Зарбулмасал, матал, масал, мақол — матни кӯтоҳи ҳикматомез ва яке аз густардатарин жанрҳои хурд дар фолклори тоҷик ба шумор меравад.
Зарбулмасал матни мӯҷази таърихан ба вуҷудомада ва аз нигоҳи семантикию грамматикӣ устувор мебошад, ки дар он бо образҳои равшан афкори умум, ҳикмат ва таҷрибаҳои чандинасраи мардум дар контекстҳои таърихӣ-географӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ хулоса шудаанд.
Чунончи:
Вазифаи асосии зарбулмасалҳо тасдиқи сухан мебошад. Мардум дар гуфтори худ кӯшиш менамоянд, ки дар мавридҳои муайян, барои тасдиқи фикру суханони хеш баъзе зарбулмасалҳоро баён кунанд. Зарбулмасалҳо барои тарбияи инсон, ба вижа насли ҷавон ва танқиди хислатҳову рафтору гуфтори номатлуби баъзе ашхоси ҷомеа мавқеи муҳим доранд. Аз ин рӯ бисёре аз донишмандон ба ҷиҳати тарбиявию ахлоқии зарбулмасалу мақол таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.
Масалан:
Ҳангоми суҳбат мардум зарбулмасалу мақолҳоро ҳамчун ороишу зевари гуфтор низ ба кор мебаранд. Дар нутқи гӯянда матни зарбулмасал на танҳо суханро зебову дилкаш мекунад, балки онро қувват медиҳад, тасдиқ мекунад. Ҳамин тавр, тавассути зарбулмасалу мақол одамон муносибат ва мубодилаи афкор менамоянд. Забони зарбулмасалҳо мӯҷазу ихчам буда, фикр ба тариқи маҷоз баён мегардад. Маънӣ ва мазмуни зарбулмасалу мақолҳоро дар контексти гуфтор, инчунин дар дохили матни хаттӣ комилан дарёфтан мумкин аст.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Зарбулмасал, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.