Кӯл Виктория

Виктория (Виктория-Нянза, Укереве) — кӯл дар Африқои Шарқӣ, дар ҳудуди Танзания, Кения ва Уганда.

Масоҳат — 68 ҳазор км², ҳаҷм — 2760 км³. Дарозиаш 320 км, бараш 275 км.

Виктория (кӯл)
?
Кӯл Виктория
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Соҳилҳояш (дарозиаш беш аз 7 ҳазор км) пурпечутоб, халиҷҳои бисёре (калонтаринашон Кавирондо, Спика) дорад. Умқаш ба ҳисоби миёна 40 м, ҷойи амиқтаринаш 80 м. Виктория дар паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ дар баландии 1134 м аз с. б. воқеъ аст. Соҳилҳои Виктория асосан аз хоросангҳо, дар шимолу шарқ аз ҷинсҳои оташсӯз (вулканӣ), соҳили ғарбӣ аз регзорҳои давраи палеозой таркиб ёфтаанд. Соҳилҳои ғарбӣ ва шарқӣ дорои нишебҳо ва ҷарҳои зиёданд. Ба Виктория рӯдҳои бисёр мерезанд, серобтарини онҳо — дарёи Кагера (саргаҳи Нил). Аз кӯл дарёи Виктория — Нил ҷорӣ мешавад. Кӯлро даштҳо иҳота кардаанд. Зуд-зуд тӯфон рух медиҳад. Виктория моҳии зиёд дорад дар соҳилҳо ва резишгоҳи дарёҳо тимсоҳ вомехӯрад. Дар ҷазираи Рубондо (Танзания) боғи миллӣ мавҷуд аст. Виктория киштигард аст. Бандарҳои асосиаш: Энтеббе (Уганда), Мванза, Букоба (Танзания), Кисуму (Кения). Соҳилҳояш сераҳолӣ буда, пахта, қаҳва, шолӣ, банан, арзан парвариш карда мешаванд.

Ном

Мардуми бумӣ кӯлро Нянза ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Бритониёи Кабир Виктория ном гузоштааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Африқои ШарқӣКенияКӯлТанзанияУганда

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Энергетикаи ТоҷикистонДавлати Суғди қадимКишоварзӣ дар ТоҷикистонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонБаёния (забоншиносӣ)ФейсбукАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Гулрухсор СафиеваСирдарёБемориҳои гӯшНуқтаНоҳияи СпитаменХонии ҚӯқандДӯстмурод ҲакимовАнқараБаёнотЗардуштОсиёАмниятЭронРамзҳои давлатии ТоҷикистонСоли 2020АнварӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонАҳолӣКитобДарсЭшони НуриддинҷонИсмНизоми сиёсӣМудофиаи гражданӣСаратонКобулВоситаи ахбори оммаҶанинМироҷиддин ҲакимовНуқтаҳои канории ТоҷикистонРамазон РаҳимзодаКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИқболи ЛоҳурӣДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонҶонишинҳои шахсӣАндози иҷтимоӣАбдулқодирхоҷаи СавдоКарбогидратҳоЗиёуддин ЮсуфПудинаГандумDokuWikiҒазалАтомДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон1969ИнсонЗабони лотинӣХирсСистемомилНоҳияҳои ДушанбеИндонезияАминокислотаҳоҶадидияҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандШаҳрҳои ТоҷикистонНизомномаҲуқуқи маъмурӣЛайлӣ ва МаҷнунРоҳи КаҳкашонҲол (забоншиносӣ)Созмони Милали МуттаҳидСаффориёнҲикояҳои хурд-хурдПешояндИстихораЗардуштиёнk9hry🡆 More