Анимизм

Аними́зм (аз лот.

Яке аз шаклҳои дини ибтидоӣ.

Пайдоиш

Анимизм дараҷаи нисбатан баланди парастиш ва муътақидоти одамони ибтидоӣ мебошад. Байни одамони ибтидоӣ, дар марҳилаҳои охири рушди ин ҷамъият эътиқодҳои анимистӣ ривоҷ пайдо мекунанд, яъне онҳо муътақид буданд, ки тамоми мавҷудот, чи мутаҳаррик, чи сокин, мурда ё зинда дорои ҷон ва равон ҳастанд, ки даруни он махфӣ ва мастур мебошанд. Хосса, онҳо бовар доштанд, ки афроди инсонӣ ҳар яке дорои рӯҳе ҳастанд, ки ҳангоми хоб ва рӯъё аз бадани ӯ муваққатан хориҷ мешавад ва ниҳоят дар лаҳзаи вопасин, ҳангоми марг баданро ба таври қатъӣ раҳо мекунад. Онҳо арвоҳро дорои ақлу сурат ва эҳсосоту авотиф, соҳиби қувваи ирода ва касбу ният мешумориданд. Бовар доштанд, ки онҳоро мисли ашхоси зинда метавон идора кард ва роҳнамоӣ намуд ва агар онҳо ба хашму ғазаб оянд, метавонанд ниҳоят зиёновар гарданд, аз ин рӯ бояд ҳамвора ба ёди онҳо буд. Сабаби пайдоиши анимизмро олимон аксаран дар надонистани якчанд ҳодисаҳои равонии (психикӣ) инсон, мисли хоббинӣ, рӯъё, аз ҳуш рафтан ва марг медонанд. Аз нигоҳи фалсафаи мисолӣ ва динӣ анимизм ҳамон зуҳури фитрат ё ёдоварии сиришти фитрии ӯст. Дар воқеъ дарки вуҷуди рӯҳ ва парастиши он яке аз зинаҳои идроки фитрат, яъне оғози зуҳури майли зотӣ-табии инсон ба намирандагӣ ва абадият аст.

Эътиқодоти анимистӣ танҳо дар замони ба дараҷаи баландтар инкишоф ёфтани қувва ва қобилияти таҷриди (абстракт)-и инсон имконпазир гардида буд, чунки шинохтан ва парастидани рӯҳ ба миқдори зиёди қобилияти таҷрид эҳтиёҷ дорад. Дар омӯзиши парастишҳои анимистӣ нақши диншиноси англис Э. Тэйлорд калон аст ва худи истилоҳи анимизмро низ аввалин бор ӯ ба диншиносӣ дохил кардааст. Тэйлорд анимизмро «ҳадди ақали дин» мешуморид. Дар воқеъ, анимизм унсури ҳатмии ҳар як дин аст. Бовар ба намирандагии рӯҳ, абадияти он, парастиши рӯҳи аҷдод, бовар ба ҳаёти пас аз маргӣ идома ва натиҷаи боварҳо ва парастишҳои анимистӣ мебошад, ки дар динҳои имрӯзаи ҷаҳон ҷой дорад.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Шерзод Абдуллозода, Асосҳои диншиносӣ, Д., 2001; Ҷон Нос, Таърихи ҷомеи адён: аз оғоз то имрӯз, тарҷ. Алӣ Асғари Ҳикмат, Интишороти Пирӯз; 1354; Васильев Л. С., История религий Востока, М., 1983.

Сарчашма


Пайвандҳо

Анимизм 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «анимизм» аст


Шаблон:Anthropology-stub Шаблон:Myth-stub

Tags:

Анимизм ПайдоишАнимизм ЭзоҳАнимизм АдабиётАнимизм СарчашмаАнимизм ПайвандҳоАнимизмЗабони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Адиб Собири ТирмизӣҲисорҶонишин (дастури забон)ТобистонАвстралияДилВоситаҳои нақлиётГурӯҳи хунӣМаркетингБемории силНигора ХоловаФормулаи химиявӣАфканишотВикипедияҚоҳир РасулзодаМушхорДавлатДавлати ҳуқуқбунёдВулгаризмҳоНасим РаҷабШабакаи компютерӣМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабони форсӣШушНамози қасрМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣГули бобунаИсм (дастури забон)БаробарҳуқуқӣАдабиёти бадеӣИқболи ЛоҳурӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизби халқии демократии ТоҷикистонСарезАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣТахачСалоҳияти ПрезидентВирусҳоТаърихи ТоҷикистонТаълимВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонБомдод (намоз)БиосфераҲол (забоншиносӣ)Унсурулмаъолии КайковусМуродифБемориҳои рӯҳӣФейсбукХобНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарбулмасалОбСоли 1969БаҳористонИқлимҶӯрабой ОхуновАспи тоҷикӣГурҷистонНидоАссотсиатсия (иқтисод)HTMLҶумлаи амрӣМеъёри ҳуқуқНерӯгоҳи барқи обии РоғунТиҷорати интернетӣКалимаРӯбоҳШартномаи коллективӣТаърихи ЭронҶамъияти дорои масъулияти маҳдудҶазои маъмурӣАврупоСистемомилҶопон🡆 More