Телевизион

Телевизион — яке аз воситаҳои пахши иттилооти оммавӣ (сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ-оммавӣ) ва воситаи асосии алоқа мебошад, ки барои мақсадҳои илмӣ, техникӣ, назорати соҳаҳои саноат ва нақлиёт, кайҳон ва тадқиқотҳои ҳастаӣ ва диг.

истифода бурда мешавад.

Пайдоиши телевизион

Телевизион ихтирои ибтидои асри XX буда, соли 1930 ба олимону муҳандисони шӯравӣ-Борис Розинг, Семен Катаев, Александр Константинов, Петр Тимофеев, Павел Шмаков, ихтироъкорони амрикоӣ — Владимир Зворикин (амрикоии рустабор), Фило Фарнсуорт, муҳандиси британиявӣ — Алан Кэмпбелла-Суинтон ва дигарон муяссар гардид, ки онро мукаммал гардонида, мавриди истифода диҳанд.

Дар Аврупо ба таври оммавӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ танҳо аз соли 1950 оғоз гардида, дар бисёре аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон шабакаҳои давлативу хусусии телевизион солҳои 60-70-уми асри гузашта таъсис ёфтанд.

Имрӯз дар ҷаҳон давлате нест, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ фаъолият надошта бошанд.

Шабакаҳои телевизионии CBC, NBC, ABC — дар ИМА, BBC, ATV — Дар Британияи Кабир, РАИ — дар Италия, NHK — дар Япония, ЦДФ — дар Германия, ОРТ- дар Россия аз бонуфузтарин ширкатҳои телевизионӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки ин рӯйдоди беназири фарҳангӣ дар ҳаёти кишвар буд.

Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day) ҷашн гирифта мешавад.

Эфири телевизионӣ

Эфири телевизионӣ — муҳите, ки дар он сигналҳои телевизионӣ паҳн мегарданд. Дар Тоҷикистон дар шароити имруза сигналҳои телевизионӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар паҳн мегарданд. Телевизиони моҳвораӣ, ки аз тариқи иртибототи моҳвораӣ интиқол меёбад, дар аксар хонадони сокинон гузошта шудааст.

Нигаред

Пайвандҳо


Сарчашма

Tags:

Телевизион Пайдоиши телевизионТелевизион Эфири телевизионӣТелевизион НигаредТелевизион ПайвандҳоТелевизион СарчашмаТелевизион

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

IMEI.TJКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаразмҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Ҷонишинҳои ишоратӣШоирЧистонКислотаГурбаҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣБемориҳои рӯҳӣПӯсидагии дандонОдам дар исломГардолудшавӣСалоҳияти ПрезидентХати мехӣВилояти ХатлонФеъл (дастури забон)Дастгоҳи давлатӣРайҳонКамхунӣАввалин Бонки Молиявии ХурдФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонКалимаҳои туфайлӣТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияЧеҳраҳои мондагор (китоб)Зарф (дастури забон)ОзоносфераЗабони арабӣАфандӣАҳолии ӮзбекистонМасти ишқ (филм)НавзодФарҳанги забони тоҷикӣISO 3166ОбхезӣСутунмуҳраФарзонаи ХуршедНизомии ГанҷавӣАндози заминКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтЗарбулмасалДавлатРӯзи парчами давлатии ТоҷикистонСайёҳӣ дар ТоҷикистонГулафшонНасим РаҷабБозорҚаҳрамони ТоҷикистонҶигарАдабиёти тоҷик дар садаи ХХМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоЛантаноидҳоТуркияБахилӣШуллукБПНМЗарфи маконВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонПайрав СулаймонӣАдабиёти классикӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентМаҳбалБаскетболҶонишинҳои номуайянӣАннотатсияТағйирпазирӣДмитрий МенделеевИстилоҳХонии ҚӯқандСистемомилБарги зулфДастури забонНонЧилахон ХоловБачадон🡆 More