Босмачиҳо

Босмачигӣ (аз туркӣ босмоқ — зер карда гирифтан, пахш кардан) — унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳо­наи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918—1935.

Босмачиҳо
Босмачиҳо
Макон Весь Западный Туркестан, прилегающие к России/СССР территории Восточного Туркестана, Афғонистона и Персии
Сабаб установление советской власти в Среднеазиатском регионе
Натиҷа Ликвидация басмаческого движения
Тарафҳо

Босмачиҳо ҶШФСР ҶШФСР (1918—1922):

Парчами Арманистон Дашнакцутюн (1918—1919)
Парчами ҶХШБ ҶХШБ (1920—1924)
Босмачиҳо {{{name}}} ҶХШ Хоразм (1920—1924)
Парчами сурх Отряды самообороны дехкан (1920)
Босмачиҳо Иттиҳоди Шӯравӣ (1922—1942)


Парчами Русия Крестьянская армия Ферганы (1918—1919)
Босмачиҳо Ҷумҳурии Чин
Босмачиҳо Эрон Персия (1928—1929)
Босмачиҳо АфғонистонБосмачиҳо Афғонистон Королевство Афғонистон (1928—1930)

Босмачиҳо Басмаческое движение:

    • Шура-и-Ислам
    • Шура-и-Улема

Шаблон:Country data Хонии Хева Хонии Хева (1918—1920)
Босмачиҳо Алаш-Орда (1918—1920)
Парчами Русия Закаспийское временное правительство (1918—1920)
Парчами Русия Белое движение (1918—1920):

    • Парчами РусияСемиреченская отдельная армия (1918—1920)
    • Парчами РусияТуркестанская военная организация (1918—1919)
    • Парчами РусияТуркестанская армия (1919—1920)
    • Парчами РусияКрестьянская армия Ферганы (1919—1920)

Пачами Хонигарии Бухоро Бухарский эмират (1920)


Босмачиҳо Бритониёи Кабир Британская империя (1918—1920)
Босмачиҳо Афғонистон Эмират Афғонистон (1929)

Фармондеҳ

Босмачиҳо ҶШФСР М. В. Фрунзе
Босмачиҳо ҶШФСР Г. Я. Сокольников
Босмачиҳо ҶШФСР В. С. Лазаревич
Босмачиҳо ҶШФСР В. И. Шорин
Босмачиҳо ҶШФСРБосмачиҳо СССР А. И. Корк
Босмачиҳо СССР С. А. Пугачёв
Босмачиҳо СССР М. К. Левандовский
Босмачиҳо СССР К. А. Авксентьевский
Босмачиҳо ҶШФСРШаблон:Флаг БНСР Ф. Г. Ходжаев
Босмачиҳо ҶШФСРБосмачиҳо СССР Я. А. Мелькумов


Босмачиҳо Ҷумҳурии Чин Ысакбек Монуев
Босмачиҳо Афғонистон Аманулла-хан
Босмачиҳо Афғонистон Мухаммед Надир-шах
Босмачиҳо СССРБосмачиҳо Афғонистон В. М. Примаков (Рагиб-бей)
Босмачиҳо СССРБосмачиҳо Афғонистон А. И. Черепанов (Али Авзаль-хан)

Босмачиҳо Энвер-паша †
Босмачиҳо Ибрагим-бек †
Босмачиҳо Усман Ходжаев
Босмачиҳо Муэтдин-бек †
Босмачиҳо Мадамин-бек †
Босмачиҳо Шер Мухаммад-бек
Босмачиҳо Утан-бек
Босмачиҳо Ахмед-бек †
Босмачиҳо Ораз-гельды †
Босмачиҳо Хан-Мурад †
Босмачиҳо Шады-Огры †
Парчами Русия К. И. Монстров †
Парчами Русия А. В. Муханов
Пачами Хонигарии БухороБосмачиҳо Сейид Алим-хан
Шаблон:Country data Хонии ХеваБосмачиҳо Джунаид-хан


Босмачиҳо Бритониёи Кабир У. Маллесон
Босмачиҳо Афғонистон Хабибулла †

Қувваҳои тараф

От 120 000 до 160 000 человек (1920)

Более 30 000 человек (1920)
Около 20 000 человек (1924)
От 1500 до 3000 человек (1931)
От 200 до 300 человек (1936)
Менее 100 человек (1938)
От 20 до 40 человек (1938 — 1942)

Талафот

По советским данным (1918 — 1942), в т. ч. мирные жители:
1918 — 1922

    516 погибших,
    926 раненых

1922 — 1925

    689 погибших,
    719 раненых

1925 — 1930

    342 погибших,
    522 раненых

1930 — 1938

    76 погибших,
    138 раненых,

1938 — 1942

    12 погибших,
    27 раненых

Итого:

    1635 погибших,
    2332 раненых

10 000 — 12 000 погибших, более 10 000 пленных,
сложивших оружие и перешедших границу

Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Русия монанд дониста, бо забони ма­ҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқ­чӣ» ба маънои ғоратгар, то­роҷ­гар, яъне, чун тороҷ­га­рон, ғоратгарон, зеркунандагон, пахшкунандагон ном­гузорӣ карда буданд, ки баъдан дар таърихнигорӣ исти­лоҳи собит шуд. Бино ба тар­киби гуногуни ин ҳаракат ва аҳдо­фи мухталифи ширкаткунан­дагони он вобаста ба хост­го­ҳи иҷтмоиашон ва бо мақса­ди умумии нест кардани душ­ман дар як ҷабҳа мутта­ҳид шуда, ҷангидан ба муқо­били Шӯроҳо бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон ро­ҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиё­сӣ, муваффақиятҳои нахустин ва шикасти ниҳоии Б. ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (Шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне ба Б. на аз рӯи иштирокашон дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст. Босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зид­дишӯра­вӣ дар Тоҷикистон се марҳаларо тай намудааст: ноябри соли 1917 — июни соли 1918; июли соли 1918 — октябри со­ли 1923; ноябри соли 1923 — соли 1935.

Таърих

Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Русияи Шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои Б. пардохтанд. Б.- ро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати Б. (солҳои 1919-22) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳба­рони бевосита ва ҳақиқии Б. ташкилотҳои аксулинқи­лобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои ис­ломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урҷа» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Хитой, Афғонистон ва диг. давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон кумакҳои молию низомӣ мекарданд. Мас., дар ташкил ва мусаллаҳгардонии дастаҳои босмачиён баҳори соли 1918 намояндагони низомии давлатҳои хориҷа — роҳбари миссияи ҳарбию дипломатии Англия Ф. Бейли, консули амрикоӣ дар Тошканд Р. Тредуэлл, консули фа­рон­савӣ Костанйе дар омӯзиши дастаҳои Б. афсарони Анг­лияву Туркия ва гордиёни сафеди Рус ширкат карда буданд.

Соли 1918 водии Фарғона майдони асосии ҳаракати Б. гардид. Аввалин дастаҳои Б. охири со­ли 1917 бо сардории Эргаш дар Қӯқанд фаъолият намуданд. Баҳори соли 1918 босмачиён фаъолияти худро пур­зӯр намуда, ба ноҳияи Ӯш (Ош) ҳуҷум карданд. Солҳои 1918-21 даста­ҳои босмачиёни Мадаминбек, Кӯ­ри Шермат ва Раҳмон­қул-қӯрбошӣ ба водии Фарғона ҳуҷум карда, Ӯшу Ҷа­лолободро ба даст дароварданд. Ме­гӯянд, ки ин фаъолияти босмачиён бо ташкили «Ҳу­ку­мати мувақ­қатии Фар­ғона» анҷомид. Апрели 1921 дар Фар­ғона баъди ғалабаи ҳокимияти маҳаллии шӯроҳо бо кумаки артиши русҳо 7 ҳазор, дар Бухоро низ ҳамин миқ­дор ва дар Хева ҳудуди ҳазор нафар босмачӣ боқӣ монда буд. Октябри1921 вазири ҳарбии Туркия Анвар-пошо ба Бухоро омада, мардуми муътақид ба дини исломро ба «Ит­ти­ҳоди ҷамъиятҳои инқилобии мардуми мусулмони Осиёи Миёна» даъват кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки дастаҳои парокандаи босмачиёнро бо ҳам муттаҳид ва артиши 16 ҳазор­нафариро таш­кил диҳад.

Баҳори 1922 ҳамин гурӯҳи муташаккил Бухорои Шар­қиро забт кард. Ин мавҷи ҳаракат то шаҳри Хева густариш пайдо кард. Баъзе аз намояндагони ҳокимияти Шӯ­ро­ҳо бо Б. ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Вале мудофеон тавассути гурӯҳҳои дифоъкунандаи деҳқонон, милитсияи ихтиёрӣ ва бо ёрии Артиши Сурх Ҷумҳурии Бухороро аз босмачиён озод карданд. Солҳои 1921-23 дастаҳои босмачиёни Ҳамроқул-қӯрбошӣ дар водии Зарафшон, Ла­ҳад-Махсум дар волости Қистакӯз, Холбута волости Ӯротеппа, дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Эшони Сул­тон, Фузайл Махсум, Раҳмондодхоҳ дар Бухорои Шарқӣ ба муқобили Ҳокимияти Шӯроҳо пайваста мубориза мебурданд. Моҳҳои июн-июли 1922 ба босмачиён дар аксари ҷабҳаҳо зарбаи қатъӣ зада шуд. Баробари шурӯъ шудани ҳаракати Б. устод С. Айнӣ ду мақола таҳ­ти унвони «Босмачиёни Фарғона кистанд?» ва «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд бурд?» дар саҳи­фа­ҳои рӯзномаи тозаташкили «Шуълаи инқилоб» (21 август ва 1 сентябри 1921) чоп карда, моҳия­ту ҳадаф­ҳои разилонаи ин ҳа­ракатро дар оғози пайдоишаш муайян ва бо Б. чӣ гуна мубориза бурданро қайд намуд.

Воқеан ҳам барои мубориза бо Б. мардуми ҷумҳурӣ гурӯҳ­ҳои ихтиёрӣ ташкил карда, ҳам­роҳ бо гурӯҳҳои тозаи милитсия ва бригадаҳои савораи дав­латӣ муборизаро ба муқобили босмачиён шиддат доданд. Душанбе аз босмачиён озод шуд. Анвар-пошо, ки ҳа­ракати Б.-ро дар Бухорои Шар­қӣ низ роҳ­барӣ мекард, дар яке аз дар­гириҳо дар Балҷувон кушта шуд. Миқдоре аз босмачиён баъди шикаст хӯрдан ба Афғонистону Хитой ва Эрон паноҳ бурданд. Мубориза ба му­қобили Иброҳим­бек, ки дас­турҳои амири собиқ ва мулозимонашро ба амал мебаровард, аввал­ҳои соли 1925 шурӯъ шуд. Кумитаи инқило­бии ҶМШС Тоҷикистон ба босмачиён ва сардорони онҳо барои бас кардани муборизаи мусалла­ҳона муроҷи­ат­­нома қа­бул кард ва дар навбати худ муборизаро ба муқо­били онҳо вусъат бахшид. Аз ҷумла, ҳамаи қувваву восита­ҳои мавҷудаи корпуси 13 тирандоз вобаста карда шуд. Дар соҳили чапи дарёи Вахш бригадаи савораи 6 бо марказаш дар Кӯлоб мустақар гардид. Дар Лақай ва но­ҳияи Қа­ро­тегин дивизияи 3-юми тирандоз бо марказаш дар Ҳисор ва бригадаи савораи 8-ум бо марказаш дар Ҷилликули вилояти Қурғонтеппа амал мекард. Дар Кӯлоб бо сардории А. Ёрмуҳаммадову Ш. Шотемур гурӯҳҳои ихтиёрии нав ташкил гардиданд. Дар марҳалаи дуввуми мубориза бо босмачиён, ки хусусияти ҳамоҳангкунии қувваҳоро дошт, Ч. Имомов, Б. Б. Толпиго, Лепин ва дигар иштирок намуданд. Баъди баромадани муроҷиатнома бисёр босмачиёну қӯрбошиён ихтиёран таслим мешуданд. 23 июни 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷа­бул­булон дастгир шуд.

Солҳои 1929-30 босмачиён аз хориҷ ба ҳудуди Осиёи Миёна зада даромаданд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Босмачиён тарғибгарони аҳолиро ба тарафи худ мекашиданд ва дар сурати муқобилат аз онҳо интиқом мегирифтанд. Дар мубориза ба муқобили босмачиён ва торумор намудани онҳо сарлашкарони Артиши Сурх С. С Каменев, С. М. Будённий, Н. Ф. Федко ва дигарон, ҳам­чунин А. Раҳимбоев, Ҷ. Зокиров, Ҳ. Усмонов, Муқим Сул­тон, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Бобохон Ҳамдамов ва дигарон фаъол буданд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Гражданская война. Т. 3. (материалы по истории ферганского басмачества и боевых операций в Бухаре). М., 1924;
  • Бахрушин С. В. История народов Узбекистана. Ташкент. 1947;
  • Айни С. Бухара. Вспоминания. Сталинабад. 1954;
  • В боях за советскую власть в Ферганском долине. Ташкент. 1957;
  • Иркаев М. История гражданской войны в Таджикистане. Д., 1963;
  • Бартолд В. В. Коканд: Соч. Т. 3. М., 1965; История Бухарской и Хорезмской советских республик. М. 1971;
  • Поляков Ю. А., Чугунов А. И. Конец басмачества. М., 1976;
  • Иноятов Х. Ш. Победа советской власти в Туркестане. М., 1978;
  • Шумов С. А., Андреев А. Р. Басмачество. М., 2005.

Пайвандҳо

Tags:

Босмачиҳо ТаърихБосмачиҳо ЭзоҳБосмачиҳо АдабиётБосмачиҳо ПайвандҳоБосмачиҳо19181935Осиёи Миёна

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шаҳрҳои ТоҷикистонАсри биринҷӣСаҳеҳи БухорӣИдҳои ТоҷикистонСадонокҳоОсиёи Миёна дар ҳайати давлати ҲахоманишиҳоМусиқии ТоҷикистонГардиши хунМуҳиддин АминзодаИёлоти Муттаҳидаи АмрикоРамзҳои давлатии ТоҷикистонЧопгарСарбадоронБешаи палангонАъзои ҷумлаМуродифВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонISO 3166ЗумуррадҶонишинҳои нафсӣМеъёри ҳуқуқСаломатӣҲуқуқи кӯдакҶазои маъмурӣСанади ҳуқуқӣВикипедияIMEI.TJАдабиёти муосирДеваштичАсппарварӣҲиндустонТаърихи ТоҷикистонАмрикои ШимолӣКитобИскандари МақдунӣЛатифаНоҳияи ТурсунзодаАврупои ҒарбӣХоруғАттори НишопурӣКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАнтисептикаМоҳӣПойтахтАндози заминҶонишинҳои номуайянӣНоҳияҳои ТоҷикистонВазифаи ҳифзи табиатШушВилояти ЛенинградҚитъаОсиёҲуқуқи маъмурӣСӯҳонСӯхторБемориҳои рӯҳӣАломатҳои математикӣКатибаи БесутунМизоҷ (равоншиносӣ)Интернет дар ТоҷикистонАморати БухороБадоеъу-л-вақоеъДастгоҳи давлатӣИнсонРӯзномаи «Оила»ПарандаПучакМастона ЭргашеваНуқраДушанбеНомаТаърихШумора🡆 More