Шерак — марде сакоӣ, каҳрамони афсонаӣ, ки муаллифони Юнони Бостон аз ӯ хабар додаанд.
Таърихи даргузашт | 519 то м. |
---|
Нависандаи юнонӣ Полиен ҳикоят мекунад, ки шоҳи Эрон — Дориюш азми юриши зидди сакоиҳо кард. Чупон Шерак қарор медиҳад, ки ҳамқабилагони худро аз бадбахтӣ раҳо кунад. Вай худро маъюбу маслуқ сохта ба урдугоҳи форсҳо меравад ва ба Дориюш арз мекунад, ки шоҳони сакоиҳо уро ба ин ҳол овардаанд ва у аз онҳо қасос гирифтанист. Шерак бо ин баҳона ба аскарони форс роҳбалад шуда, онҳоро (бо сардории Доро) ба биёбони регзоре меоварад, форсҳо дар он ҷо аз гуруснагию ташнагӣ қариб ҳалок шуда буданд. Форсҳо бо машаққати зиёде то ба рӯди Бохтар расиданд ва ҷон ба саломат бурданд. Шерак қаҳрамонона ҳалок шуд, вале халқи худро аз марг наҷот дод.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Шерак, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.