Бофта

Бофта (Textus) — маҷмӯи ҳуҷайраҳое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд.

Бофта
Бофта

Сохт

Сохт ва ҷойгирии бофтаҳоро гистология меомӯзад. Бофта эпителиявӣ, пайвандӣ, мушакӣ ва асабӣ мешавад. Вазифаи бофтаи эпителиявӣ муҳофизат, ихроҷ ва ҷаббиши моддаҳо аст. Ба бофтаҳои пайвандӣ хун, лимфа, бофтаҳои тӯрмонанд, ковок, зич, тағоякӣ ва устухонӣ мансубанд. Бофтаҳои тӯрмонанд узвҳои махсуси муҳофизатӣ ва хунофар (сипурз, лимфағуддаҳо, мағзи устухон)-ро ташкил мекунанд. Бофтаҳои пайвандии ковок аз ҳуҷайраю нахҳои гуногун ва моддаи байни ҳуҷайраҳо иборат буда, насҷи зери пӯст ва қабатҳои ковоки байни узвҳоро ба вуҷуд меоранд. Рагу пайҳо аз бофтаҳои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Бофтаҳои пайвандии тағоякӣ, ки аз ҳуҷайраҳои калон иборатанд, ба пайдоиши бандҳо, қабурға, бинӣ, гӯш ва диг. узвҳо замина мегузоранд. Бофтаҳои пайвандии устухонӣ вазифаи такягоҳро иҷро мекунанд. Бофтаҳои мушакӣ ду навъ – суфта ва кӯндаланграх мешаванд. Мушакҳои суфта аз ҳуҷайраҳои дарози дукшакл иборат буда, ҳаракати узвҳои дохилиро таъмин месозанд. Мушакҳои кӯндаланграх аз торҳои мушакӣ (мушакҳои скелетӣ) ё ҳуҷайраҳо (мушаки дил) иборатанд; онҳо қобилияти тез кашиш хӯрданро доранд. Бофтаҳои асабӣ аз ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва ёрирасон иборат буда, барои дарк, таҳлил ва ҷавоби ангезиши аз муҳит ё аз узвҳо омада мусоидат мекунанд. Ангезиш тавассути ретсепторҳо қабул шуда, ба импулсҳои асаб мубадал мегардад ва ба воситаи торҳои асаб ба системаи асаби марказӣ мегузарад. Дар ин ҷо импулсҳои ҷавобӣ ташаккул ёфта, ба воситаи дигар торҳои асаб ба узвҳо мераванд.

Нигаред

Эзоҳ

Адабиёт

  • Гаврилов Л. Ф., Татаринов В. Г.'' Анатомия: Учебник. — 2-е изд. перераб. и доп. — М.: Медицина, 1986. — 368 с

Сарчашма

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб (Иборат аз 5 ҷилд) . – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – 504 с.

Tags:

Бофта СохтБофта НигаредБофта ЭзоҳБофта АдабиётБофта СарчашмаБофтаҲуҷайра

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳамлаи Эрон ба Исроил (2024)Маҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидМаркетингДеваштичПуркунандаКонодоОлами ҳайвоноти ТоҷикистонСафедаҳоШоҳаншоҳии СосонӣТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияБиосфераСозмони ҳамкории ШанхайҚитъаҶомеаи иттилоотӣБемории панкреатитҲуҷайраҲуқуқи молумулки ҳамсаронМуҳаммадБаҳовадин Абдулсаидович ЗуҳурдиновРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)СосониёнАфғонистонГурӯҳи хунӣЗанбӯри асалХонии ҚӯқандАфлотунАнтисептикаАбдурраҳмони ҶомӣКароматуллоҳи МирзоБозиҳои олимпӣЭмомалӣ РаҳмонКонвенсияи ҳуқуқи кудакКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСурхакНафтАлгебраАбушакури БалхӣBloggerАспВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи кайҳоннавардонБосмачиҳоИскандари МақдунӣОсиёРевоҷНизомии ГанҷавӣҚарзАсмэраБобоҷон ҒафуровДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонПарвиз ҶабборзодаҲикояҳои хурд-хурдЗардуштИстихораАломатҳои роҳМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонРашт (Эрон)ТахачСулҳҚонунМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонРангЗахмМартОсиёи МарказӣБешаи палангонАмволи муштараки зану шавҳарБаландии мутлақНамак22 апрелЧилучорчашмаҲиссаҳои нутқБемористонИтолиёБадруддин Ҳилолӣ🡆 More