Маъруф Бобоҷон

Маъруф Бобоҷон — нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975)

Маъруф Бобоҷон
Маъруф Бобоҷон
Таърихи таваллуд: 3 ноябр 1945(1945-11-03) (78 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Хуҷанд
Навъи фаъолият: нависанда, тарҷумон

Зиндагинома

Маъруф Бобоҷон 3 ноябри соли 1945 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1967 онро бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Солҳои 1968-1986 фаъолияташро дар Кумитаи садо ва симои тоҷик идома додааст.Баъдан (1986-1990) сардори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардори Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ (то 1995) будааст. Ҳоло муовини котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раиси нашриёти «Анис» ва сармуҳаррири маҷаллаи «Аниси Ватан» мебошад.

Эҷодиёт

Ҳикояву очеркҳои Маъруф Бобоҷон ҳанӯз аз солҳои донишҷӯй буданаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи умед» (1989), «Муҳаммад» (1991), «Бандии ихтиёрӣ» (2002), «Тавба» (2010), романи «Умеди вопасин» (2012), маҷмӯаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрӯзу фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғ. мебошад. Нашриёти «Светакан грох»-и Ҷумҳурии Арманистон қиссаҳои «Шаби охирин» ва «Ҷуфти кабӯтар»-и ӯро (1987) дар як ҷилд дастраси хонандагони арманизабон гардондааст. Қиссаи «Тавба» ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Анис» (2011) интишор ёфтааст. Асарҳои ҷудогонаи А.П.Чехов, К.Чапек, Э.Ҳемингуэй, қиссаи П.Лукнитский «Босмачиҳо дар Осиё» (1976), романи нависандаи кубоӣ К.Ловейра «Генералҳо ва духтурҳо» (1988), маҷмӯаи ҳикоёти адиби туркман Н.Сарихонов «Шукур-бахшӣ», К.Солиҳов «Аз пайи ҷи-ай» ва ғ.-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо

  • Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980);
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2004);
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
  • Нависандаи халқии Тоҷикистон (2021).

Эзоҳ

Tags:

Маъруф Бобоҷон ЗиндагиномаМаъруф Бобоҷон ЭҷодиётМаъруф Бобоҷон ҶоизаҳоМаъруф Бобоҷон ЭзоҳМаъруф БобоҷонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонНависандаТарҷумон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Абдумалик БаҳорӣЗабони русӣПайрав СулаймонӣГовҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандСарезБаргГурбаНоҳияи ҲисорЗабонхатҶумъа ОдинаДандонпизишкӣҲикояҳои хурд-хурдҶамъияти саҳҳомӣИбораи рехтаИттиҳоди АврупоСистемаи шошаю таносулӮзбекистонҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонСотим УлуғзодаШутурСтандарти байналмилалии рақамгузории китобНуқтаҳои канории ТоҷикистонТоҷикон (китоб)ТахачКонститутсияи ТоҷикистонНоҳияҳои ДушанбеШабакаи компютерӣБозорАкадемияи хурди илмҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонСадриддин АйнӣВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонТаълимКарбогидратҳоМеҳргонФеҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ТоҷикистонҚалъаи ҲисорСохти шумораҳоУқёнусНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонВазнДафтарчаи меҳнатӣИнтихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)СиёсатшиносӣСаъдӣҶонишинҳои номуайянӣАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонМихаил ГорбачёвЗарф (дастури забон)ВаҳдатТелевизион дар ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонМирсаид МиршакарАлифбои арабӣБобилистонШайбониёнШаҳрҳои ТоҷикистонАкти таслими Олмони фашистӣАпрелЗабони арабӣДавлати СалҷуқиёнМухаммасПайдоиши ҳаётВоситаи ахбори оммаТақсимоти маъмурии ТоҷикистонФотеҳ НиёзӣФурӯпошии ИҶШСНоҳияи Бобоҷон ҒафуровИсроилЗабони порсии миёнаХати тоҷикӣАлгебраСалмони ФорсӣВарзиши сабукЗахираҳои меҳнатӣРӯзи Ғалаба🡆 More