Владивосток

Владивосток — шаҳр дар Русия, маркази кишвари Примория.

Шаҳр
Владивосток
русӣ: Владивосток
Владивосток
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар Владивосток Русия
Роҳбар Konstantin Shestakov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 20 июн (2 июл) 1860
Аввалин номбарӣ 20 июн (2 июл) 1860
Масоҳат
  • 331,16 км²
Баландии марказ 8 м
Минтақаи замонӣ UTC+10:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 423
Нишонаи почта 690000–690999
vlc.ru(рус.)(англ.)
Владивосток Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

Дар нимҷазираи Муравёв-Амурский, дар соҳили халиҷҳои Амур ва Усурийск ҷойгир аст. Аҳолиаш 603,2 ҳазор нафар (бо атрофаш 1,01 млн нафар, 2014). Бандар дар уқёнуси Ором. Нуқтаи охирини шоҳроҳи худрав ва роҳи оҳани Сибир. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Таърих

Владивосток соли 1860 ҳамчун дидбонгоҳи ҳарбӣ дар соҳили халиҷи Димоғаи Тилоӣ (Золотой Рог) аз ҷониби гурӯҳи киштии бодбондорӣ «Манчжурия» бунёд гардид. Аз аввали солҳои 70 садаи XIX бандари Владивосток дар савдои Русия дар уқёнуси Ором мавқеи асосиро ишғол мекунад. Соли 1881 ба Владивосток пойгоҳи ҳарбии баҳрии Сибир кӯчонда шуд. Аз соли 1880 шаҳр, аз соли 1888 маркази вилояти Примория. Соли 1897 то Хабаровск р. о. сохта, соли 1903 ба Маскав хатти мустақили р. о. гузаронда шуд. Соли 1918 ба Владивосток десантчиёни қувваҳои ҳарбии Ҷопон, Амрико ва Британия фуруд омаданд. Солҳои 1918-20 дар шаҳр ҳукумат якчанд бор иваз шуд. Солҳои 1920-22 дар ҳайати Ҷумҳурии Шарқи Дур, аз соли 1922 дар ҳайати ҶШФСР. Аз соли 1932 маркази вилояти Приморияи кишвари Шарқи Дур, аз соли 1938 кишвари мустақили Примория. Владивосток — маркази бузурги саноатии Примория. Дар Владивосток заводҳои киштисозӣ ва таъмири киштӣ, истеҳсоли мошинаҳо барои коркарди моҳӣ ва харчанг, саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои моҳӣ, гӯшт, шир, қанд), масолеҳи бинокорӣ (заводҳои конструксияҳои оҳанубетонӣ, хонасозии калонпанел ва ғайра) мавҷуданд. Владивосток пойгоҳи шикори кит, харчанги баҳрӣ ва моҳӣ мебошад. Шаҳр дар соҳилҳои серхарсанг ва нишебиҳои теппаҳо ҷойгир аст. Хатти соҳилиро нимҷазираҳои Шкота (Эгершелд), Назимов, Басаргин ташкил медиҳанд. Ҳудуди шаҳрро водиҳои нишеби рӯдҳои хурд, ки аз кӯҳҳои Сихотэ-Алин ибтидо мегиранд, бурида мегузаранд. Дар Владивосток Университети Шарқи Дур, ун-ҳои техникӣ, техникаи саноати моҳӣ, Университети баҳрии ба номи Г. И. Невел, Университети иқтисодии уқёнуси Ором, Университети тиббии Владивосток, Академияи санъат, Институти ҳарбии баҳрии ба номи С. О. Макаров ва ғ., маркази илмии АИ Русия дар Шарқи Дур бо пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ, Осорхонаи муттаҳидаи Примория ба номи Владивосток К. Арсенев, Осорхонаи флоти уқёнуси Ором, нигористон, театрҳои драма ва лӯхтак, филармония, сирк фаъолият доранд. Қад-қади халиҷи Амур (14-28 км дуртар аз Владивосток) якчанд осоишгоҳи иқлимӣ ва лойқагӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Алексеев А. И., Как начинался Владивосток. Владивосток, 1985;
  • Владивосток. Штрихи к портрету. Владивосток, 1985;
  • Матвеев Н. П., Краткий исторический очерк г. Владивостока. Владивосток. 1990;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма

Tags:

Владивосток ҶуғрофиёВладивосток ТаърихВладивосток ЭзоҳВладивосток АдабиётВладивосток СарчашмаВладивостокРусияШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИспурчСиккаВилояти СуғдСураи ФотирЗуҳраНоҳияҳои ТоҷикистонЛогистикаИроқФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонГурбаШӯрои Амнияти Созмони Милали МуттаҳидСоли НавАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонОиша бинти АбубакрКонвенсияи ҳуқуқи кудакЛоиқ ШералӣСохти сифатҳои феълӣМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоТӯби футболСайёҳӣ дар ТоҷикистонАмонатЗабони арабӣGmailНамозДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонМуҳаммад ибни Ҷарири ТабарӣАсадулло ШукуровГардиши хунАлифбои арабӣМамнӯъгоҳи РомитБачадонПанҷакентСаҳифаи аслӣҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандШаби қадрБинӣВикидодаРӯзномаи деворӣҲизби наҳзати исломии ТоҷикистонБозиҳои олимпӣАбурайҳони БерунӣҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонДавлати СалҷуқиёнИфторАндоз аз даромади шахсони воқеӣКалимаҳои туфайлӣИстиораИнсонНақшбандияБуддоияДавлати ягонаКитобМултфилмЛорен ЛондонНидоУзвҳои таносули мардонаШиъаӮзбекистонИди РамазонСифати нисбӣСоли 1534Сафар СулаймонӣАлифбои кирилликӣАҳмад ЗоҳирМир Сайид Алии ҲамадонӣИмороти Муттаҳидаи АрабӣАсри сангЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣИсмоили СомонӣПорисИбни ЯминТурсунзода (шаҳр)Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)Сохти ҳиссачаҳоТитаникИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш🡆 More