуманитарӣСагМанғитияАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонСаидмурод ДавлатовХунКамолуддин БиноӣИдрокАндоз аз арзиши иловашудаӮзбекистонКитоби сурхҶонишинҳои манфӣБозор СобирБеморӣАдабиёти илмӣАвруосиёАфриқоЭнсиклопедияи мухтасари тибСайёраРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонҚатарНоҳияҳои ТоҷикистонВладимир ЛенинШайбониёнМактабҶангБиосенозОриёӣ🡆 More