Ғозиайнтоб: шаҳр дар Туркия

Ғозиайнтоб (тур.

Ин шаҳр бо ҷамъияте беш 2,130,432 нафар шашумин шаҳри пурҷамъияти Туркия ва аз санъатитарин шаҳрҳои ин кишвар башумор меравад. Ҳамчунин ин шаҳр ба иллати доштан теъдоди зиёде донишҷӯи турк ва хориҷӣ дар Донишгоҳи Ғозиъайнтоб яке аз шаҳрҳои донишҷӯии Туркия низ ба шумор меравад.

Ғозиайнтоб
тур. Gaziantep
Ғозиайнтоб: Таърихча, Ном, Иқтисод ва санъат
Кишвар Ғозиайнтоб: Таърихча, Ном, Иқтисод ва санъат [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 7 642 км²
Баландӣ
850 м
Вақти минтақавӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 27 000
Вебгоҳи расмӣ(тур.)
Ғозиайнтоб: Таърихча, Ном, Иқтисод ва санъат Парвандаҳо дар Викианбор
Ғозиайнтоб: Таърихча, Ном, Иқтисод ва санъат
Манзараи шаҳр

Таърихча

Ғозиъайнтоб аз шаҳрҳои таърихии арманиён аст. Ин шаҳр дар соли 1404 тавассути Темур вайрон шуда ва дар соли 1516 ба тасарруфи Туркони Усмонӣ даромад. Ъайнтоб ва беш аз яксади рустои ҳавмаи он дар қарни ҳаждаҳум комилан арманинишин буда, ки баъдҳо давлатҳои Усмонӣ бо ҳадафи тағйири нисбати ҷамъиятӣ туркҳоро дар онҷо мустақар карданд. Дар оғози садаи бистум, Ъайнтоб 50 ҳазор нафар ҷамъият дошт, ки ҳудуди 20 ҳазор нафар аз онҳо арманӣ буданд. дар Ъайнтоб осори таърихи мазҳабӣ ва фарҳангӣ (калисоҳо, савмаъаҳо ва қалъаҳо)-и мутааддиде аз арманиён ба ҷо мондааст.

Ном

Дар феврали 1921, маҷлиси Туркия ин шаҳрро ба унвони Ғозӣ Айнтоб (غازى عينتاب) ба маънии «қаҳрамони ҷанги Айнтоб» барои тамҷиди муқовамати шаҳр дар Ҷанги ҷаҳони аввал баробари муҳосираи Фаронса баргузид ва ин ном аз соли 1928 расмӣ шуд.

Иқтисод ва санъат

Ин шаҳр яке аз муҳиммтарин қутбҳои иқтисодии Туркия ва аз муваффақтарин шаҳрҳо дар содироти маҳсулот тавлидии худ ба хориҷ аз Туркия мебошад. Иқтисоди ин шаҳр мабнӣ бар тиҷорат ва корхонадорӣ аст ба ҳамин хотир ин шаҳр яке аз санъатитарин шаҳрҳои ин кишвар мебошад ба тавре, ки бузургтарин шаҳраки санъатии созмонёфтаи Туркия бо беш аз 1140 корхона дар ин шаҳр воқеъ шудааси. Умдаи корхонаҳои мавҷуд дар заминаи қолинбофӣ, саноеъи ғизоӣ, қатаъоти худрав, нассоҷӣ, кафш ва ғайра фаъолият доранд.

Кишоварзӣ

Кишоварзӣ дар Ғозиъайнтоб ағлаб ба сурати деймӣ ва боғӣ аст. Ин шаҳр бузургтарин тавлидкунандаи паста Туркия мебошад ҳам чунин дорои токзорҳои бисёр ва боғҳои зайтун мебошад, дар замина фароварӣ ва бастабандии маҳсулоит кишоварзи дар Туркия саромад мебошад.

Илму дониш

Ин шаҳр дар маҷмӯъ 4 донишгоҳ дорад аммо муҳиммтарин он Донишгоҳи Ғозиъайнтоб аз донишгоҳҳои давлатӣ ва барҷастаи Туркия дар ин шаҳр қарор дорад.

Гардишгарӣ

Ғозиъайнтоб яке аз аввалин сукунатгоҳҳои инсонӣ дар минтақаи Онотулӣ мебошад ба ҳамин иллат дорои ҷозибаҳои таърихӣ ва гардишгарии мутааддиде мебошад. Аз ҷумла қалъаи таърихии Ғози Ъайнтоб дар маркази шаҳр, чандин бозори қадимӣ, осорхонаҳо, боғи ваҳш (бузургтарин боғи ваҳши Туркия ва панҷумин дар ҷаҳон мебошад), боғи гиёҳшиносӣ ва ғайра мебошад. Қалъаи таърихии Ғозиъайнтоб дар заминларзаи 6 феврали 2023 осеби ҷиддӣ дид ва вайрон шуд.

Эзоҳ

Tags:

Ғозиайнтоб ТаърихчаҒозиайнтоб НомҒозиайнтоб Иқтисод ва санъатҒозиайнтоб КишоварзӣҒозиайнтоб Илму донишҒозиайнтоб ГардишгарӣҒозиайнтоб ЭзоҳҒозиайнтобВилояти ҒозиъайнтобЗабони арманӣЗабони туркӣТуркия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СомонхудотАбулқосим ЛоҳутӣТемурмаликНасим РаҷабМизоҷ (равоншиносӣ)АлюминийОсиёи Миёна дар ҳайати давлати ҲахоманишиҳоҶонишинҳои таъйинӣКитобНоҳияи ПанҷакентМартШуурЗарфи миқдору дараҷаҶигарАсри биринҷӣЗарфи монандӣЗимистонҶазои маъмурӣМасдарҒуриёнМаҳбалКатибаи БесутунПешояндҳои аслӣЭшони НуриддинҷонХонии ҚӯқандИтолиёТабиатIMEI.TJАл-ҚонунАҳмад ЗоҳирСурхчаЗабоншиносӣИнтернетДилВоситаи ахбори оммаБоғдорӣӮзбекистонАҳолӣНоҳияи ЗафарободСуруди миллии ТоҷикистонИскандаркӯлҶалолуддини БалхӣЧилахон ХоловОлами набототи ТоҷикистонШумораАмир ОлимхонҲаёти ҷинсӣИттиҳоди АврупоДубайКалимаҳои туфайлӣСиёсатСомонНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонВарзиши сабукМаскавАнтонимҳоШириншо ШотемурБактерияҳоВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонБозорГули бобунаХусрави ДеҳлавӣАндоз аз молу мулки ғайриманқулГурӯҳи хунӣИсмҳои воқеӣ ва мафҳумЭраҷ МирзоБПНМТеатрЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикЧилучорчашмаУзвҳои пешобИбни СиноАдабиёти тоҷикАфсонаВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон🡆 More