Нидо

Нидо — гурӯҳи калимаҳоест, ки маънои луғавӣ надоранд,ҳиссиёти ботиниву зоҳирӣ ва иродаи гӯяндаро ба нутқи ҳамсуҳбат ва предмету ҳодисаҳои олами воқеӣ ифода менамоянд.

Нидо бо имою ишорат ва оҳанг (интонатсия) зич марбут аст. Ҳамин тавр, ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳори иродаро ифода мекунад, нидо номида мешавад. Ба гурӯҳи нидоҳои эмотсионалӣ пеш аз ҳама нидоҳои якҳиҷогиву дуҳиҷогии э, о, а, е, и, эҳ, оҳ, уҳ (ӯҳ), у, ай, ҳу, ҳе, уф, во, туф (туфу), воҳ, вой, баҳ, аҳа, оҳо, оббо, ӯббо, эҳе, бай-бай, хуше, ана, мана, ҳӣ-ҳӣ, ура ва ғайра дохил мешаванд. Маънои ин нидоҳо бештар ба воситаи оҳанги гуфтор муайян мегардад.

Мисолҳо

  • Э, отунҷоне, гап бисёру мову шумо хабар надорем (Фотеҳ Ниёзӣ).
  • Ай ,шумо чӣ хел одамед, ки ба як бор гуфтан намефаҳмед?
  • Оббо, писараме, гӯр пирӣ шавад,қариб, ки нашиносам- а!-гуфт охир Юнусбобо (Фотеҳ Ниёзӣ).

Калимаҳои зиёде аз ҳиссаҳои дигари нутқ ба нидо гузаштаанд ва ё ба вазифаи нидо истифода мешаванд: ку, мана, ана, не, на (аз ҳиссача), офарин, аҳсан, ҳайф, ҳайҳотраҳмат, хайрият (аз исм), саломат бошед, хайр, муборак бошад, хуш омадед (аз феъл), ҳаргиз, асло (аз зарф), ки (аз пайвандак) ба ин ҳиссаи нутқ гузаштаанд.

Мисолҳо

Адабиёт

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — с. 336

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

HTMLДонишномаМавзуна ЧориеваПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)АфғонистонМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣУзвҳои таносули занонаЧингизхонОсиёи Миёна дар ҳайати давлати ҲахоманишиҳоХонии ҚӯқандХилофати АббосиёнЗарфи замонНерӯгоҳи барқи обии РоғунЛайлӣ ва МаҷнунЗахираҳои меҳнатӣШоҳмузаффарАҳолӣМубтадоАтомТаърихи театр дар ТоҷикистонБПНМАспТезгӯякНоҳияҳои ТоҷикистонЗабони инглисӣМаърифатшиносӣЗабони лотинӣГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонОлмонСистемомилМутадорикТоҷикон дар аҳди муғулҳоҲиссаҳои нутқЛоиқ ШералӣНазорати гумрукӣНомаВола, АбдулҳақТазкирату-л-авлиёБахилӣБаскетболЗарфи сабабБозрасии давлатии автомобилӣШоҳаншоҳии АшконӣҚазоқистонЛантаноидҳоЧароғи роҳнамоУқёнуси ҲиндСозмони ҳамкории ШанхайАлифбои тоҷикӣШахсСиёсати хориҷии ТоҷикистонҶигарҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонИсломҶангНоҳияи ДеваштичБохтарДастгоҳи давлатӣҲамлаи Муғул ба Осиёи МарказӣХусрави ДеҳлавӣШоҳаншоҳии СосонӣВарзишШартномаи меҳнатӣЗумуррадДастури забонПарандаҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандБарномаи таълимӣСохти шумораҳоҒунчаҳои захмӣНасрониёнБоғШумораАломатҳои роҳ дар Тоҷикистон🡆 More