Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа

Windows (аз англ. — «равзана», кутаҳ. Win) — маҷмӯъи системаҳои амалиётии ширкати Microsoft, ки дар асоси истифодаи интерфейси графикӣ амал мекунад.

Microsoft Windows
Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа
Тавсеъадиҳанда Microsoft
Аввалин барориш 20 ноябр 1985
Охирин нусха
Охирин нусхаи санҷишӣ
Пуштибонии платформаҳо ARM architecture[d], IA-64[d], MIPS architecture[d], DEC Alpha[d], PowerPC[d] ва x86[d]
Интерфейс Windows Runtime[d], Windows API[d], .NET Framework[d], Universal Windows Platform[d], .NET Compact Framework[d], .NET[d], Windows Forms[d] ва Windows Presentation Foundation[d]
Иҷозатнома proprietary license[d]
Пешгузашта MS-DOS[d]
Веб-сайт windows.com(англ.)
Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа Парвандаҳо дар Викианбор

Дар айни ҳол зиёда аз 90 дарсади компютерҳои инфиродӣ бо системаи амалиётии Microsoft Windows кор мекунанд Дар ин система ҳар як барнома дар экран дохили равзанаи хеш тасвир шуда, тавассути унсурҳои он идора ва иҷро мешавад. Вариантҳои Windows 3.1. ва Windows 3.11 қабатҳои амалиётии графикӣ ном дошта, пеш аз ба кор оғоз карданашон бояд системаи амалиётии MS-DOS ба кор шурӯъ кунад.

Намудҳои Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР ва Windows Mе системаҳои амалиётии мустақил дошта, бевосита ба кор шурӯъ мекунанд. Вариантҳои ояндаи Microsoft Windows аз вариантҳои қаблӣ мукаммалтар, хотираашон зиёд, реҷаи муҳофизаташон мукаммал, вазифаҳояшон васеътар буда, дар онҳо функсияҳои мултимедиягӣ илова мешаванд. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 сохта шудааст. Кор бо ҳама вариантҳои Windows аз системаи амалиётии MS-DOS осону муносибтар аст. Microsoft Windows барои ҳамаи барномаҳои худ муҳити ягонаи корӣ (интрефейс)-ро таъмин мекунад. Маҷмӯи Windows NT аз Miсrosoft Windows XP иборат буда, системаҳои амалиётии 32 ва 64-битӣ мебошанд ва ба MS-DOS ҳатто барои корандозӣ эҳтиёҷ надоранд. Танҳо оилаи мазкури Microsoft Windows барои серверҳо (шабакаҳо) системаҳои амалиётӣ дорад.

Маҷмӯи системаи амалиётии компютерҳои ҷайбии Windows СЕ махсус барои афзори мобилӣ сохта шудаанд. Бархилофи дигар системаҳои амалиётии Microsoft Windows системаи амалиётии оилаи мазкур як ҷо бо афзори тайёр, ба монанди смартфонҳо, компютерҳои ҷайбӣ, GPS-навигаторҳо, MP3-садодиҳандаҳо ва ғ. фурӯхта мешавад.

Маҷмӯъи системаҳои амалиётии Windows Embedded ба системаҳои амалиётии вақти воқеӣ мансуб буда, махсус дар дохили системаҳо сохта шуда, онҳоро якҷо бо афзори тайёр, ба монанди банкоматҳо, афзори тиббӣ, ҳавонавардӣ, терминалҳои пардохтқабулкунӣ, роботҳо, автоматҳои бозӣ ва ғ. мефурӯшанд.

Эзоҳ

Адабиёт


Пайвандҳо

Tags:

MicrosoftЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Зарфи мақсадҶонишинҳои манфӣТабДеваштичАҷамМикологияОташУқёнуси ҲиндЗаминҶомеаи шаҳрвандӣМастона ЭргашеваАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонАлюминийЗарфи тарзи иҷрои амалАлӣ ибни АбутолибВилояти СуғдБобоҷон ҒафуровАморати БухороПуркунандаИсмоили СомонӣАндозМусоҳибаИбора (дастури забон)Бандак (забоншиносӣ)Ҷонишинҳои нафсӣХуфтанЗарф (дастури забон)Бомдод (намоз)Исмҳои мураккабСифати нисбӣПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Исмҳои шахс ва ғайришахсДарахтВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонКӯҳҳои ТоҷикистонБодирингЭраҷ МирзоВикипедияи ТоҷикӣУқёнуси АтласҶумҳурии ТоҷикистонИттиҳоди ШӯравӣНосири ХусравБанди кимиёӣҶонишинҳои шахсӣАмсилаҶуғрофиёАдабВулгаризмҳоНақлиёт дар ТоҷикистонНавзодКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВоситаҳои нақлиётБорони офтобӣБоғи ҳайвоноти ДушанбеҲазрати ИсоПрезиденти ТоҷикистонСозмони ҳамкории ШанхайСоли 2020Давлати ФаластинДавлати СалҷуқиёнЗимистонОлами набототи ТоҷикистонИнтернетУзвҳои таносули занонаЛибоси миллии тоҷиконСайф Раҳимзоди АфардӣХусрави ДеҳлавӣҲайзГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонАлгебраҶонибеки МуродАнорФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонСамаки айёр🡆 More