Нармбаданҳо

Нармбаданҳо, моллюскҳо (лот.

Нармбаданҳо
Нармбаданҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Mollusca Linnaeus, 1758
Синфҳо
  • Ямкохвостые (Caudofoveata)
  • Бороздчатобрюхие (Solenogastres)
  • Панцирные (Polyplacophora)
  • Моноплакофоры (Monoplacophora)
  • Двустворчатые (Bivalvia)
  • Лопатоногие (Scaphopoda)
  • Брюхоногие (Gastropoda)
  • Головоногие (Cephalopoda)
  • Rostroconchia
  • Тентакулиты (Tentaculita)

Тақрибан 130 ҳазор намуд доранд. Нармбаданҳои ҳафриётӣ аз давраи кембрий маълуманд (шикампойҳо, нармбаданҳои дутабақа, сарпойҳо ва ғайра). Дар давраҳои мезозой ва палеозой бештар сарпойҳо паҳн шуда буданд. Инкишофи шикампойҳо ва нармбаданҳои дутабақа аз давраи мезозой сар шудааст.

Нармбаданҳо дар баҳр, обҳои ширин ва дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Бадани нармбаданҳо аз сар, тана, пойҳо ва гӯшмоҳӣ иборат аст. Гӯшмоҳӣ аз намакҳои кислотаи карбонат таркиб ёфта, асоси органикӣ аст (узви дифоъ ва такягоҳ мебошад). Нармбаданҳо бо роҳи ҷинсӣ меафзоянд. Баъзеи онҳо ҷудоҷинса, дигарашон хунсо мебошанд. Дар Тоҷикистон нармбаданҳои хушкигард (тақрибан 90 намуди шикампойҳо), нармбаданҳои обҳои ширин (тақрибан 48 намуди шикампойҳо) ва нармбаданҳои обҳои шӯртаъм зиндагӣ мекунанд.

Нармбаданҳо (устритса, калмар, мидия ва ғайра) манфиати калон доранд. Аз баъзе нармбаданҳо садаф, марворид ва дигар ашёи қиматбаҳо мегиранд. Дар дунё ҳар сол тақрибан 7,5 млн сентнер нармбаданҳоро дошта аз онҳо консерв ва дигар хӯрокворӣ таҳия мекунанд. Гӯшти онҳо серғизо ва зудҳазм аст (зиёда аз 30 намуди микроэлемент дорад). Истеъмоли нармбаданҳо хоса ба одамони солхӯрда, фарбеҳ ва гирифтори атеросклероз нафъ меорад. Ҳангоми хуруҷи бемориҳои меъдаю рӯда ва ҷигар истеъмоли гӯшти нармбаданҳо ҷоиз нест.

Бисёр намудҳои нармбаданҳо ҳомили гелминтҳо (асосан лӯндакирмҳо ва кирмҳои ҷигармак) мебошанд. Баъзе нармбаданҳо ба паҳн гаштани бемориҳои фастсиолёз, описторхоз, шистосомоз ва ғайра мусоидат мекунанд.

Эзоҳ

Tags:

Забони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ТоҳириёнФалсафаи исломӣСӯхторҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»МаскавҶумҳурии Африқои ҶанубӣНизомии ГанҷавӣХуфтанГулҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонБемориҳои дилАлександр ПушкинВилоятҳои ТоҷикистонC++Вазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАнтисептикаҚуръонАлгебраВикипедияи ТоҷикӣМоҳиҳоҲол (забоншиносӣ)ШайбониёнАфриқоМаорифпарварӣХамсаи НизомӣМирсаид МиршакарЭронБулбулШоҳаншоҳии КушонӣАҳмадҷони РаҳматзодБарги зулфРамазон РаҳимзодаАҳмад ЗоҳирСомониёнҲабиб ЮсуфӣБайнаннаҳрайнМучалАбдулҳақ БетобИбораҳои феълӣҶангФарҳанги забони тоҷикӣЗабони арабӣБобоҷон ҒафуровИнтернетБемории силПайрав СулаймонӣТеатрНазорати гумрукӣТаърихи театр дар ТоҷикистонБухороАз кор озод карданВатанЗахираҳои меҳнатӣАндоз аз молу мулки ғайриманқулАҳолии ЗаминГардолудшавӣДавлати ҳуқуқбунёдИстилоҳСипоҳи посдорони Инқилоби исломӣКалимасозӣНоҳияи ЗафарободКитобхонаи миллии ТоҷикистонШоҳмузаффарАдабиёти кӯдакНишонҳо ва парчамҳои ТоҷикистонҶалолуддини БалхӣҲаёти ҷинсӣХизматчии давлатӣАвруосиёДақиқӣАксизМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоMicrosoft WordГунҷишкДушанбе🡆 More