2023 Заминларзаи Туркияву Сурия

Заминларзаи Туркияву Сурия дар соли 2023 — номи рамзии ду заминларзаи падарпайи қудратманд, ки дар 6 феврали 2023 ба фосилаи 9 соат аз якдигар рух дод.

6 феврали 2023, дар соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ (04:17 TRT), заминларзае қавӣ ҷануби Туркияро дар ғарби шаҳри Ғозиайнтоб ларзонд ва хисороти густурдаеро дар саросари Туркия ва Сурия эҷод кард. Ин зилзила бо миқёси шиддати Мерколлии ислоҳшуда IX (хашин) ва бузургии 7,8 риштер, қавитарин заминларза дар минтақа баъд аз заминларзаи Арзанҷон (1939) будааст. Дар ин зилзила бар асоси додаҳои аввалия, беш аз 40 000 нафар (дастикам 8500 нафар дар Сурия ва беш аз 29 600 нафар дар Туркия) кушта шуданд. Туркия вазъияти фавқулодда эълом кардааст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон дар робита ба ин ҳодиса 7 рӯзи мотам эълом кард. Ардуғон гуфт, ки ин шадидтарин заминларза дар Туркия аз соли 1939 токунун аст.

Заминларзаи Туркияву Сурия
Дар ҷиҳати ақрабаҳои соат аз боло самти чап: Парчами Туркия, ки ба нишонаи азодорӣ барои қурбониёни зилзила нимабарафрошта шудааст. Марде, ки дар як пиёдарав рӯбарӯи сохтимонҳои фурӯрехта нишастааст. Мардум дар ҳоли барраси хисорати пас аз зилзила; Як истгоҳи пулиси фурӯрехта; Оворагони зилзила, ки дар як маркази намоишгоҳӣ паноҳ гирифтаанд.
Дар ҷиҳати ақрабаҳои соат аз боло самти чап: Парчами Туркия, ки ба нишонаи азодорӣ барои қурбониёни зилзила нимабарафрошта шудааст. Марде, ки дар як пиёдарав рӯбарӯи сохтимонҳои фурӯрехта нишастааст. Мардум дар ҳоли барраси хисорати пас аз зилзила; Як истгоҳи пулиси фурӯрехта; Оворагони зилзила, ки дар як маркази намоишгоҳӣ паноҳ гирифтаанд.
Заминларзаи Туркияву Сурия (2023) (Туркия)
Нуқта
1
Нуқта
2
Нуқтаи сурх
Ғозиайнтоб
Нуқтаи сурх
Қаҳрамонмаръаш
Нуқтаи сурх
Истанбул
Нуқтаи сурх
Анқара
Нуқтаи сурх
Ҳалаб
Заминларзаи авал ва дувум дар харита
Замон

6 феврали 2023
04:17 (ларзаи аввал)

13:24 (ларзаи дувум)
Бузургӣ

7,8 (ларзаи аввал)

7,5 (ларзаи дувум)
Жарфо

17,9 км (ларзаи аввал)

10,0 км (ларзаи дувум)
Маҳалли ларза HGЯO
Кишвар (минтақа)-ҳои осебдида 2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Туркия
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Сурия
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Исроил
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Лубнон
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Урдун
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Ироқ
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Қазоқистон
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Покистон
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Қибрис
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Арманистон
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Гурҷистон
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Русия
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Фаластин
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Руминия
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Юнон
Сунами Незначительное
Талафот Беш аз 41 130 кушта, беш аз 113 000 захмӣ
Дар Туркия: беш аз 35 400 кушта ва 105 500 захмӣ
Дар Сурия: беш аз 9 000 кушта ва 7 280 захмӣ
Хисороти иқтисодӣ $84 млрд (ҳисоби пешакӣ)
Пасларзаҳо 3170
2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Парвандаҳо дар Викианбор

Замина

Туркия дар яке аз фаъолтарин манотиқи ларзахези ҷаҳон қарор дорад. Бо ин ҳол, минтақае, ки дар он заминларза дар 6 феврали 2023 рух дод, аз назари ларзашиносӣ нисбатан ором аст. Аз соли 1970, танҳо се заминларза дар радиуси 250 километрии заминларзаи 6 феврал ба бузургии 6 риштер ва бештар рух додааст. Бузургтарини онҳо бо қадри 6,7 дар 24 январи 2020 рух додааст.

Пайомадҳо

Дар натиҷаи заминларза беш аз 21 540 нафар ҷон бохтанд, 80 160 нафарзахмӣ шуданд. Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот беш аз 8 ҳазор нафар аз зери харобаҳо наҷот ёфтанд.

Туркия

Шумори куштаҳо ва захмиён дар Туркия бар пояи вилоятҳо
Вилоят Куштаҳо Захмиҳо
Одоно 408 3993
Одиёмон 3105 400
Ботмон 0 20
Диёрбакр 212 854
Ғозиайнтоб 2141 4809
Хатой 5111 6200
Қаҳрамонмаръаш 5326 5000
Килис 22 518
Малатиё 289 4900
Усмония 878 2173
Шанлиурфа 304 2551
Элозиғ 5 379

Раисиҷумҳурии Туркия Раҷаб Ардуғон гуфт, ки ин қавитатарин заминларзаи Туркия аз соли 1939 аст. Қурби Лираи туркӣ ба пойинтарин сатҳи худ суқут кард. Дар Туркия 6217 сохтмон, аз ҷумла 310 дар Қаҳрамонмаръаш, 1278 дар Хатой, 581 дар Ғазиайннтоб, 201 дар Шанлиурфа, 101 дар Усмония, 130 дар Малатиё, 50 дар Килис, 600 дар Одиёмон, 20 сохтмон дар Диёрбакр ва 24 дар Одоно фурӯрехт. Фурудгоҳҳои Қаҳрамонмаръаш ва Ғазиайннтоб барои парвозҳои ғайринизомӣ баста шуданд.

Сурия

Ҳадди ақал 3868 тан дар Сурия кушта ва 7285 тан захмӣ шуданд. Вазорати беҳдошти Сурия беш аз 1678 маргумир бар асари заминларза ва 2950 захмиро дар манотиқи таҳти контрол давлат сабт кардааст, ки бештар онҳо дар устонҳои Ҳалаб ва Лозиқия буданд. Дар манотиқи таҳти контроли шӯришён, ҳадди ақал 2190 тан кушта, ва 2200 тани дигар захмӣ шуданд. Садҳо нафар дар шаҳрҳои Ҷиндирес ва Аториб кушта шуданд. Дар Ҷабла ҳадди ақал 283 тан ҷон бохта, 173 нафар захмӣ шуданд ва 19 сохтимон фурӯ рехт.

Дар Сурия дар шаҳри Ҳалаб, 46 сохтмон фурӯрехт. Ба гуфтаи Идораи кулли осори босттонӣ ва музейҳои Сурия, ки маконҳои бостонии мухталиф дар саросари шаҳр ба таври густурда шикаста шуда ё фурӯрехтаанд, дар деворҳои қалъаи Ҳалаб, ки дар Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст, шикофҳое пайдо шуданд.

Бузургтарин полоишгоҳи нафти Сурия дар Бониёс кори худро ба далели осеб ба таҷҳизот мутаваққиф кардааст, камбуди фаровардаҳои нафтӣ ба вуҷуд омад.

Вокунишҳо

Туркия чаҳорумин сатҳи ҳушдор (болотарин)-ро эълом кард. Се моҳ вазъияти фавқулъода дар 10 устон ва ҳафт рӯз мотами милӣ эълом шуд. Раҷаб Тайиб Ардуғон эълом кард, ки ба хонаводаҳои зилзилазада 10 000 лираи Туркия пардохт хоҳад шуд, ӯ ҳамчунин эълом кард, ки давлат зарфи як сол дар 10 устон барои осебдидагон хона месозад. 70 кишвар ва 14 созмон ба Туркия кумак карданд. Ҳилоли аҳмари Туркия барои кумак ба осебдидагон шурӯъ ба таҳияи захираҳои хунӣ кард. Ин созмон аз сокинон хост то онро иловатан кунанд. Фуот Уқтой ноиби раисиҷумҳурм Туркия гуфт, ки теъдоди кулли афрод даргир дар кори ҷустуҷӯ ва наҷот 103 800 нафар буда, 5531 адад техникаи вазнин ва 900 ҷарсақил дар ҳоли истифода аст. Ҳамчунин 10 киштӣ, 50 ҳавопаймо ва 72 чархбол даргир ҳастанд. Гурӯҳҳои наҷот аз 66 кишвар вориди Туркия шуданд. Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки қасд дорад 6,5 миллион евро ба Туркия ва Сурия бидиҳад. Давлати Сурия барои кумак ба Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардааст. Янез Ленарчич, комиссари аврупоӣ барои мудирият буҳрон гуфт, ки алорағми таҳримҳо алайҳи давлат Сурия, кумакҳои башардӯстона ба Сурия ирсол хоҳад шуд.

Эзоҳ

Tags:

2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Замина2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Пайомадҳо2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Вокунишҳо2023 Заминларзаи Туркияву Сурия Эзоҳ2023 Заминларзаи Туркияву СурияЗаминларзаЗаминларзаи Арзанҷон (1939)Раҷаб Тайиб АрдуғонСурияТуркияҒозиайнтоб

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

БозорМусулмонПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Созмони Милали МуттаҳидШабакаи компютерӣИмперотурии УсмонӣЖежмаряйМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонТошкандҲайзАдабиётЗахмСурияМуҳаббати румонтикӣАвестоКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонМолдоваЛитваИнсонНикколу МокиовеллӣНазарияи бозии нақшбозӣГулистон (асар)Сироҷуддини СигзӣСомониёнҲокимияти сиёсӣБемории қандАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитИдеологияТаровеҳСоли 1578Ҷо БайденҚаҳрамони Меҳнати СотсиалистӣАлека ҲаммондГераҶамъияти дорои масъулияти маҳдудФизикаПулпитНамози ҷамоатТаърихи ТоҷикистонБелгияУзвҳои таносули мардонаУзвҳои таносули занонаАмниятГурҷистонТехасТом ҲэнксӮзбекистонШамсиддини ШоҳинТВ Илм ва табиатБемориҳои ҷигарУбайди ЗоконӣМисри ҚадимПиряхМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонШвейтсарияЯманИталияИттиҳодияи АврупоАдаптатсияИнтихоби табиӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ДулонаЗаминҶанги ҷаҳонии дувумҲаёти ҷинсӣКарбогидратҳоЭмомалӣ РаҳмонСатяҷит РайАбуюсуфи ВобканӣҶонишинҳои шахсӣКореяи Ҷанубӣ9 июнДавлати СелевкиёнМубтадоНоҳияи ВахшMicrosoft WordВосеъ8 мартДавлати Ғазнавиён🡆 More