Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад.
Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. БС аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори Бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли Бемории сил нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори Бемории сил метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд.
Ошкор намудани бемории сили ғайришуширо, одатан, танҳо пас аз истисно кардани кулли бемориҳои дигар, ки онҳо низ дорои чунин нишонаҳо мебошанд, имконпазир аст. Нишонаҳои шакли ғайришушии Бемории сил бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.
Усулҳои техникӣ, лабораторӣ ва иммунолигии ташхиси Бемории сил фарқ мекунанд. Дар таҷрибаи тибби муосир аз ҳамаи ин усулҳо баробар истифода мебаранд.
Флюорография (намуди нисбатан оммавӣ дар байни аҳолӣ), инчунин рентгенографияи қафаси сина ва томографияи компютерии мултиспиралӣ. Ин усулҳо имконият медиҳанд, ки тағйиротҳои «шубҳанок» дар шушҳо ва гиреҳҳои дохилии қафаси синаро муайян кунанд, инчунин ба сатҳи паҳншавии беморӣ ва шакли осебёбии шушҳо баҳо дода шавад. Ғайр аз ин фибробронҳоскопияро бо шустаҳо аз шохаҳои нойчаҳои нафаскашӣ ва биопсияи пардаи луобӣ истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои ҷудогона видеоторакоскопия ва биопсияи шушҳо ва (ё худ) пардаи шуш, гиреҳҳои дохилии қафаси синаро истифода мебаранд.
Бемории сил ҳангоми ташхиси саривақтӣ, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад. Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (диспансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.
Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахбор, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Бидуни чунин назорат ва дастгирӣ дар риоя намудани нишондодҳои тиббӣ, вобаста ба табобат, метавонанд душвориҳо ба вуҷуд оянд, ки асос барои боз ҳам фаро гирфтани беморӣ гардида, эҳтимол шаклҳои устувореро нисбати доруҳо ҳосил намояд.
Дар аксарияти марказҳое, ки ҷиҳати табобати БС махсус гардонида шудаанд, ҳоло истифода бурдани реҷаи панҷгонаи табобатро авлотар меҳисобанд, бо роҳи илова намудани ҳосилшавандаҳои фторхинолон ба реҷаи чоргонаи табобат, ба мисли сипрофлоксасин. Ҳамроҳ кардани доруҳои насли дуюм, сеюм ва болотар аз он, мавриди табобати шаклҳои БС, ки нисбати доруворӣ пурҳассосанд, муҳим мебошад. Реҷаи табобат бо доруҳои насли дуюм ва болотар аз он, ҳадди ақал 20 ҳафтаи қабули рӯзмарраи доруҳоро дар назар дорад. Реҷаи мазкур назар ба табобат бо доруҳои қатори якум нисбатан гаронтар аст. Ҷиҳати хеле маҳдудкунанда инчунин мавҷудияти миқдори зиёди ҳар гуна таъсири манфӣ аз истифодаи доруҳои иловагӣ мебошад.
МКБ-10 | A15-A19 |
---|---|
МКБ-9 | 010 ва 018 |
OMIM | 607948 |
DiseasesDB | 8515 |
MedlinePlus | 000077 ва 000624 |
eMedicine | / |
MeSH | D014376 |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Бемории сил, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.