Ҳуқуқ Ва Озодиҳои Инсон Ва Шаҳрванд

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд - унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд, институти аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун аст.

Назария ва амалияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таърихи бисёрасра дошта, дар ҳуҷҷатҳову санадҳои гуногуни таърихи башар инъикос ёфтааст, ба монанди Эъломияи истиқлоли ИМА (с. 1776) (русӣ: Декларация независимости США, Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789) (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи ҳуқуқи башар (с. 1948) (русӣ: Всеобщая декларация прав человека ва ғ.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ҳуқуқҳои фитрии инсонро дар моддаи 5 мустаҳкам кард. Боби дуюми Конститутсия бошад, пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандро дар назар дорад, ки табиатан (новобаста аз давлат ва ҷои зисту сукунат) мансуби ҳар як фард мебошанд.

Ҳуқуқҳои шаҳрванд - ҳуқуқҳои шаҳрванди Тоҷикистонро дар назар дорад. Озодӣ - соҳаи бо хуқуқ кафолатгаштаи мухторияти фард аст, ки дар ҳудуди он шахс мустақилона, мувофиқи хоҳишаш амал мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад. Асоси вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бошад, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқаррар гардидаро дарбар мегиранд. Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод хос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он аст, таъмини шароити зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо шакли махсуси ҳуқуқии муқаррар ва мустаҳкам гардидан хусусиятноканд. Онҳо дар санади олии ҳуқуқии давлат - Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.

Дар мамолики демократӣ Омбудсман (англ. ombudsman), тоҷикӣ - додовар - шахси мансабдоре, аз тарафи Президент таъйин ва ё аз ҷониби Парламент бо мақсади назорат бурдан барои риояи Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳо интихоб карда мешавад.

Пайвандҳо

Эзоҳ

Эзоҳ

Tags:

177617891948Давлати ҳуқуқбунёдЗабони русӣИМАМаданияти ҳуқуқӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Уқёнуси АтласНикоҳСензураШириншо ШотемурАллаБемориҳои ҷигарҶумҳурии Халқии Шӯравии БухороСиёсатОмударёАдабиёт ва санъат (рӯзнома)Калимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтКитоби сурхТаърихи ЭронМирсаид МиршакарЮсуф ва ЗулайхоАлександр ПоветкинАдабиётшиносӣВараҷаСайид Алӣ ХоманаӣНамозЗабоншиносӣҚалъаи ХуҷандҲунарЗабони тоҷикӣУқёнуси ОромҶонишинҳои ишоратӣМуҳаммад Закариёи РозӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудАдабиёти классикӣКарбогидратҳоАбурайҳони БерунӣВоҳидҳои забонҶонишинҳои шахсӣКореяи ҶанубӣИстихораШоҳаншоҳии ҲахоманишӣАҳолӣТуғрал АҳрорӣИроқОдамТомирисВолейболСтрессНишони ТоҷикистонТоҷмаҳалМерос дар асоси васиятномаДонишномаКонвенсияи ҳуқуқи кудакАмрикои ҶанубӣСомониёнЗаробиддин ҚосимӣСтандарти байналмилалии рақамгузории китобБухороАвстралияАтмосфераи ЗаминАзизи АзизУбайди ЗоконӣЗабони форсӣКӯҳҳои ТоҷикистонХазинаи АмударёУсмон IКӯлобЛибоси миллии тоҷиконСӯхтагӣШоҳаншоҳии АшконӣИсмоили СомонӣГулдӯзӣҲиссаҳои нутқҶадвали электронӣСӯзокМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидМаликушшуаро БаҳорМӯъмин ҚаноатМор­фология (мазмунҳо)Салмони ФорсӣДориюши III🡆 More