Дандон

Вақте лабҳо ба табассум боз мешаванд, дандонҳои ҷилодору булӯрине, ки дар моварои он ду лаъл маскан гузидаанд, зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд.

Соҳиби чунин дандон ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба ҳусни худ зебоӣ ва аз сӯи дигар ба саломатӣ ва дурахшиши ҷавониро ҷилва диҳад. Нишонаи пирӣ танҳо хамидагии қомат ва коста шудан аз хирмани мӯю гесу нест. Он чӣ аз шумораи дандон кам шавад, нишонаест, ки дигар сафову зулоли ҷавонӣ ба манзили ғуруби худ равон аст. Бемориҳои дандон иборатанд аз илтиҳоби милки дандон, кирмхӯрдагии дандон, варам ва чирки буни дандон, хунрезӣ ва дарди дандон ношӣ аз авомили гуногун.

Дандон
      Дарди дандон дораму дандон ба дандон мезанам,
      Тоқати анбур надорам, сар ба сандон мезанам.

Тибби расмӣ эътироф менамояд, ки сабаби харобию пусидагии дандон то ба ҳол ошкор нашудааст, вале ихтилол дар реҷаи ғизо монанди тағйири мувозинаи намакҳо ва камбуди витаминҳо, махсусан «В», «С» ва «Д» метавонад нақш дошта бошад. Дард худ ба худ пайдо намешавад, балки ҳангоми тамос бо гармию сардӣ, туршӣ ва ширинӣ, инчунин ҷисми сахт пайдо хоњад шуд.

Пешгирии ин беморӣ дандон бояд аз батни модар оғоз гардад. Модари тифл бояд ғизоҳое итеъмонл намояд, ки саршор аз витаминҳо, фтор, калсиюм ва фосфор бошад, то тифли оянда аз дандонҳои мустаҳкам ва ҷилодор, инчунин устухони қавӣ бархӯрдор бошад. Ин мавод дар дохили ширу панир, чормағз, сиру пиёз, моҳии баҳрӣ ва карам ба таври фаровон мавҷуданд.

Агар дарди дандон ба сабаби пӯсидагӣ ва сӯрохӣ бошад, аз ин нусха истифода кунед: Занҷабилро бо каме сирко ва асал ҷӯшонда дар сӯрохии дандон бирезед.ба дарди дандон таскин мебахшад. Агар коҷи дандон дард кунад – даҳонро бо дамкардаи решаи гули хайрӣ дам ба дам обкашӣ намоед ё хокаи дорчиниро бо асал омехта карда ба коҷи дандон бимолед. Ба кољи дандон зуд шифо мебахшад.

Ним қошуқча содаи хурокиро бигиранд ва чанд қатра перексро дар он бичаконанд ва бо ангушти ишора қисмате аз онро бардоранд ва коҷи дандонро молиш диҳанд. Агар ин амалро чанд бор такрор кунанд, хунрезии дандон барои ҳамеша аз байн хоҳад рафт.


Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОриёӣҲахоманишиёнЯҳудиятИбораҳои исмӣВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонКуруши БузургҲуқуқу озодиҳои шахсӣХоқонии ШервонӣАудитИттилоотИлмРамзҳои давлатии ТоҷикистонФизиологияҶазои маъмурӣHTMLҲизби халқии демократии ТоҷикистонҲуҷайраНигора ХоловаЗабони форсӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»Муҳаммад ҒоибЗабони арабӣГипотеза (ҳуқуқ)Аблулҳамид ДбейбаАдаптатсияКамоли ХуҷандӣМуқаннаъҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонҲиҷоЭнсиклопедияи миллии тоҷикҲиндустонСтандарти байналмилалии рақамгузории китобМучалМуодилаи квадратӣҲафт муъҷизаи оламҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонФитри рӯзаОрҳан БийиклӣКалисои католикӣВилояти СуғдҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ДулонаПиряхҳои ТоҷикистонТаҳияи масҷидМеъёрҳои муносибатҳои шаҳвонӣ дар ИсломБПНМСозмони Милали МуттаҳидБарномаи зиддивирусӣИдҳои ТоҷикистонВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонОсиёи МарказӣИгор ДодонИнформатикаРаҳимов КомронIMEI.TJMicrosoft WordСилсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи ВахшАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитТақсимоти маъмурии ТоҷикистонВилоятҳои ТоҷикистонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонИсмҳои мураккабҚаҳрамони ТоҷикистонТаърихи ЭронҚобусномаҶигарПрезиденти ТоҷикистонЗабони тоҷикӣДандонАмнияти миллӣЗабони толишӣМаркетингФирдавсӣБеҳдоштПешояндБуқротҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИнтернет🡆 More