Мусиқӣ Суръат

Суръат «Темп» (лот.

tempus-вақт) — суръати ҳаракат. Суръати асари мусиқӣ аз хислату рӯҳия ва мазмуну мундариҷа вобастааст. Дурустии cуръат - шарти муҳими таъсирбахши иҷрокунандагист; аз Суръати аслӣ дур будан, ба ғалат маънидод кардани асар оварда мерасонад.

Суръат дар мусиқӣ бештар бо истилоҳи итолёвӣ маънидод мешавад. Дар мусиқӣ cуръатҳои асосӣ инҳоянд:

  • Суръатҳои суст — Largo (бисёр васеъ), Lento (хеле суст), Adagio (суст);
  • Суръатҳои муътадил, миёна — Andante (дар Суръати оромона қадам задан), Moderato (муътадил), Allegretto (то дараҷае хушҳолона);
  • Суръатҳои тез — Allegro (босуръат, тез), Vivace (хеле тез, шӯх), Presto (бисёр тез, хеле шӯх).

Баъзан бо истилоҳи асосӣ калимаеро, ки cуръатро дақиқтар месозад: molto, assai- бисёр хело; non troppo - на онқадар; poco - каме ва ғ. зам мегардад.

Истилоҳоте низ вуҷуд доранд, ки cуръатро тағйир медиҳанд:accelerando, stringendo-тезондан; ritardando, rallentando-суст кунондан ва ҳ. к.

Дар баъзе ҳолатҳое, ки аз cуръати аслӣ мебояд каме дур шуд: tempo rubato ишора карда мешавад. Суръати ба майли худ, ки ба фантазияи худи навозанда вобастагӣ дорад, ad libitum ё a piacere (ба хоҳиши худ) ишорат меёбад. Баргаштан ба суръати аввала бо Tempo I ишорат мешавад. Нишон додани cуръат баъзан бо сифати номи пиесаҳои ҷудогона истифода мегардад («Allegro»-и Шуман, «Adagio»-и Барбер ва ғайра). Бисёр композиторон Суръатро ба забони итолёвӣ нею ба забони модарии худ - русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, тоҷикӣ ва ғ. нишон медиҳанд. Суръати дақиқтарро нишондоди метроном муайян месозад.

Нигаред

Эзоҳ

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Варзиши сабукСалоҳияти ПрезидентСотим УлуғзодаФарҳанги луғатЮрий ГагаринБемориҳои гӯшАдабиётИтолиёУмари ХайёмГулрухсор СафиеваҲокимияти сиёсӣПешояндВолодимир ЗеленскийИттилоотҲиндустонФурудгоҳи бин‌алмилалӣ смсИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Хати паҳлавӣДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати ТоҷикистонҶорҷияҚоқуВарзишНизоми ИсфаҳонӣБофтаСоли 1992Хилофати УмавиёнМазҳакаи илоҳӣИсмҳои танҳо ва ҷамъБемории ғалаёни хунЛатвияТаҳияи масҷидШартномаи меҳнатӣҚонеъии ТӯсӣНамозШуурАденомаМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдулмалики ШерозӣСоли 2001ТаровеҳСаъдӣБозсозӣСутунмуҳраАлифбои арабӣБемориҳои асабМаҳмудбек ШойимқуловКореяи ҶанубӣКалимасозӣҶанги ҷаҳонии якумИдеологияЗахмАловуддин АбдуллозодаМихаил БулгаковМубтадоМуродифТоҷикистонШоҳномаИталияМисри ҚадимАдабиёти тоҷикАбуюсуфи ВобканӣЗарбулмасалШабакаи компютерӣКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонИнтихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)Бритониёи КабирЭмомалӣ РаҳмонТабНосири ХусравДарёҳои ТоҷикистонАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣТахачШамсиддини ШоҳинНамози тасбеҳАхлоқу-л-ашрофАморати Бухоро🡆 More