Пирях

Пирях — тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд.

Пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини Мовароуннаҳр, ба хусус Тоҷикистон аст.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд:

  • Муғсу — 1004 пирях,
  • Бартанг — 269 пирях,
  • Қизилсу (Шимолӣ) — 280 пирях,
  • Ғунд — 1349 адад пирях,
  • Мурғоб — 879 пирях,
  • Зарафшон — 1227 адад пирях
  • дар ҳавзаи дарёи Хингов — 756 адад пирях мавҷуданд.

Пиряхҳои калонтарин

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои калонтарин инҳоянд:

  • Федченко [651,7 км², тӯлаш 77 км],
  • ГруммГржимайло [160 км², тӯлаш 36,7 км],
  • Бивачний [197 км², тӯлаш 27, 8 км],
  • Гармо [153 км², тӯлаш 27,5 км],
  • Савуқдараи Калон [69 км², тӯлаш 25,2 км],
  • Ҷамъияти Географӣ [81,8 км², тӯлаш 21,5км],
  • Гандо [55 км², тӯлаш 22,5 км]
  • Зарафшон [41 км², тӯлаш 27 км]
Пирях 
Пиряхи Перито Морено дар Аргентина

Нигаред

Сарчашма

Tags:

Замин

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Хоқонии ШервонӣЗимистонБаёнотНоҳияи ЁвонНосири БухороӣТиргонИдрокИдҳои ТоҷикистонБахилӣКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонОлами ҳайвоноти ТоҷикистонВарзишгоҳАдабиёти тоҷик дар садаи ХХВарзиши сабукКатибаи БесутунНоҳияи ВанҷЗардуштКонститутсияи ҶШС ТоҷикистонТемурмаликГулистон (асар)ШуллукСотим УлуғзодаПиряхҳои ТоҷикистонАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣНамудҳои вақти корМавзуна ЧориеваДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати ТоҷикистонШоҳмузаффарВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонУзвҳои пешобБофтаВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонПавел ДуровСанади ҳуқуқӣЗабони инглисӣТарбияи ҷисмонӣИсмҳои мураккабБозрасии давлатии автомобилӣРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонШуурМуайянкунандаISO 3166Африқои МарказӣГумрукШаҳрҳои ТоҷикистонБеларусБонкДавлати ҳуқуқбунёдДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонВилоятҳои ТоҷикистонФарҳанги ТоҷикистонНасрониёнТемурАврупои ҒарбӣСаъдӣЗабони тоҷикӣСипоҳи посдорони Инқилоби исломӣГармчашмаВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЮрий ГагаринҲоҷӣ Ҳусайни КангуртӣШӯриши ВосеъРайҳонЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадМуродифВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонОсорхонаи таърихии вилояти СуғдСалмони ФорсӣАҳмадҷони РаҳматзодҶалол ИкромӣИлмКислотаАдабиёти илмӣСурайё Қосимова🡆 More