Офаткуш

Офаткушҳо, пестисидҳо (лот.

Офаткуш
Пашидани офаткушҳо Калифорния

Таснифоти офаткушҳо

Офаткушҳоро вобаста аз он, ки барои маҳ­ви кадом зараррасонҳо истифода мешаванд, ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

Вобаста ба таъйинот

  • акарисидҳо (канакуш)
  • инсектитсидҳо (ҳашароткуш)
  • пематотсидҳо (кирмкуш)
  • бактерисидҳо (маҳвкунандаи бактерияҳои патогенӣ)
  • занбӯруғкушҳо (фунгисидҳо) — ба зидди касалиҳои занбӯруғии рустаниҳо;
  • зоосидҳо (маҳвкунандан муҳрадорони зараррасон)
  • молюскосидҳо (маҳвкунандаи нармбаданҳо)

Ҳамчунин ба офаткушҳо тааллуқ доранд:

  • алафкушҳо (гербисидҳо) — барои маҳви алафҳои бегона;
    • дефоллиантҳо (мод­даҳои баргрезон)
    • десикантҳо (воситаҳои химиявии хушконандаи рустаниҳо)
    • ангезандаи рушди рустаниҳо (ауксинҳо, гиббереллинҳо ва ғайра)
    • репеллентҳо (воситаҳои химиявии рафъи кана ва ҳашарот)
    • аттрактантҳо (ҳашаротҷалбкунанда бо мақсади минбаъд маҳв намудан)
    • хемостери лянтҳо (моддаҳои химиявие, ки ҳашаротро бе насл мекунанд)

Вобаста ба таркиби кимиёӣ

  • органикӣ
  • ғайриорганикӣ.

Аксари онҳо моддаҳои органикӣ буда, бо роҳи синтез ҳосил мешаванд. Махсусан пестисидҳои хлорорганикӣ ва фосфорорганикӣ, ҳосилан пайвастҳои кислотаи карбаминат аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Аз пестисдҳои ғайриорганикӣ махсусан пайвастҳои мис, сулфур ва ғайра муҳиманд. Пестисидҳо асоси муҳофизати химиявии рустанӣ ва дар айни замон яке аз усулҳои самарабахши мубориза бар зидди зараррасону касалӣ ва алафҳои бегона ба шумор мераванд. Пестисидҳо ба организми зараррасонҳо аз даҳон, пӯст, узвҳои нафас ва ғайра дохил ме­шаванд.

Вобаста ба суръати вайроншавӣ

Пестисидҳо вобаста ба суръати вайроншавӣ дар хок ба 6 гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. муҳлати таҷзия бештар аз 18 моҳ (препаратҳои хлорорганикӣ, пайвастҳои селен);
  2. қариб 18 моҳ (гербитсидҳои триазинӣ, никлорам, диурон ва ғайра;
  3. қариб 12 моҳ (ҳосилаҳои кислотаи галоидбензоат ва баъзе амиддо);
  4. то 6 моҳ (нитрилҳои кислота, трефлаи, нитрофенолҳо ва ғайра);
  5. то 3 моҳ (ҳосилаи кислотаҳои арилкарбаминату алкилкарбаминат ва ғайра);
  6. камтар аз 3 моҳ (пайвастҳои органикии фосфор ва ғайра).

Дар хоҷагии қишлоқ бештар пестисидҳоеро истифода мебаранд, ки таъсирашон ба давраи нашъунамои рустанӣ рост меояд.

Вобаста ба заҳрнокӣ

Пестисидҳо вобаста ба заҳрнокӣ барои ода­му ҳайвонот ба 4 гурӯҳ тақсим ме­шаванд:

  • зудтаъсир
  • баландтаъсир
  • миёнатаъсир
  • камтаъсир.

Ин таснифот шартист, зеро заҳрнокии пестисидҳо барои одаму ҳайвонот ба бисёр омилҳои дигар вобаста аст. Механизми таъсири пестисидҳо ниҳоят гуногун буда, то ҳол пурра омӯхта нашудааст, Ба 1 га замин вобаста ба хусусиятҳои пестисидҳо 0,2—40 кг (бештар 0,5—2 кг) пестисидҳо мепошанд. Пестисидҳоро одатан дар намуди хока, моеъ ё бур истифода мебаранд.

Тарзи корбурд

Ба зироати хоҷагии қишлоқ пестисидҳоро бо ёрии мошину самолётҳо мепошанд. Ҳангоми нодуруст ва баразиёд пошидани пестисидҳо рустанӣ ва гули он осеб мебинад ва ҳосил хеле кам мешавад. Истифодаи муттасили пестисидҳо боиси ифлосии раста­нӣ, бӯи бад ва таъми нохуш, инчунин сабаби дар сатҳи замин ғун шудани моддаҳои заҳрдори барои одаму ҳайвонот хавфнок мегардад. Махсусан ба биосенозҳо таъсири бад мерасонанд. Ҳангоми истифодаи пестисидҳои баландтаъсир (махсусан инсектисидҳо, акарисидҳо) бисёр вақт бандпойҳои паразит ва дарранда нобуд мегарданд ва дар натиҷа хурӯҷи ҳашаротҳои зараррасон ба амал меояд.

Қоидаҳои муҳофизат аз офаткушҳо

Ҳангоми ба кор бурдани пестисидҳо тамоми қоидаҳои муҳофизатиро қатъиян риоя бояд кард. Ба корҳои истифодабарии пестисидҳо наврасони то 18-сола, занони ҳомила ва модароне, ки тифли ширхор доранд, роҳ дода намешаванд, рӯзи корӣ бо пестисидҳо ҳамагӣ 4—6 соат аст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Руднев Д. Ф, Кононова Н. Э. Природа и ядохимикаты, М., 1971;
  • Мельников Н. Н.. Химия и техноло­гия пестицидов. М., 1974;
  • Справочник по пестицидам. Гигиена применения и ток­сикология, Киев, 1974.

Сарчашма

Tags:

Офаткуш Таснифоти офаткушҳоОфаткуш Тарзи корбурдОфаткуш Қоидаҳои муҳофизат аз офаткушҳоОфаткуш ЭзоҳОфаткуш АдабиётОфаткуш СарчашмаОфаткушАлафҳои бегонаЗабони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Назарияи бозии нақшбозӣҲуқуқҳои инсонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонХаритаШаби қадрАдабиёти кӯдакЛихтенштейнДавлатАнимизмИстихораНерӯгоҳи барқи обии РоғунКонститутсияи ТоҷикистонНидоДакотаи ШимолӣАндозИбораҳои исмӣХуҷандТақсимоти маъмурии ТоҷикистонВилояти ЛенинградВилояти ХатлонДиди (футболбоз)Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶигарБПНМБустунНавзодФалсафаи исломӣҲуқуқи оилавӣРамазонMicrosoft WindowsМусулмонКарлос ТевесОвошиносӣКитобхонаи миллии ТоҷикистонВазифаи ҳифзи табиатФитри рӯзаВараҷаНимҳимоятгар (футбол)Аҳолии ТоҷикистонҲормонДарёҳои ТоҷикистонҚоҳир РасулзодаПорт-о-ПренсCreative CommonsФизиологияМаориф дар ТоҷикистонАмниятВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонНақлиёт дар ТоҷикистонИтолиёВолоияти қонунАтмосфераи ЗаминИскандари МақдунӣБосмачиҳоХилофати УмавиёнФотеҳ НиёзӣСоли 1998Абунаср Тоҳири ХонақоҳӣАхлоқу-л-ашрофСирдарёИсми хосҶонишинҳои шахсӣҚоқуСифати аслӣАрабистони СаудӣСӯхтагӣЭшони НуриддинҷонГумрукАминокислотаҳоСаидмурод ДавлатовБадахшонПучакТаровеҳСаратонСоҳиб ТабаровҲуқуқи байналмилалӣШамсиддини ШоҳинКамоли Хуҷандӣ🡆 More