Луи Арагон

Луи́ Араго́н (фр. Louis Aragon, дар хурдӣ Луи́-Мари́ Андриё, фр. Louis-Marie Andrieux; 3 октябр 1897, Минтақаи 16 Порис — 24 декабр 1982, Минтақаи 17 Порис, Фаронса) — шоир, нависанда, мунаққиди адабӣ ва сиёсатмадори фаронсавӣ.

Луи Арагон
фр. Louis Aragon
Луи Арагон
Тахаллусҳо: Arnaud Saint Romain, Arnaud de Saint-Roman, François la Colère, Témoin des martyrs ва Albert de Routisie
Таърихи таваллуд: 3 октябр 1897(1897-10-03)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 декабр 1982(1982-12-24)[…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависандаи пизишк, рӯзноманигор, сиёсатмадор, шоир, румоннавис, мунтақиди ҳунарӣ, French Resistance fighter, муаррих
Жанр: румон ва шеър
Забони осор: фаронсавӣ
Ҷоизаҳо:
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Луи Арагон Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1917 оғоз ёфтааст. Дар оғоз ба ҷараёнҳои адабии дадаизм, сюрреализм ҳамроҳ буд. Солҳои 1920 дар эҷодиёти Луи Арагон тасвири реалистӣ қувват гирифт. Солҳои 1930 Луи Арагон ба СССР таваҷҷӯҳ намуд ва ин кишварро рамзи олами нав меҳисобид (достони «Фронти сурх», 1931; маҷм. ашъори «Ура, Урал!» 1934). Силсилаи романҳо бо номи «Олами воқеӣ» (1934 — 51) ва дигар роману достонҳои Луи Арагон аз зиндагии синфи коргар, коммунистон ҳикоят мекунанд. Луи Арагон ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таваҷҷӯҳи бисёр дошт. Дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) иштирок кардааст. Вай яке аз тарғибгарони адабиёти тоҷик дар Франсия буд. Дар бобе аз асари худ «Адабиёти советӣ» (Порис, 1955) Луи Арагон оид ба адабиёти тоҷик, эҷодиёти классикон, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон, мулоқотҳояш бо А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил суханронӣ кардааст. Ба ақидаи ӯ С. Айнӣ «бунёдгузори адабиёти реалистии тоҷик» буд. Баъди мутолиаи «Марги судхӯр» вай С. Айниро бо намояндагони бузурги адабиёти ҷаҳон — Шекспир, Гёте, Балзак дар як радиф гузоштааст. Шеърҳои Луи Арагон «Қиссаи сурудхонии марде дар қатлгоҳ», «Далер», «Соли даъвати 1917» ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Луи Арагон узви умумиҷаҳонии Комитети Сулҳ, дорандаи Мукофоти байналмилалии ленинии «Барои мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо» (1957), доктори ифтихории донишгоҳҳои Порис ва Москва буд.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

24 декабр3 октябрd:Q194420d:Q259463d:Q4128Забони фаронсавӣНависандаСоли 1897Соли 1982ФаронсаШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

БПНМШоҳмузаффар ЁдгорӣОсиёи МиёнаПуркунандаАбулқосим ЛоҳутӣФалсафаУмари ХайёмМуносибатҳои Тоҷикистон бо РусияҶадидияЗаминСохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГулӯШеракАминокислотаҳоТоҷикон (китоб)БадахшонОлами набототи ТоҷикистонЛоиқ ШералӣСохти шумораҳо1930Имом БухорӣМаориф дар ТоҷикистонКитобГориллаШӯриши Маҳмуди ТоробӣHTMLҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Санъати меъмории халқи тоҷикДавлати СомониёнАмниятВазифаи ҳифзи ВатанКамолуддин БеҳзодФеҳристи масҷидҳои шинохташудаи ҷаҳонКӯҳҳои ТоҷикистонКабудсурфаНБО «Қайроққум»ҲормонC++Абдусалом Деҳотӣlio7wДушанбеИсломБачадонТабАссимилятсия (биология)Мизоҷ (равоншиносӣ)Идҳои ТоҷикистонҲуқуқҳои шаҳрвандАвитаминозҚандДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоСаидмурод ДавлатовЭмомалӣ РаҳмонШитхарвНивелирАнтонимҳоҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонГулназар КелдӣЗардолуҲуқуқи андозШирхӯронАнтарктидаНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣХаргӯшКитобхонаи миллии ТоҷикистонБанди кимиёӣАминҳоНоҳияи ДеваштичҚарзЭкологияНармбаданҳоАдабиёти бадеӣДинЗардуштМанғитияНАТО🡆 More